https://sputnik.tj/20220221/saron-putin-istiqlol-jumhuri-etirof-1046119006.html
Раҳбарони ҶХД ва ҶХЛ аз Путин хоҳиш карданд, истиқлолашонро эътироф кунад
Раҳбарони ҶХД ва ҶХЛ аз Путин хоҳиш карданд, истиқлолашонро эътироф кунад
Sputnik Тоҷикистон
Пушилин ва Пасечник бо дархости эътирофи истиқлолияти ҷумҳуриҳо ба Путин муроҷиат карданд
2022-02-21T19:00+0500
2022-02-21T19:00+0500
2022-02-22T12:34+0500
амният ва мудофиа
украина
донбасс
луганск
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103010/09/1030100936_0:209:2896:1838_1920x0_80_0_0_babc0276795f037b44782ae2147f70c2.jpg
ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Раҳбарони ҷумҳуриҳои эътирофнашудаи халқии Донетск ва Луганск Денис Пушилин ва Леонид Пасечник ба Владимир Путин бо дархости эътирофи истиқлоли ин ҷумҳуриҳо муроҷиат карданд. Пушилин қайд кард, ки ҳукуматдорони Украина дар бораи бо зурӣ ҳал кардани низоъ қарор карданд, менависад РИА "Новости" бо такя ба "Россия 24".Вай таъкид кард, ки Донбасс талошҳои Маскавро дар раванди музокирот оид ба тавофуқоти Минск баҳои баланд медиҳад. Раҳбари ҶХД дар баробари эътирофи истиқлол аз президенти Русия хостааст, имкони бастани созишномаи ҳамкорӣ ва имкони ҳамкориҳо дар соҳаи дифоъро баррасӣ кунад. Пушилин афзудааст, ки сокинони Донбасс рӯҳан худро рус эҳсос мекунанд ва ҳадафи аслии онҳо ҳамгироӣ бо Русия аст.
https://sputnik.tj/20220221/donbass-chi-meguzarad-aks-1046115213.html
украина
луганск
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103010/09/1030100936_84:0:2813:2047_1920x0_80_0_0_ecdb9305a36d21d373c84a57ec5952f8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
донетск, луагнск, украина
донетск, луагнск, украина
Раҳбарони ҶХД ва ҶХЛ аз Путин хоҳиш карданд, истиқлолашонро эътироф кунад
19:00 21.02.2022 (Навсозишуда: 12:34 22.02.2022) Раҳбарони ҷумҳуриҳои эътирофнашудаи халқии Донетск ва Луганск бо дархости эътирофи истиқлоли ин ҷумҳуриҳо ба президенти Русия муроҷиат карданд
ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Раҳбарони ҷумҳуриҳои эътирофнашудаи халқии Донетск ва Луганск Денис Пушилин ва Леонид Пасечник ба Владимир Путин бо дархости эътирофи истиқлоли ин ҷумҳуриҳо муроҷиат карданд.
Пушилин қайд кард, ки ҳукуматдорони Украина дар бораи бо зурӣ ҳал кардани низоъ қарор карданд, менависад РИА "Новости" бо такя ба
"Россия 24".
"Аз номи тамоми мардуми Ҷумҳурии Халқии Донетск аз шумо хоҳиш мекунем, ки Ҷумҳурии Халқии Донетскро ҳамчун давлати мустақил, демократӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ эътироф кунед", - гуфтааст Пушилин.
Вай таъкид кард, ки Донбасс талошҳои Маскавро дар раванди музокирот оид ба тавофуқоти Минск баҳои баланд медиҳад.
Раҳбари ҶХД дар баробари эътирофи истиқлол аз президенти Русия хостааст, имкони бастани созишномаи ҳамкорӣ ва имкони ҳамкориҳо дар соҳаи дифоъро баррасӣ кунад.
Пушилин афзудааст, ки сокинони Донбасс рӯҳан худро рус эҳсос мекунанд ва ҳадафи аслии онҳо ҳамгироӣ бо Русия аст.