Вазъият дар Донбасс: ду ғайринизомӣ дар Луганск кушта шуд

© Стас ЭтвешМашина скорой помощи в России, архивное фото
Машина скорой помощи в России, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.02.2022
Обуна шудан
Бар замми кушта шудани ду сокини маҳаллӣ ҳамчунин панҷ хонаи истиқоматӣ низ тахриб шуд
ДУШАНБЕ, 20 фев– Sputnik. Дар натиҷаи ҳамлаи нерӯҳои амниятии Украина дар наздикии деҳаи Пионерское дар ҶМЛ ду сокини осоишта кушта шуд, хабар дод пулиси миллии ин ҷумҳурӣ.
Ба таъкиди манбаъ, субҳи якшанбе нерӯҳои мусаллаҳи украинӣ бо пуштибонии тӯпхонаҳо аз дарёи Северский Донетск убур ва кӯшиш карданд, ки ба мавқеъҳои милитсияи халқӣ дар минтақаи аҳолинишини Пионерское ҳамла кунанд.

"Ду ғайринизомӣ кушта ва панҷ бинои истиқоматӣ тахриб шуд", - хабар медиҳад РИА "Новости" бо истинод ба манбаи худ.

Қаблан раҳбарияти ҶМД ва ҶМЛ аз кӯч додани шаҳрвандон ба вилояти Ростов бинобар таҳдиди Киев хабар дода буданд.
Пеш аз ҳама занон, кӯдакон ва пиронсолонро ба минтақаи амн мекӯчонанд.
Лагерь беженцев для жителей ДНР и ЛНР в Ростовской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.02.2022
Лагерҳои муваққатӣ барои кӯдакон ва занону пирон аз Донбасс - видео
Тавре раиси ҶМД Денис Пушилин изҳор дошт, президенти Украина Владимир Зеленский ба зудӣ ба низомиён амр хоҳад дод, ки ба Донбасс ҳамла кунанд.
Феълан дар вилояти Ростов урдӯгоҳҳо барои қабули гурезагон аз Донбассу Луганск созмон дода шудааст.
Зикр гардид, ки 24 минтақа изҳори омодагӣ намуданд, ки гурезагонро аз ин ду ҷумҳурӣ қабул мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0