https://sputnik.tj/20220218/qohir-rasulzoda-taziya-khonai-alovuddin-abdullozoda-1046030016.html
Қоҳир Расулзода барои баёни таъзия ба хонаи Аловуддин Абдуллозода рафт
Қоҳир Расулзода барои баёни таъзия ба хонаи Аловуддин Абдуллозода рафт
Sputnik Тоҷикистон
Сарвазири Тоҷикистон ҳамроҳ бо раиси вилояти Хатлон ба хонаводаи Аловуддин Абдуллозода шахсан таъзия баён карданд
2022-02-18T19:45+0500
2022-02-18T19:45+0500
2022-02-18T21:06+0500
дар тоҷикистон
таъзия
аловуддин абдуллоев
қоҳир расулзода
қурбон ҳакимзода
сарвазир
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101608/47/1016084763_0:0:1600:901_1920x0_80_0_0_aecda17205d591562d722b92b7261f23.jpg
ДУШАНБЕ, 18фев — Sputnik. Имрӯз Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон бо ҳамроҳии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода барои баёни таъзия ба хонаводаи Аловуддин Абдуллозода, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ба хонаи ӯ рафтанд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии раиси виляти Хатлон.Ёдовар мешавем, ки 17 феврали соли равон Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, ҳунарманди маъруфи театр ва синамои тоҷик Аловуддин Абдуллоев дар синни 57-солагӣ даргузашт.Аловуддин Абдуллоев 15 майи соли 1965 дар шаҳри Қурғонтеппаи вилояти Хатлон ба дунё омада, хатмкардаи Донишгоҳи санъати Тоҷикистон аст ва фаъолияти худро аз Театри драмаи мусиқии Қурғонтеппа оғоз кардааст.Дар ин миён ӯ дар чандин намоишномаҳои театрӣ, назири "Антигона", "Бозиҳои аҷиб", "Аршин Малалон", "Лаку Пак", "Давлати Сомониён" ва филмҳои маъруфи "Бародар", "Падари моҳтобӣ", "Туҳмат", "Қиёми рӯз" ва ғайра нақшофаринӣ кардааст.Бузургтарин ёдгори ӯ силсилабарномаи махсуси телевизионии “Шӯхиҳои Аловуддин” аст, ки ӯ нақши чандин қаҳрамонро иҷро мекунад ва муҷиби шуҳрати беандохаи ӯ шудаанд.Бояд гуфт, сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода қаблан бо мақсади шиносоӣ бо вазъи корҳои ободониву бунёдкорӣ, омодагӣ ба кишти баҳорӣ, вусъат бахшидани ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, боздид аз хоҷагиҳои деҳқонӣ ба гурӯҳи навоҳии минтақаи Бохтари вилояти Хатлон сафари корӣ дошт.
https://sputnik.tj/20220217/sabab-marg-alovuddin-abdulloev-malum-1045970388.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101608/47/1016084763_55:0:1419:1023_1920x0_80_0_0_836c6c0e936044e2deb68217675abe93.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, аловуддин, абдуллоев, таъзия, баён, бохтар
тоҷикистон, аловуддин, абдуллоев, таъзия, баён, бохтар
Қоҳир Расулзода барои баёни таъзия ба хонаи Аловуддин Абдуллозода рафт
19:45 18.02.2022 (Навсозишуда: 21:06 18.02.2022) Сарвазири Тоҷикистон ҳамроҳ бо раиси вилояти Хатлон ба хонаводаи Аловуддин Абдуллозода шахсан таъзия баён карданд
ДУШАНБЕ, 18фев — Sputnik. Имрӯз Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон бо ҳамроҳии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода барои баёни таъзия ба хонаводаи Аловуддин Абдуллозода, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ба хонаи ӯ рафтанд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии раиси виляти Хатлон.
Ёдовар мешавем, ки 17 феврали соли равон Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, ҳунарманди маъруфи театр ва синамои тоҷик Аловуддин Абдуллоев дар синни 57-солагӣ даргузашт.
Аловуддин Абдуллоев 15 майи соли 1965 дар шаҳри Қурғонтеппаи вилояти Хатлон ба дунё омада, хатмкардаи Донишгоҳи санъати Тоҷикистон аст ва фаъолияти худро аз Театри драмаи мусиқии Қурғонтеппа оғоз кардааст.
Дар ин миён ӯ дар чандин намоишномаҳои театрӣ, назири "Антигона", "Бозиҳои аҷиб", "Аршин Малалон", "Лаку Пак", "Давлати Сомониён" ва филмҳои маъруфи "Бародар", "Падари моҳтобӣ", "Туҳмат", "Қиёми рӯз" ва ғайра нақшофаринӣ кардааст.
Бузургтарин ёдгори ӯ силсилабарномаи махсуси телевизионии “Шӯхиҳои Аловуддин” аст, ки ӯ нақши чандин қаҳрамонро иҷро мекунад ва муҷиби шуҳрати беандохаи ӯ шудаанд.
Бояд гуфт, сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода қаблан бо мақсади шиносоӣ бо вазъи корҳои ободониву бунёдкорӣ, омодагӣ ба кишти баҳорӣ, вусъат бахшидани ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, боздид аз хоҷагиҳои деҳқонӣ ба гурӯҳи навоҳии минтақаи Бохтари вилояти Хатлон сафари корӣ дошт.