https://sputnik.tj/20220218/diviziya-nav-tolibon-badakhshon-1046021642.html
“Ҳич чиз надорад”: дивизияи нави толибҳо дар Бадахшон
“Ҳич чиз надорад”: дивизияи нави толибҳо дар Бадахшон
Sputnik Тоҷикистон
Урдуе, ки толибон дар Бадахшан кушоданд на сарбози кофиву на техника дорад ва онҳо мехоҳанд онро аз ҳисоби қумондонҳои саҳроӣ пур кунанд
2022-02-18T16:30+0500
2022-02-18T16:30+0500
2022-02-18T20:26+0500
толибон
афғонистон
бадахшон
урдугоҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/0f/1045864578_0:88:2958:1751_1920x0_80_0_0_c3cbe955d657defd33c1f5ce3e9dd139.jpg
ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Вазорати дифои толибон дар вилояти Бадахшони Афғонистон як лашкар таъсис дод ва фармондеҳу сардори ситодашро таъйин кард. Дар расми ифтитоҳи он шахсан Қорӣ Фасеҳуддин, сардори Ситоди кулли Вазорати дифои толибон ширкат кард. Яке аз шоҳидони ҷаласае, ки дар шаҳри Файзобод, маркази Бадахшон бо ширкати ӯ ва раҳбарони вилоят, волӣ, фармондеҳи пулис, раиси амният ва саргуруӯҳои толибони маҳаллӣ баргузор шуд, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин лашкар ба номи Мулло Умар, асосгузори ҳаракати толибон “Умари солис” ё “Умари севум” гузошта шудааст. “Дар боварҳои гурӯҳи толибон Умари аввал, ҳазрати Умар халифаи мусалмонон ва Умари дувум, писари ӯ Умар ибни Абдулазиз буданд ва Мулло Умар Умари солис ё савум аст”, - гуфт манбаъ. Ба иттилои манбаъ, Мулло Ҳофиз Муҷоҳид, зодаи вулусволии Баҳораки Бадахшон, яке аз саргурӯҳҳои Қорӣ Фасеҳуддин фармондеҳи лашкар таъйин шудааст, ки шахси маълумотдор ва донандаи забони англисӣ аст. Мавзуи таъсиси дивизияи алоҳида дар Бадахшон охири моҳи январ, ҳангоми сафари Мулло Яъқуб, вазир ва Қорӣ Фасеҳуддин, сардори Ситоди кулли Вазорати дифои толибон ба вилоят матраҳ шуда буд. Ин вазорат қаблан эълон карда буд, ки теъдоди сарбозони артишашро ба 100 ҳазор нафар хоҳад расонд. Дар ҳамин ҳол ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, қарор аст, дивизия дар майдони ҳавоии шаҳри Файзобод мустақар ва ба он 3 ҳазор нафар эъзом шаванд, аммо дар ҳоли ҳозир ҳарфи дивизия ҳаст, аммо дар амал он на техникаи низомӣ дорад ва на афроди кофӣ. “Дивизия ҳеҷ имконот надорад, аз ҷумла барои он ки таъсис ёбад, Мавлавӣ Маҳбубуллоҳ Ҳомид, маъруф ба Мавлавӣ Маҳбуб, як фармондеҳи толиб дар дараи Хустаки вулусволии Ҷурмро, ки террористони хориҷиро паноҳгоҳ додааст, сардори ситоди дивизия таъйин карданд. Ба он хотир ки ӯ ҳудуди 100 нафар ҷангӣ дорад ва бо афроди Мулло Ҳофиз теъдоди онҳо шояд ба ҳудуди 200 нафар расад”, - гуфт манбаъ. Бадахшон бузургтарин вилояти Афғонистон аст, ки бо Тоҷикистону Чин ва Покистон ҳаммарз аст ва хостгоҳи нерӯҳои зиддитолиб ба шумор меравад. Дар замони муқовимати аввал (1996-2001) шаҳри Файзобод пойтахти сиёсии давлати исломии таҳти раҳбарии Бурҳонуддин Раббонӣ ба ҳисоб мерафт.
https://sputnik.tj/20220217/tojikiston-tahdid-afghoniston-posukh-1045954658.html
https://sputnik.tj/20220216/tolibon-marz-tojikiston-neruho-sharh-dod-1045932194.html
афғонистон
бадахшон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/0f/1045864578_51:0:2679:1971_1920x0_80_0_0_ae1e4959c5d49cbc89b4369286fa11fe.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дивизия нав толибон* бадахшон
дивизия нав толибон* бадахшон
“Ҳич чиз надорад”: дивизияи нави толибҳо дар Бадахшон
16:30 18.02.2022 (Навсозишуда: 20:26 18.02.2022) Лашкаре, ки толибон дар Бадахшан созмон додаанд, на сарбози кофиву дораду на техника, вале онҳо мехоҳанд, суфуфи онро аз ҳисоби қумондонҳои саҳроӣ пур кунанд
ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Вазорати дифои толибон дар вилояти Бадахшони Афғонистон як лашкар таъсис дод ва фармондеҳу сардори ситодашро таъйин кард. Дар расми ифтитоҳи он шахсан Қорӣ Фасеҳуддин, сардори Ситоди кулли Вазорати дифои толибон ширкат кард.
Яке аз шоҳидони ҷаласае, ки дар шаҳри Файзобод, маркази Бадахшон бо ширкати ӯ ва раҳбарони вилоят, волӣ, фармондеҳи пулис, раиси амният ва саргуруӯҳои толибони маҳаллӣ баргузор шуд, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин лашкар ба номи Мулло Умар, асосгузори ҳаракати толибон “Умари солис” ё “Умари севум” гузошта шудааст.
“Дар боварҳои гурӯҳи толибон Умари аввал, ҳазрати Умар халифаи мусалмонон ва Умари дувум, писари ӯ Умар ибни Абдулазиз буданд ва Мулло Умар Умари солис ё савум аст”, - гуфт манбаъ.
Ба иттилои манбаъ, Мулло Ҳофиз Муҷоҳид, зодаи вулусволии Баҳораки Бадахшон, яке аз саргурӯҳҳои Қорӣ Фасеҳуддин фармондеҳи лашкар таъйин шудааст, ки шахси маълумотдор ва донандаи забони англисӣ аст.
Мавзуи таъсиси дивизияи алоҳида дар Бадахшон охири моҳи январ, ҳангоми сафари Мулло Яъқуб, вазир ва Қорӣ Фасеҳуддин, сардори Ситоди кулли Вазорати дифои толибон ба вилоят матраҳ шуда буд.
Ин вазорат қаблан эълон карда буд, ки теъдоди сарбозони артишашро ба 100 ҳазор нафар хоҳад расонд.
Дар ҳамин ҳол ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, қарор аст, дивизия дар майдони ҳавоии шаҳри Файзобод мустақар ва ба он 3 ҳазор нафар эъзом шаванд, аммо дар ҳоли ҳозир ҳарфи дивизия ҳаст, аммо дар амал он на техникаи низомӣ дорад ва на афроди кофӣ.
“Дивизия ҳеҷ имконот надорад, аз ҷумла барои он ки таъсис ёбад, Мавлавӣ Маҳбубуллоҳ Ҳомид, маъруф ба Мавлавӣ Маҳбуб, як фармондеҳи толиб дар дараи Хустаки вулусволии Ҷурмро, ки террористони хориҷиро паноҳгоҳ додааст, сардори ситоди дивизия таъйин карданд. Ба он хотир ки ӯ ҳудуди 100 нафар ҷангӣ дорад ва бо афроди Мулло Ҳофиз теъдоди онҳо шояд ба ҳудуди 200 нафар расад”, - гуфт манбаъ.
Бадахшон бузургтарин вилояти Афғонистон аст, ки бо Тоҷикистону Чин ва Покистон ҳаммарз аст ва хостгоҳи нерӯҳои зиддитолиб ба шумор меравад.
Дар замони муқовимати аввал (1996-2001) шаҳри Файзобод пойтахти сиёсии давлати исломии таҳти раҳбарии Бурҳонуддин Раббонӣ ба ҳисоб мерафт.