https://sputnik.tj/20220219/musodira-mol-sud-tojikiston-kadom-nihod-1046053887.html
Мусодираи мол дар Тоҷикистон: Мушаххас шуд, чӣ ба кадом ниҳод дода шавад
Мусодираи мол дар Тоҷикистон: Мушаххас шуд, чӣ ба кадом ниҳод дода шавад
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон мушаххас шуд, ки моли мусодирашуда вобаста ба навъаш ба кадом ниҳод супорида шавад
2022-02-19T17:15+0500
2022-02-19T17:15+0500
2022-02-21T13:54+0500
дар тоҷикистон
мусодира
додугирифти мол
ҳуқуқ
қонун
кодекси ҷиноӣ
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101828/56/1018285628_0:54:2000:1179_1920x0_80_0_0_0d2e7398aabdd9e2ab5aa8d46d639db0.jpg
ДУШАНБЕ, 19 фев – Sputnik. Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тағйирот ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии кишварро қабул намуд, ки масоили марбути мусодираи молу амволро мушаххас мекунад, хабар дод нашрияи парлумонии "Садои мардум". Барно Саидвализода, сардори Хадамоти иҷрои Тоҷикистон зимни шарҳи тағйироти нав гуфт, то ҳол бархе гуногунфаҳмиҳо байни мақомоти давлатӣ мавҷуд буд. Саидвализода гуфт, бар асоси тағйирот дар таҳрири нав, маблағҳои пулӣ, қоғазҳои қиматнок, металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳо ва дигар молу мулки мусодирашудаи ҳаммонанд, ба мақомоти молиявӣ супорида мешаванд."Молу мулки ғайриманқул, воситаҳои нақлиёт, воситаҳои техникӣ, маҳсулоти хӯрокворӣ, саноатӣ, масолеҳи сохтмонӣ, маводи сӯзишворию молиданӣ ва дигар молу мулки мусодирашудаи ҳаммонанд ба мақомоти идораи амволи давлатӣ супорида мешаванд", - гуфт сардори Хадамоти иҷро. Бо амволи давлат дар Тоҷикистон асосан Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ сарукор дорад. Саидвализода зикр намуд, ки мутобиқи моддаҳои 198 ва 201-и Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Тоҷикистон, суде, ки ҳукм бароварда, дар он ба сифати ҷазои иловагӣ мусодираи молу мулк пешбинӣ намудааст, баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани он варақаи иҷро, нусхаи рӯйхати молу мулк ва нусхаи ҳукмро ҷиҳати иҷро ба мақомоти иҷро мефиристад. Инчунин бар асоси тағйирот ба қонунгузории Тоҷикистон, барои иҷро накардан ва ё эҷоди монеа барои татбиқи санади мақомоти иҷро дар ҷумҳурӣ ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ гардидааст, ки то ин дам чунин меъёри таъсиррасонӣ мавҷуд набуд.
https://sputnik.tj/20220219/qochoq-mavod-mukhaddir-afghoniston-1046044276.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101828/56/1018285628_178:0:1822:1233_1920x0_80_0_0_b47b6b3cec988a59a2d58af3200f709c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мусодира, мол, тоҷикистон, ниҳод, амвол
мусодира, мол, тоҷикистон, ниҳод, амвол
Мусодираи мол дар Тоҷикистон: Мушаххас шуд, чӣ ба кадом ниҳод дода шавад
17:15 19.02.2022 (Навсозишуда: 13:54 21.02.2022) Дар Тоҷикистон мушаххас шуд, ки моли мусодирашуда вобаста ба навъаш ба кадом ниҳод супорида шавад
ДУШАНБЕ, 19 фев – Sputnik. Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тағйирот ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии кишварро қабул намуд, ки масоили марбути мусодираи молу амволро мушаххас мекунад, хабар дод нашрияи парлумонии "Садои мардум".
Барно Саидвализода, сардори Хадамоти иҷрои Тоҷикистон зимни шарҳи тағйироти нав гуфт, то ҳол бархе гуногунфаҳмиҳо байни мақомоти давлатӣ мавҷуд буд.
Саидвализода гуфт, бар асоси тағйирот дар таҳрири нав, маблағҳои пулӣ, қоғазҳои қиматнок, металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳо ва дигар молу мулки мусодирашудаи ҳаммонанд, ба мақомоти молиявӣ супорида мешаванд.
"Молу мулки ғайриманқул, воситаҳои нақлиёт, воситаҳои техникӣ, маҳсулоти хӯрокворӣ, саноатӣ, масолеҳи сохтмонӣ, маводи сӯзишворию молиданӣ ва дигар молу мулки мусодирашудаи ҳаммонанд ба мақомоти идораи амволи давлатӣ супорида мешаванд", - гуфт сардори Хадамоти иҷро.
Бо амволи давлат дар Тоҷикистон асосан Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ сарукор дорад.
Саидвализода зикр намуд, ки мутобиқи моддаҳои 198 ва 201-и Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Тоҷикистон, суде, ки ҳукм бароварда, дар он ба сифати ҷазои иловагӣ мусодираи молу мулк пешбинӣ намудааст, баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани он варақаи иҷро, нусхаи рӯйхати молу мулк ва нусхаи ҳукмро ҷиҳати иҷро ба мақомоти иҷро мефиристад.
Инчунин бар асоси тағйирот ба қонунгузории Тоҷикистон, барои иҷро накардан ва ё эҷоди монеа барои татбиқи санади мақомоти иҷро дар ҷумҳурӣ ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ гардидааст, ки то ин дам чунин меъёри таъсиррасонӣ мавҷуд набуд.