Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Коршинос: Киев мехоҳад, Донбассро бо зӯр бигирад - видео

© Sputnik / Ilia Pitalev / Гузариш ба медиабонкВоеннослужащий ДНР у контрольно-пропускного пункта "Успенка" в Донецкой области
Военнослужащий ДНР у контрольно-пропускного пункта Успенка в Донецкой области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.02.2022
Обуна шудан
Изҳороти ахири Зеленский нишон медиҳад, ки Киев мехоҳад масъалаи Донбассро бо зӯрӣ ҳал кунад
Узви Кумитаи Думаи давлатии Русия дар умури ИДМ, ҳамгироии Авруосиё ва равобит бо ҳамватанон Артем Туров дар мусоҳиба бо "Sputnik" дар Youtube гуфт, порлумони Русия ба вазъ дар Донбасс чӣ назар доранд.
Думаи давлатии Русия бо ташаббуси эътирофи ҶХД ва ҶХЛ на як моҳ пеш, на як сол пеш, на дар соли 2014, ки вазъ хеле муташанниҷ буд, баромад кард, балки акнун ва тасодуфӣ нест, зеро генотсиди қисме аз сокинон идома дорад, мегӯяд Артем Туров.
"Мо мебинем, ки аз соли 2015 инҷониб Киеви расмӣ барои татбиқи механизми Минск, ки бодиққат таҳия шудааст ва қабулаш хеле душвор аст, ҳеҷ коре накардааст. Қариб ҳамаи нуктаҳое, ки имкон медиҳанд сулҳро таъмин кунанд, вазъ дар ҷанубу шарқи Украинаро ба эътидол оваранд. Киев тамоми кори аз дасташ меомадаро кард, то иҷрои онҳоро нодида гирад ва мо мебинем, ки дар хатти тамос як нерӯи зарбазанӣ таъсис дода шудааст, тибқи маълумоти сарчашмаҳои гуногун, он аз беш аз 100 ҳазор нафар иборат аст - ин тақрибан нисфи қувваҳои мусаллаҳи Украина аст. Барои чӣ?", - суолгузорӣ мекунад сиёсатмадор.
Ӯ қайд мекунад, ки ин контингент дар хатти муҳориба ба дараҷаи максималӣ мусаллаҳ аст — ҳамаи ин ёрии Англия ва Иёлоти Муттахида мебошад.
Изҳороти ахири Зеленский нишон медиҳад, ки Киев мехоҳад масъалаи Донбассро бо зӯр ҳал кунад.
Ва воқеаҳое, ки ҳоло дар Луганск ва Донетск ба вуқӯъ меоянд, инро равшан тасдиқ мекунанд.
"Мо мебинем, ки чӣ гуна тирпарронӣ, бо кадом навъи силоҳ сурат мегирад. Созишномаи Минск аллакай ва на як бор вайрон карда шудааст. Аз ин рӯ, Думаи давлатӣ барои пешгирии фоҷеа, генотсид чунин иқдоме ба миён гузошт. Ба раҳбари кишвар пеш аз ҳама, ба хотири ҳифзи шаҳрвандоне, ки дар он ҷо зиндагӣ мекунанд", - муроҷиат карданд", - шарҳ дод Туров.
Вакили Думаи давлатӣ қайд кард, ки Русия ҳамеша ҷонибдори ҳалли низоъ тавассути дипломатия, барои иҷрои тавофуқоти Минск буд. Аммо ин аз ҷониби Киеви расмӣ рӯй намедиҳад, ки намехоҳад масъалаҳоро ҳал кунад, мустақиман бо намояндагони ҶХД ва ҶХЛ муошират кунад, “ҳарчанд ин ҷонибҳо имзокунандагони созишнома мебошанд, тарафҳо дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун ҷузъи қонунӣ эътироф шудаанд".
Артем Туров қайд кард, ки ба ақидаи ӯ, раиси Украина дигар чизеро ҳал намекунад - кураторҳои ғарбӣ аз Бритониёи Кабир ва ИМА ин корро ба ҷои ӯ анҷом медиҳанд, зеро "кишвар воқеан таҳти назорати беруна аст".
Глава ДНР Денис Пушилин, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.02.2022
Раҳбарони ҶХД ва ҶХЛ аз Путин хоҳиш карданд, истиқлолашонро эътироф кунад
Дар ин бора рӯзҳои эълонкардаи ҳамла ба Украина низ гувоҳӣ медиҳанд, ки Ғарб пайваста тайин мекунаду Зеленский мекӯшад ҷаҳониёнро мутмаин созад, ки ин тавр нест.
"Аз ин рӯ, тамоми мардуми Украина дар баробари раҳбарияти кишвари худ, ки аз берун назорат мешавад, дар гаравгони вазъ қарор доранд", - гуфт Туров.
Сиёсатмадор мутмаин аст, ки барои боло бурдани рейтинги худ (ки он босуръат поин меравад) ва рейтинги ҳизб Зеленский бояд ба таври фаврӣ баъзе чораҳо андешад.
Ва маҳз аз ҳамин сабаб "мумкин аст, ки як задухурди мудҳиш ва хунин руй диҳад".
"Мо мебинем, ки аз Киев тирборон мешавад, тахриби воқеии инфрасохтори иҷтимоӣ, марги одамонро мебинем. Барои мо маълум аст, ки чӣ мешавад", - мегӯяд сиёсатмадор ва таваҷҷӯҳро ба он ҷалб мекунад. ки дар давоми чанд моҳ дар атрофи Русия дидаю дониста чунин замина ба вуҷуд оварда шуда буд, ки дар сурати тезу тунд шудани вазъият дар Донбасс маҳз Русияро барои ҳама гунаҳкор кардан мумкин бошад.
"Барои мо татбиқи тавофуқоти Минск муҳимтарин ва муассиртарин механизм аст. Аммо мо хуб медонем, ки Киев дар ин самт коре намекунад. Он кишварҳое, ки шарикони Украина ҳастанд, ин корро намекунанд, намехоҳанд ин масъаларо ҳал кунанд.Албатта онҳо бояд пеш аз ҳама ба иҷрои қарордодҳо пофишорӣ кунанд, аммо мо, мутаассифона, як мавқеъи бесамарро мебинем, ки барои кишварҳои ғарбӣ судманд аст, ки Украинаро ҳамчун механизми боздоранда истифода баранд, дар мо ташаннуҷ эҷод кунанд. Мо вазъияти соли 2008-ро дар хотир дорем, замоне, ки Гурҷистон ба Осетияи Ҷанубӣ ҳамла кард ва танҳо эътирофи Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон ба ин низоъ хотима дод".
Дар мавриди даст кашидани Украина аз мақоми бидуни ҳастаӣ, ки Владимир Зеленский эълон кард, ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин розӣ нахоҳад шуд, бовар дорад Туров.
Мужчина на сборном пункте военного комиссариата в школе №19 города Донецка - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.02.2022
Тирпаронӣ, гурезаҳо ва низомиён: дар Донбасс чӣ мегузарад - акс
Хусусан, вақте ки шумо ба назар мегиред, ки тайи ду даҳсолаи охир дар Украина субот умуман вуҷуд надошт - "тағйироти доимии қудрат, дар вектори рушд, таназзули мақомоти давлатӣ, дипломатия".
"Ман итминон дорам, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин роҳ намедиҳад, раҳбарони онҳо дар Лондон ва Вашингтон мефаҳманд, ки ҳоло бо кӣ сару кор доранд. Ман боварӣ дорам, ки ин метавонад ба фоҷиа оварда расонад, ки на танҳо ба як минтақаи мушаххас таъсир мерасонад, балки метавонад тамоми ҷаҳонро минтақаро фаро гирад", - бовар дорад Артем Туров.
Дар мавриди мулоқоти дарпешистодаи раҳбарони ИМА ва Русия, коршинос мегӯяд, муҳим ин аст, ки "моро шунаванд".
Сиёсатмадор тавзеҳ медиҳад, ки "ҳуҷҷатҳо дар бораи кафолатҳои амниятӣ на танҳо ба Русия, балки ба кишварҳои аврупоӣ, Ғарби низ лозиманд".
"Муколамае, ки миёни раҳбарони кишварҳои мо сурат хоҳад гирифт, як қадами хеле муҳим ба сӯи ҳамдигар аст", - гуфт Туров.
Лентаи хабарҳо
0