https://sputnik.tj/20220221/dilshod-nazarov-vazifa-barkanor-shud-1046106280.html
Дилшод Назаров аз вазифа барканор шуд
Дилшод Назаров аз вазифа барканор шуд
Sputnik Тоҷикистон
Дилшод Назаровро барои таъйин ба мақоми нав аз вазифа озод кардаанд
2022-02-21T15:47+0500
2022-02-21T15:47+0500
2022-02-21T20:11+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
раис
муовин
тағйирот
қарор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103069/14/1030691456_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_b8d094791e64708a26ec7b3dd3d4f45d.jpg
ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Дилшод Назаров, қаҳрамони олимпии Тоҷикистон аз вазифаи муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумат озод гардид. Қарори ҳукумат дар ин бо имзои Эмомалӣ Раҳмонро дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон нашр кардааст. Ба иттилои манбаъ, сабаби барканории Назаров гузаштан ба кори нав мебошад. Аммо дар мавриди мақоми нави ӯ феълан иттилое рӯи даст нест. Ӯ қаблан ноиби президенти Куимтаи миллии олимпии Тоҷикистон интихоб гардида буд. Инчунин Аҳмадзода Дилноза Давроналӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш озод гардид. Ҳукумат ба мақоми муовини аввали раиси Кумитаи кор бо ҷавонон Шабнам Раҳимзодаро таъйин намудааст.Чоршанбезода Сураҷ, ки то ҳол мудири бахши ҷавонони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буд, мақоми муовини раиси Кумитаи ҷавонон ва варзишро гирифт. Собирзода Парвиз низ муовини раиси кумитаи мазкур таъйин шудааст.
https://sputnik.tj/20211228/rahmon-przident-kmo-tojikiston-1044457329.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103069/14/1030691456_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_df374e800075ca14414188294798c2db.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дилшод назаров, барканор, вазифа,
дилшод назаров, барканор, вазифа,
Дилшод Назаров аз вазифа барканор шуд
15:47 21.02.2022 (Навсозишуда: 20:11 21.02.2022) Қаҳрамони олимпии Тоҷикистонро барои таъйин ба мақоми нав аз вазифа озод кардаанд
ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Дилшод Назаров, қаҳрамони олимпии Тоҷикистон аз вазифаи муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумат озод гардид.
Қарори ҳукумат дар ин бо имзои Эмомалӣ Раҳмонро дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон нашр кардааст.
Ба иттилои манбаъ, сабаби барканории Назаров гузаштан ба кори нав мебошад. Аммо дар мавриди мақоми нави ӯ феълан иттилое рӯи даст нест. Ӯ қаблан ноиби президенти Куимтаи миллии олимпии Тоҷикистон интихоб гардида буд.
Инчунин Аҳмадзода Дилноза Давроналӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш озод гардид.
Ҳукумат ба мақоми муовини аввали раиси Кумитаи кор бо ҷавонон Шабнам Раҳимзодаро таъйин намудааст.
Чоршанбезода Сураҷ, ки то ҳол мудири бахши ҷавонони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буд, мақоми муовини раиси Кумитаи ҷавонон ва варзишро гирифт. Собирзода Парвиз низ муовини раиси кумитаи мазкур таъйин шудааст.