https://sputnik.tj/20220218/ukraina-kiev-evakuatsiya-1046015737.html
Мақомоти Украина ният доранд, Киевро кӯчонанд
Мақомоти Украина ният доранд, Киевро кӯчонанд
Sputnik Тоҷикистон
Намояндаи мақомоти Украина маълумотро дар бораи чораҳои омодашуда дар ҳолати фавқулодда ироа кард
2022-02-18T15:10+0500
2022-02-18T15:10+0500
2023-10-02T17:09+0500
киев
таҳдид
амният ва мудофиа
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/12/1046008284_0:0:2803:1577_1920x0_80_0_0_1bfa9e294ecf4f5ba36975a6c47b71ce.jpg
ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Дар сурати оғози "амалиётҳои ҷангӣ" дар пойтахти Украина, дар шаҳри Киев, тахлияи пурраи шаҳри аз аҳолӣ дар назар аст. Дар ин бора Роман Ткачук, мудири шуъбаи амнияти маъмурияти давлатии шаҳри Киев дар суҳбат бо радиои "Грамадское" иттилоъ дод.Инчунин онҳое, ки рафтан намехоҳанд, метавонанд дар шаҳр бимонанд. "Мубориза" соати кории метрои Киевро низ тағйир медиҳад. Ҳамин тариқ метро ба реҷаи корӣ бо навбатдории 3-соатӣ мегузарад, дар вақти боқимонда метро ҳамчун паноҳгоҳ истифода мешавад. Қаблан дар Украина назария дар бораи ҳамлаи эҳтимолии нерӯҳои мусаллаҳи Русия тавассути қаламрави Чернобил маъруфияти ногаҳонӣ пайдо кард. Дурустии ин далелро равон кардани тақрибан 8 ҳазор сарҳадбони украинӣ ба минтақаи истисноӣ, ки дар он ҷо заминаи радиатсионӣ ба таври назаррас афзоиш ёфта буд, тасдиқ мекунад.Ахиран расонаҳои ғарбӣ борҳо рӯз ва вақти "ҳуҷум" ба Украинаро таъйин карданд. Рӯзноманигорон баъдтар мақолаҳоро аз нав навишта, хатоҳояшонро ошкоро эътироф карданд. Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои байни Федератсияи Русия, Иёлоти Муттаҳида ва НАТО вақтҳои охир бадтар шуданд. Паймон Маскавро дар гӯиё омода кардани “таҷовуз” ба Украина муттаҳам мекунад. Бинобар ин НАТО ҳузури худро дар Аврупои Шарқӣ тақвият медиҳад.Ба далели адами ҳузури Русия дар ҷанг Ғарб Маскавро шикастхӯрда мешуморадМақомоти Русия борҳо ба ҳаракати нерӯҳо дар қаламрави худ ишора кардаанд. Онҳо аз риоя накардани тавофуқоти Минск аз ҷониби Киев ёдовар шуданд, ки оташбас ва хуруҷи аслиҳаи вазнин аз хатти даргириро дар назар дорад. Кремл таъкид кард, ки ҳадаф аз ин гуна ахбор пур кардани фазо аз Ғарб, таъсиси як гурӯҳи хориҷӣ дар наздикии марзҳои Русия аст.
https://sputnik.tj/20220215/shukhi-putin-shunidan-khabari-hamla-ukraine-1045905330.html
киев
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/12/1046008284_74:0:2803:2047_1920x0_80_0_0_88e11e524a4cd2e0f14257e05941fb0b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия , украина, ҳамла
Мақомоти Украина ният доранд, Киевро кӯчонанд
15:10 18.02.2022 (Навсозишуда: 17:09 02.10.2023) Намояндаи мақомоти Украина маълумот дар бораи чораҳои омодашуда дар ҳолати фавқулоддаро ироа кард
ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Дар сурати оғози "амалиётҳои ҷангӣ" дар пойтахти Украина, дар шаҳри Киев, тахлияи пурраи шаҳри аз аҳолӣ дар назар аст.
Дар ин бора Роман Ткачук, мудири шуъбаи амнияти маъмурияти давлатии шаҳри Киев дар суҳбат бо радиои "Грамадское" иттилоъ дод.
"Дар сурати рух додани амалиёти ҷангӣ, эвакуатсия анҷом дода мешавад ва дар шаҳр танҳо кормандони инфрасохтори муҳим ва нерӯҳои мусаллаҳи Украина боқӣ хоҳанд монд", - шарҳ дод ӯ.
Инчунин онҳое, ки рафтан намехоҳанд, метавонанд дар шаҳр бимонанд.
"Мубориза" соати кории метрои Киевро низ тағйир медиҳад.
Ҳамин тариқ метро ба реҷаи корӣ бо навбатдории 3-соатӣ мегузарад, дар вақти боқимонда метро ҳамчун паноҳгоҳ истифода мешавад.
Қаблан дар Украина назария дар бораи ҳамлаи эҳтимолии нерӯҳои мусаллаҳи Русия тавассути қаламрави Чернобил маъруфияти ногаҳонӣ пайдо кард.
Дурустии ин далелро равон кардани тақрибан 8 ҳазор сарҳадбони украинӣ ба минтақаи истисноӣ, ки дар он ҷо заминаи радиатсионӣ ба таври назаррас афзоиш ёфта буд, тасдиқ мекунад.
Ахиран расонаҳои ғарбӣ борҳо рӯз ва вақти "ҳуҷум" ба Украинаро таъйин карданд. Рӯзноманигорон баъдтар мақолаҳоро аз нав навишта, хатоҳояшонро ошкоро эътироф карданд.
Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои байни Федератсияи Русия, Иёлоти Муттаҳида ва НАТО вақтҳои охир бадтар шуданд.
Паймон Маскавро дар гӯиё омода кардани “таҷовуз” ба Украина муттаҳам мекунад. Бинобар ин НАТО ҳузури худро дар Аврупои Шарқӣ тақвият медиҳад.
Мақомоти Русия борҳо ба ҳаракати нерӯҳо дар қаламрави худ ишора кардаанд.
Онҳо аз риоя накардани тавофуқоти Минск аз ҷониби Киев ёдовар шуданд, ки оташбас ва хуруҷи аслиҳаи вазнин аз хатти даргириро дар назар дорад.
Кремл таъкид кард, ки ҳадаф аз ин гуна ахбор пур кардани фазо аз Ғарб, таъсиси як гурӯҳи хориҷӣ дар наздикии марзҳои Русия аст.