https://sputnik.tj/20220218/qurb-rubl-tojikiston-poin-1046002780.html
Идомаи ноустуворӣ: рубл дар Тоҷикистон пеш аз рӯзҳои истироҳатӣ боз арзон шуд
Идомаи ноустуворӣ: рубл дар Тоҷикистон пеш аз рӯзҳои истироҳатӣ боз арзон шуд
Sputnik Тоҷикистон
Арзиши асъори русӣ нисбат ба сомонӣ дар Тоҷикистон давоми як рӯзи ахир наздик ба 1,5 сомонӣ арзон шуд
2022-02-18T09:37+0500
2022-02-18T09:37+0500
2022-02-18T12:27+0500
бонки миллӣ
дар тоҷикистон
рубл
доллар
евро
сомонӣ
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/11/1044214364_0:23:1000:586_1920x0_80_0_0_9973fc64566b742a5258435f1292cae4.jpg
ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъор эълон кард, ки тибқи нишондоди он, пули русӣ ноустувориро идома медиҳад.Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, арзиши рубли русӣ дар бозори арзи кишвар поён рафта, ҳоло 1000 рубл 148,6 сомонӣ арзиш дорад.Ин дар ҳолест, ки як рӯз қабл дар кишвар барои 1000 рубл 150,2 сомонӣ медоданд.Арзиши арзи аврупоӣ бошад, каме боз поин рафта, дар бозори кишвар ҳоло як евро 12.8458 сомонӣ қимат дорад.Ин асъор ҳамоно дар ҳоли шинокунандагӣ қарор дорад ва нишондиҳандаҳои чанд моҳи ахир бозгӯи онанд, ки он зуд-зуд мавқеашро тағйир медиҳад.Қурби пули амрикоӣ ҳамоно устувору бетағйир аст. Арзиши як доллар дар Тоҷикистон ҳоло ба 11,30 сомонӣ баробар шудааст, аммо ҳамзамон дар дигар бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ ҳам ҳангоми харид ва ҳам ҳангоми фурӯш эҳтимол бештар аз ин бошад.Ҳамчунин қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
https://sputnik.tj/20211101/asor-foidaovar-dollar-1043208616.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/11/1044214364_77:0:964:665_1920x0_80_0_0_7e5092aa8f5d3718953d90b4359d71d8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рубл тоҷикистон арзон
Идомаи ноустуворӣ: рубл дар Тоҷикистон пеш аз рӯзҳои истироҳатӣ боз арзон шуд
09:37 18.02.2022 (Навсозишуда: 12:27 18.02.2022) Арзиши асъори русӣ нисбат ба сомонӣ дар Тоҷикистон давоми як рӯзи ахир наздик ба 1,5 сомонӣ арзон шуд
ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъор эълон кард, ки тибқи нишондоди он, пули русӣ ноустувориро идома медиҳад.
Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, арзиши рубли русӣ дар бозори арзи кишвар поён рафта, ҳоло 1000 рубл 148,6 сомонӣ арзиш дорад.
Ин дар ҳолест, ки як рӯз қабл дар кишвар барои 1000 рубл 150,2 сомонӣ медоданд.
Арзиши арзи аврупоӣ бошад, каме боз поин рафта, дар бозори кишвар ҳоло як евро 12.8458 сомонӣ қимат дорад.
Ин асъор ҳамоно дар ҳоли шинокунандагӣ қарор дорад ва нишондиҳандаҳои чанд моҳи ахир бозгӯи онанд, ки он зуд-зуд мавқеашро тағйир медиҳад.
Қурби пули амрикоӣ ҳамоно устувору бетағйир аст. Арзиши як доллар дар Тоҷикистон ҳоло ба 11,30 сомонӣ баробар шудааст, аммо ҳамзамон дар дигар бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ ҳам ҳангоми харид ва ҳам ҳангоми фурӯш эҳтимол бештар аз ин бошад.
Ҳамчунин қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА аз 11.2946 то 11.3000 сомонӣ;
1 евро аз 12.7584 то 12.9300 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1535то 0.1545 сомонӣ.
Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.