https://sputnik.tj/20211228/rahmon-przident-kmo-tojikiston-1044457329.html
Эмомалӣ Раҳмон бори чорум президенти КМО Тоҷикистон интихоб шуд
Эмомалӣ Раҳмон бори чорум президенти КМО Тоҷикистон интихоб шуд
Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон бори чаҳорум ба муддати се сол президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон интихоб гардид
2021-12-28T12:02+0500
2021-12-28T12:02+0500
2021-12-28T17:58+0500
навигариҳои варзиши тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
кмо ҷт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/0d/1044116597_0:0:3115:1753_1920x0_80_0_0_a33284ea7fa529f428fe10987d7bff3f.jpg
ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бори чорум президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон интихоб шуд.Интихоби Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси раҳбари КМО дар ҷаласаи ҳисоботӣ-интихоботии 21-уми Ассамблеяи генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ки 28 декабр дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, сурат гирифт, хабар медиҳад дафтари матбуотии ин ниҳод.Ба иттилои манбаъ, мувофиқи оинномаи кумита, Эмомалӣ Раҳмон ба муддати се соли минбаъда (солҳои 2022-2024) президенти КМО интихоб шудааст.Гуфта мешавад, номзадии Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби 15 ташкилоти узви КМО Тоҷикистон пешбарӣ гардида, ӯ бидуни зиддияти касе ба ин симмат интихоб гардидааст. Дар ҷаласа, ҳамчунин Раҳмонзода Абдулло (муовини аввали раиси Федератсияи тенниси Тоҷикистон ) ва Дилшод Назаров (раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон) ноибони президенти КМО Тоҷикистон, Муҳаммадшо Абдуллозода (дабири кулли Ассотсиатсияи намудҳои зимистонаи варзиш) дабири кул интихоб шудаанд.Ҳамзамон Екатерина Измайлова (узви Комиссияи варзишгарони КМО Тоҷикистон), Қаландарова Шоҳида (узви Федератсияи ҷудои Тоҷикистон), Абдулло Маҳамадализода (котиби генералии Федератсияи чавгонбозии Тоҷикистон), Ҳусейнҷон Саидов (узви Федератсияи ҳендболи Тоҷикистон) ва Нигина Хайруллоева (котиби генералии Федератсияи каратэ-дои Тоҷикистон) аъзои дигари Кумитаи иҷроияи КМО Тоҷикистон барои давраи солҳои 2022-2024 интихоб шуданд.
https://sputnik.tj/20211207/peshnihod-tojik-kumaki-moliyavi-omodagi-olimpiada-1044004702.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/0d/1044116597_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_fa738cd61c0de68e7e784899032dc697.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раҳмон прзидент кмо тоҷикистон интихоб
раҳмон прзидент кмо тоҷикистон интихоб
Эмомалӣ Раҳмон бори чорум президенти КМО Тоҷикистон интихоб шуд
12:02 28.12.2021 (Навсозишуда: 17:58 28.12.2021) Эмомалӣ Раҳмон бори чаҳорум ба муддати се сол президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон интихоб гардид
ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бори чорум президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон интихоб шуд.
Интихоби Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси раҳбари КМО дар ҷаласаи ҳисоботӣ-интихоботии 21-уми Ассамблеяи генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ки 28 декабр дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, сурат гирифт, хабар медиҳад дафтари матбуотии ин ниҳод.
Ба иттилои манбаъ, мувофиқи оинномаи кумита, Эмомалӣ Раҳмон ба муддати се соли минбаъда (солҳои 2022-2024) президенти КМО интихоб шудааст.
Гуфта мешавад, номзадии Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби 15 ташкилоти узви КМО Тоҷикистон пешбарӣ гардида, ӯ бидуни зиддияти касе ба ин симмат интихоб гардидааст.
Дар ҷаласа, ҳамчунин Раҳмонзода Абдулло (муовини аввали раиси Федератсияи тенниси Тоҷикистон ) ва Дилшод Назаров (раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон) ноибони президенти КМО Тоҷикистон, Муҳаммадшо Абдуллозода (дабири кулли Ассотсиатсияи намудҳои зимистонаи варзиш) дабири кул интихоб шудаанд.
Ҳамзамон Екатерина Измайлова (узви Комиссияи варзишгарони КМО Тоҷикистон), Қаландарова Шоҳида (узви Федератсияи ҷудои Тоҷикистон), Абдулло Маҳамадализода (котиби генералии Федератсияи чавгонбозии Тоҷикистон), Ҳусейнҷон Саидов (узви Федератсияи ҳендболи Тоҷикистон) ва Нигина Хайруллоева (котиби генералии Федератсияи каратэ-дои Тоҷикистон) аъзои дигари Кумитаи иҷроияи КМО Тоҷикистон барои давраи солҳои 2022-2024 интихоб шуданд.