https://sputnik.tj/20220218/turkiya-qirghiziston-moshinhoi-harbi-1046016409.html
Туркия ба Қирғизистон техникаи низомӣ ва мошинҳои ҳарбӣ ҳадя кард - акс
Туркия ба Қирғизистон техникаи низомӣ ва мошинҳои ҳарбӣ ҳадя кард - акс
Sputnik Тоҷикистон
Раҳбарияти Вазорати дифои Қирғизистон ба ҷониби Туркия барои кумак ба Қувваҳои Мусаллаҳи ин кишвар изҳори сипос кардааст
2022-02-18T15:25+0500
2022-02-18T15:25+0500
2022-02-18T20:00+0500
амният ва мудофиа
қирғизистон
осиёи марказӣ
аслиҳа
мошин
туркия
ҳадя
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/12/1046016804_0:94:917:610_1920x0_80_0_0_f8f937bc41de646631578948d761cbc9.png
ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Қувваҳои Мусаллаҳи Қирғизистон аз мақомоти қудратии Туркия таҷҳизоти техникӣ дарёфт кард.Дар ин бора Sputnik Қирғизистон бо такя ба хадамоти матбуотии Вазорати дифои ин кишвар хабар медиҳад.Вазорати дифои Туркия ба ҷониби Қирғизистон мошин, техникаи махсус ва дигар лавозимоти низомӣ додааст. Муовини вазири дифои Қирғизистон Таалайбек Усубалиев ба сафири Туркия Аҳмад Содиқ, ки дар маросими интиқоли ин таҷҳизот ҳузур дошт, барои кумакҳои моддию техникӣ ба Қувваҳои Мусаллаҳи Қирғизистон ва мусоидат дар таълими кадрҳои низомии қирғиз дар муассисаҳои таълимии низомии Туркия изҳори сипос кардааст. Вай изҳор доштааст, ки ҷониби Қирғизистон омодааст, робитаҳои дуҷониба дар самтҳои мавҷуда ва ояндадори ҳамкориҳоро боз ҳам густариш диҳад.Ин дар ҳолест, ки моҳи октябри соли 2021 дар Бишкек 40 зиреҳпӯши ҷангӣ, ки бо пули буҷа барои Хадамоти давлатии марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон харида шуда буданд, ба истифода дода шуданд.Дастгоҳи раёсатҷумҳурии ин кишвар хабар дод, ки нахустин бор аз буҷа 300 миллион сом барои ин миқдор таҷҳизот масраф шудааст. Мошинҳои ҷангӣ ва аслиҳа ба вилояти Бодканд фиристода мешаванд.Ҳамчунин Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон низ аз тасмими харидории ҳавопаймоҳои бесарнишини "Байрактар" ва "Орлан-10" аз Туркия ва Русия хабар дод.
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/12/1046016804_104:0:917:610_1920x0_80_0_0_cfbcaa6b55cf8cc5f0fe47fc53881fbf.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
туркия, қирғизистон, силоҳ,
туркия, қирғизистон, силоҳ,
Туркия ба Қирғизистон техникаи низомӣ ва мошинҳои ҳарбӣ ҳадя кард - акс
15:25 18.02.2022 (Навсозишуда: 20:00 18.02.2022) Раҳбарияти Вазорати дифои Қирғизистон ба ҷониби Туркия барои кумак ба Қувваҳои Мусаллаҳи ин кишвар изҳори сипос кардааст
ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Қувваҳои Мусаллаҳи Қирғизистон аз мақомоти қудратии Туркия таҷҳизоти техникӣ дарёфт кард.
Дар ин бора Sputnik Қирғизистон бо такя ба хадамоти матбуотии Вазорати дифои ин кишвар хабар медиҳад.
Вазорати дифои Туркия ба ҷониби Қирғизистон мошин, техникаи махсус ва дигар лавозимоти низомӣ додааст.
Муовини вазири дифои Қирғизистон Таалайбек Усубалиев ба сафири Туркия Аҳмад Содиқ, ки дар маросими интиқоли ин таҷҳизот ҳузур дошт, барои кумакҳои моддию техникӣ ба Қувваҳои Мусаллаҳи Қирғизистон ва мусоидат дар таълими кадрҳои низомии қирғиз дар муассисаҳои таълимии низомии Туркия изҳори сипос кардааст.
Вай изҳор доштааст, ки ҷониби Қирғизистон омодааст, робитаҳои дуҷониба дар самтҳои мавҷуда ва ояндадори ҳамкориҳоро боз ҳам густариш диҳад.
Ин дар ҳолест, ки моҳи октябри соли 2021 дар Бишкек 40 зиреҳпӯши ҷангӣ, ки бо пули буҷа барои Хадамоти давлатии марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон харида шуда буданд, ба истифода дода шуданд.
Дастгоҳи раёсатҷумҳурии ин кишвар хабар дод, ки нахустин бор аз буҷа 300 миллион сом барои ин миқдор таҷҳизот масраф шудааст. Мошинҳои ҷангӣ ва аслиҳа ба вилояти Бодканд фиристода мешаванд.
Ҳамчунин Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон низ аз тасмими харидории ҳавопаймоҳои бесарнишини "Байрактар" ва "Орлан-10" аз Туркия ва Русия хабар дод.