ЮНИСЕФ: Барои идомаи ҳимоят аз омӯзгорон дар Афғонистон 250 миллион доллар лозим аст

© REUTERS \ Zohra BensemraУченицы начальной школы Кабула во время урока
Ученицы начальной школы Кабула во время урока - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.02.2022
Обуна шудан
Сандуқи ҳимоят аз кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) мегӯяд, барои идомаи ҳимоят аз омӯзгорон дар Афғонистон ба 250 миллион доллар зарурат дорад
ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. ЮНИСЕФ ахиран аз оғози раванди тақсими кумакпулиҳо ба омӯзгорони афғонистонӣ хабар дод ва эълон кард, ки барои ҳар як омӯзгор дар моҳҳои январ ва феврал 100 доллар пардохт шудааст.
Манбаъ қайд кардааст, ки ин кумакҳо ба 194 ҳазор омӯзгори мактабҳои давлатӣ расонида шудааст.
Намояндаи ЮНИСЕФ дар Афғонистон Муҳаммад Ивиа афзуд, ки пас аз чанд моҳи номуайянӣ ва мушкилоти зиёди муаллимон мо аз он хушҳолем, ба омӯзгорони мактабҳои давлатии Афғонистон, ки барои идомаи таҳсили фарзандон талош доранд, кумаки изтирорӣ расондем”.
 Президент Афганистана Ашраф Гани - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.02.2022
Ашраф Ғанӣ мехоҳад, охири умри худро дар Афғонистон сипарӣ кунад
ЮНИСЕФ аз донорҳо даъват кардааст, ки барои кӯмак ба омӯзгорон дар Афғонистон маблағгузорӣ кунанд.
Ба гуфтаи ин созмон, дастгирии омӯзгорон як қадами муҳим дар таъмини дастрасии духтарон ва писарон ба таҳсил аст.
ЮНИСЕФ афзуд, ки барои тақсими кумак ба омӯзгорон дар Афғонистон як раванди мониторинги қавӣ идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0