https://sputnik.tj/20220218/tolib-intiqol-neru-takzib-namudand-1046037122.html
Толибҳо расман интиқоли нерӯ ба марз бо Тоҷикистонро такзиб намуданд
Толибҳо расман интиқоли нерӯ ба марз бо Тоҷикистонро такзиб намуданд
Sputnik Тоҷикистон
Толибҳо расман интиқоли нерӯи бузург ба навоҳии ҳаммарз бо Тоҷикистону Ӯзбекистонро такзиб карданд
2022-02-18T20:40+0500
2022-02-18T20:40+0500
2022-02-18T21:21+0500
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
дар ҷаҳон
амният ва мудофиа
афғонистон
толиб
интиқол
нерӯ
ӯзбекистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/0b/1044093928_0:135:2592:1593_1920x0_80_0_0_16bc97f25f7f718974a7140efee4f225.jpg
ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Саҳифаи Қорӣ Фасеҳуддин Фитрат, мақомдори баландпояи низомии толибҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки аз он хабари интиқоли нерӯи бузург ба шимоли Афғонистон нашр шуд, тақаллубист. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи толибҳо ва ноиби вазири фарҳангу иттилооти ин гурӯҳ таъйид намуд, ки хабарҳо атрофи интиқоли нерӯ ба навоҳии ҳаммарз бо Тоҷикистону Ӯзбекистон бепояанд. Ба гуфтаи Муҷоҳид, Қорӣ Фасеҳуддин Фитрат, сардори Ситоди кулли артиши Афғонистон дар "Twitter" саҳифа надорад. Ин дар ҳолест, қаблан расонаҳо аз қавли Қорӣ Фасеҳуддин Фитрат хабар дода буданд, ки гӯё нерӯҳои 10-ҳазорнафарии муҷаҳҳаз бо муосиртарин силоҳи ғарбӣ дар шимол ва шимолу шарқи ин кишвар мустақар мешаванд. Таъкид шуд, ки гӯё Қорӣ Фасеҳуддин дар саҳифааш дар "Twitter" навиштааст, ки ин нерӯҳо тавони чораандешӣ алайҳи ҳар амали мусаллаҳонаро доранд. Гарчанде дар паёмҳо аз музофоти мушаххасе ном бурда нашуд, аммо маълум аст, ки дар шимоли Афғонистон музофоти Балхи ҳамсарҳад бо Ӯзбекистон ва шимолу шарқ - музофотҳои Кундуз, Тахор ва Бадахшони ҳамсарҳад бо Тоҷикистон ҷойгиранд.Ин дар ҳолест, ки қаблан сардори Ситоди муштараки СААД, Анатолий Сидоров гуфта буд, дар наздикии марзҳои шимолии Афғонистон ҳудуди 40 лагери таълимӣ фаъолият дорад, ки 5 ҳазор ҷангҷӯи гурӯҳҳои гуногуни террористиро фаро мегиранд.
https://sputnik.tj/20220218/diviziya-nav-tolibon-badakhshon-1046021642.html
афғонистон
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/0b/1044093928_144:0:2448:1728_1920x0_80_0_0_10f7920d8c1bf3c13a78f7bc9b5b7334.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
такзиб, интиқол, нерӯ, толибҳо, афғонистон, марз
такзиб, интиқол, нерӯ, толибҳо, афғонистон, марз
Толибҳо расман интиқоли нерӯ ба марз бо Тоҷикистонро такзиб намуданд
20:40 18.02.2022 (Навсозишуда: 21:21 18.02.2022) Сухангӯи толибҳо таъйид намуд, ки гузоришҳо атрофи интиқоли нерӯ ба навоҳии ҳаммарз бо Тоҷикистону Ӯзбекистон бепояанд
ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Саҳифаи Қорӣ Фасеҳуддин Фитрат, мақомдори баландпояи низомии толибҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки аз он хабари интиқоли нерӯи бузург ба шимоли Афғонистон нашр шуд, тақаллубист.
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи толибҳо ва ноиби вазири фарҳангу иттилооти ин гурӯҳ таъйид намуд, ки хабарҳо атрофи интиқоли нерӯ ба навоҳии ҳаммарз бо Тоҷикистону Ӯзбекистон бепояанд. Ба гуфтаи Муҷоҳид, Қорӣ Фасеҳуддин Фитрат, сардори Ситоди кулли артиши Афғонистон дар "Twitter" саҳифа надорад.
Ин дар ҳолест, қаблан расонаҳо аз қавли Қорӣ Фасеҳуддин Фитрат хабар дода буданд, ки гӯё нерӯҳои 10-ҳазорнафарии муҷаҳҳаз бо муосиртарин силоҳи ғарбӣ дар шимол ва шимолу шарқи ин кишвар мустақар мешаванд.
Таъкид шуд, ки гӯё Қорӣ Фасеҳуддин дар саҳифааш дар "Twitter" навиштааст, ки ин нерӯҳо тавони чораандешӣ алайҳи ҳар амали мусаллаҳонаро доранд.
Гарчанде дар паёмҳо аз музофоти мушаххасе ном бурда нашуд, аммо маълум аст, ки дар шимоли Афғонистон музофоти Балхи ҳамсарҳад бо Ӯзбекистон ва шимолу шарқ - музофотҳои Кундуз, Тахор ва Бадахшони ҳамсарҳад бо Тоҷикистон ҷойгиранд.
Ин дар ҳолест, ки қаблан сардори Ситоди муштараки СААД, Анатолий Сидоров гуфта буд, дар наздикии марзҳои шимолии Афғонистон ҳудуди 40 лагери таълимӣ фаъолият дорад, ки 5 ҳазор ҷангҷӯи гурӯҳҳои гуногуни террористиро фаро мегиранд.