"Оши оштӣ" дар сарҳад: таъкиди пирони тоҷику қирғиз ба сулҳ ва бозкушоии марзҳо

© SputnikВстреча старейшин Таджикистана и Кыргызстана
Встреча старейшин Таджикистана и Кыргызстана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.02.2022
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон барои ҳалли осоиштаи масоили марзӣ мардумони наздисарҳадиро ба ҳам меоранд
ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Бо тасмими ҳукуматҳои навоҳии Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон ва Лайлаки Қирғизистон дар марз як ҷамъомади дуҷониба бо ширкати мӯйсафедон сурат гирифтааст.
Дар ин бора Акбар Юсуфӣ, роҳбари дастгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод.
Ба иттилои манбаъ, ин нишаст ба хотири сулҳ ва ҳамгироии мардумони наздимарзӣ буд, ки бо раҳбарии раисони навоҳии ҳар ду ҷониб барпо гашт.
"Аз ду ҷониб мардум сари як дастархон ҳамроҳ бо ҳам нишастанд, оши оштӣ хӯрданд",- афзуд Юсуфӣ.
Номбурда гуфт, ин нишаст дар тӯйхонаи "Раъно"-и ноҳияи Лайлаки Қирғизистон баргузор шуд.
Дар ин дидор мӯйсафедони ҳар ду ҷониб изҳор кардаанд, ки сулҳу дӯстӣ барқарор гардад ва марзҳо боз шаванд, чун марз як соли ахир баста аст ва ин мардумро рӯҳафтода кардааст, мегӯяд манбаъ.
Гуфта мешавад, роҳбарони навоҳӣ тасмим гирифтаанд, ки чунин ҷаласаҳо ва сари дастурхон гирд овардани ду мардумро идома диҳанд. Қарор аст, ки оянда дар яке аз деҳаҳои наздимарзии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ чунин як нишаст барпо шавад.
Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баъд аз Исфара дуюмин ноҳияи марзии Суғд бо Қирғизистон маҳсуб мешавад. Ду ҷамоати калонтарини ин ноҳия: Хистеварз 22, 5 километр ва Овчӣ-Қалъача наздик ба 20 километр бо ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканди Қирғизистон марзи мушатарак доранд.
Переговоры рабочей группы по демаркации границы между РТ и КР - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.02.2022
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Оғози кори гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки феълан ҳудуди 519 километри он муайян шудааст. Номуайянии қисматҳои боқимондаи марз мунтазам боиси муноқиша дар сарҳад мешавад, ки баъзан ба хунрезӣ мепечад.
Ахиран рӯзи 11 феврал дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон миёни сокинони ду кишвар боз як баҳси марзӣ сурат гирифт, ки хушбахтона, дер давом накард ва бо роҳи мусолиҳатомез бартараф шуд.
Масъулони ҷамоати Овчӣ - Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров он замон гуфта буданд, ки баҳс сари бунёди манзил ва дигар сохтмонҳо дар минтақаҳои баҳснок сар зада ва баъди дахолати кормандони ҳукумат аз ду ҷониб бартараф карда шуд. Масъулони ноҳия гуфтанд, ки феълан вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ором аст.
Лентаи хабарҳо
0