Вазъ дар Донбасс: Тахлияи ҶХД аз занону кӯдакон ва ҳидояти мардони 18 то 55-сола

© REUTERS/Maxim Shemetov Автобусы, предназначенные для эвакуации мирных жителей из Дебальцево. 6 февраля 2015 года
Автобусы, предназначенные для эвакуации мирных жителей из Дебальцево. 6 февраля 2015 года - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.02.2022
Обуна шудан
Мақомдорони ҷумҳуриҳои худхондаи Донетск ва Луганск мегӯянд, низомиёни Украина мавзеъҳояшонро ҳадаф қарор додаанд
ДУШАНБЕ, 19 фев – Sputnik. Роҳбарони Донетску Луганск аз вахомати авзоъ ва нақзи оташбас аз сӯйи Киев дар Донбасс хабар доданд, навиштааст РИА "Новости".
Ба иттилои манбаъ, низомиёни Украина мавзеъҳо дар Донбассро ҳадаф қарор додаанд, ки ин нишонаи бо роҳи зӯрӣ ҳал кардани мухолифатҳо аз сӯи Киев мебошад.
Эдуард Басурин, намояндаи фармондеҳии низомии Ҷумҳурии Худхондаи Донетск изҳор доштааст, ки вазъ дар хатти баҳамоӣ муташанниқ боқӣ монда, тирпаронӣ аз ҷониби нерӯҳои Украина идома дорад.
Дар ҳамин ҳол Леонид Пасечник, роҳбари Ҷумҳурии Худхондаи Луганск низ вазъро муташанниҷ арзёбӣ карда, фармони сафарбарсозии ҳамагониро имзо намудааст. Бар асоси дастури имзошуда, хориҷ шудани ҳамаи мардони аз 18 то 55-сола аз қаламрави Луганск мамнуъ буда, ба мақомдорон иҷозат дода шудааст, ки барои ниёзҳои мудофиа васоити нақлиёт ва дигар моликияти шаҳрвандонро гиранд.
Панорама Киева - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.02.2022
Мақомоти Украина ният доранд, Киевро кӯчонанд
Қаблан роҳбарони Донетску Луганс аз интиқоли шаҳрвандонашон ба вилояти Ростови Русия хабар дода, изҳор карда буданд, ки хатарҳои амалиёти низомӣ аз ҷониби Киев афзоиш ёфтааст. Денис Пушилин, роҳбари Донетск дар шарҳи аҳолии осоишта пеш аз ҳама занону мардон гуфт, ояндаи наздик роҳбарияти Украина барои вуруди низомӣ ба қаламрави Донетску Луганск дастур хоҳад дод.
Аммо Алексей Данилов, дабири Шӯрои миллии амният ва мудофиаи Украина хабарҳо дар мавриди амалиёти низомӣ алайҳи Донетску Луганскро бепоя хонда, изҳор дошт, ки ҳеч дастури Киев барои озодсозии Донбасс нест. Данилов гуфт, дарк мекунанд, ки дар сурати амалиёт қурбонӣ миёни сокинони осоишта зиёд хоҳад буд, бинобар ин чунин фармон наметавонад мавҷуд дошта бошад.
Президент РФ В. Путин провел встречу с членами Деловой России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.02.2022
"Соаташро ҳам фаҳмед": шӯхии Путин ҳангоми шунидани хабари "ҳамла" ба Украина
Мухолифатҳо дар шарқи Украина беш аз 7,5 соли охир идома доранд, ки ба иттилои СММ, зиёда аз 13 ҳазор нафар қурбонӣ бар ҷой гузоштаанд.
Вақтҳои охир Ғарб Маскавро дар омодагӣ ба "ҳуҷум" ба Украина айбдор мекунад. Русия ин иддаоро бепоя хонда, изҳор медорад, ки он ҳамчун баҳона барои таҳкими ҳузур дар Аврупои ғарбӣ истифода мешавад.
Мақомоти Русия таъкид ба он мекунанд, ки Киев созишномаи Минскро риоя намекунад. Ин санад қатъи оташбас, қафо бурдани аслиҳаи вазнини ҷангӣ аз хатти баҳамоӣ ва гузарондани ислоҳоти конститутсиониро пешбинӣ мекунад.
Лентаи хабарҳо
0