https://sputnik.tj/20220218/neru-takhribnopazir-novgoni-khazar-dar-mudiriyat-uqyonus-jahon-chi-guna-kumak-mekunad-1046028577.html
Нерӯи тахрибнопазир: новгони Хазар дар мудирияти уқёнуси ҷаҳонӣ чӣ гуна кумак мекунад?
Нерӯи тахрибнопазир: новгони Хазар дар мудирияти уқёнуси ҷаҳонӣ чӣ гуна кумак мекунад?
Sputnik Тоҷикистон
Системаҳои мушакии "Калибр-НК" бо бурди 2600 километр қодиранд, ба ҳадафҳо дар баҳрҳои Сиёҳ ва Балтика, Шарқи Миёназамин, Ховари Миёна ва манотиқи "ҷабҳа" аз баҳри Хазар зарба зананд
2022-02-18T18:55+0500
2022-02-18T18:55+0500
2022-02-21T15:42+0500
дар русия
баҳр
размоиш
новгон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/0f/1045889181_0:0:3640:2048_1920x0_80_0_0_2038e7acd4f78830178fc6877590982a.jpg
Гурӯҳи гетерогении нерӯҳои новгони Хазар, ки аз 20 киштии ҳарбӣ иборат аст, 17 феврал барои ҳалли вазифаҳое, ки ба мақсад мувофиқ аст, дар доираи манёврҳои пешбинишуда ба баҳр баромаданд.Мувофиқи маълумоти фармондиҳии новогон, экипажҳо таъминоти минаҳоро барои ҷо ба ҷо гузоштани қувваҳо, зиддитахриб ва мудофиа тамрин карда, тирпарронии амалии мушакию артиллерияро иҷро мекунанд.Амалиёти киштиҳои мушакии "Доғистон", "Град Свияжск", "Углич", "Великий Устюг", "Махачқалъа", "Астрахан", "Ступинетс", киштиҳои хурди артиллерия ва киштиҳои минагузор муттаҳид карда шудаанд. Флоти ҳарбии баҳрии Русия дар уқёнуси ҷаҳонӣ бо иштироки беш аз 140 киштии ҷангӣ, 60 ҳавопаймо, 1000 воҳид техникаи ҳарбӣ, тақрибан 10 ҳазор маллоҳи низомиро дар бар мегирад.Ҳадафи стратегӣ муқовимат ба таҳдидҳои низомии Русия аз самтҳои баҳр ва уқёнус, тамрини амалҳои нерӯҳои баҳрӣ ва аэрокосмикӣ мувофиқи мақсад аст.Новгони Хазар ҷузъи баҳрии Ҳавзаи низомии ҷанубӣ кафили субот дар минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ мебошад. Иттиҳодияи баҳрӣ якчанд бригадаю лашкар, қисмҳои қӯшунҳои соҳилиро шомил мешавад.Доираи дастрасии яроқи мушакии хеле дақиқи киштиҳои флотилияи Каспий - то 2600 километр тамоми минтақаи баҳри Сиёҳ, нисфи шарқии бақри Миёназамин, қисми зиёди баҳри Балтика, баъзк аз мамлакатҳои Ховари Миёна, ҳудуди Юнон, Булғор, Руминия, Лаҳистон, Литва, Латвия, Эстония ва Украинаро фаро мегирад.Дар ин замина хоҳиши Иёлоти Муттаҳида ва НАТО барои "хуруҷ"-и нерӯҳои Русия ба ҷое дуртар аз марзҳои Украина ё Лаҳистон бемаънӣ ба назар мерасад. Ба Аврупо додани ҷангандаҳои амрикоии Ф-35, Ф-15, В-52 барои "шарикҳо" ниҳоят хавфнок аст.Дар вазъияти фарзияи муноқишаи ҳарбӣ бо НАТО дар ҷаҳони куҳна Русия маҷбур мешавад, ки "марказҳои тасмимгиранда"-ро дар Вашингтон ва Брюссел зуд пахш кунад ва ин корро метавонад дар сатҳи олӣ анҷом диҳад.Роҳбурд ва шеваНахустин истифодаи ҷангии "Калибр"-и флотилияи Хазар соли 2015, замоне сурат гирифт, ки мавқеъҳо ва иншооти ҷиҳодӣ дар Сурия бо зарбаи 26 мушаки болдор нобуд карда шуданд.Аз ҳамон вақт техникаи мушакӣ ва тактикаи Флоти ҳарбии бахрӣ хеле пеш рафта, киштиҳои флоти Хазар амалияи гузариши байни флотҳо — қад-қади Волга ва Дон ба баҳрҳои Азов ва Сиёхро аз худ намуданд, ки ин метавонад минтақаи бештаре аз Аврупоро таҳти контроли онҳо қарор бидиҳад.Новҳои новгони баҳри Хазар ва баҳри Сиёҳ дар машқҳои якҷояи имсола супоришҳои барномаи ягонаи тактикӣ бо нерӯҳои ҳавоӣ, мудофиаи ҳавоӣ ва қисмҳои мусаллаҳи якҷояи Ҳавзаи ҳарбии ҷанубиро тамрин мекунанд.Барои таҳкими флоти 6-уми нерӯи баҳрии ИМА боз чаҳор киштӣ, инчунин як киштии зериобии ҳастаии дараҷаи “Оҳайо” дода шуд, ки барои интиқоли 154 мушаки болдори “Томагавк” табдил дода шуд. "Томагавкҳо"-и НАТО нақшаҳои флоти ҳарбии баҳрии Русияро вайрон накард.Ду кишти мушакбари "Варяг" ва "Маршал Устинов" дар баҳри Миёназамин кор мекунанд ва сеюмӣ, "Маскав" дар роҳ аст. Бесабаб нест, ки киштиҳои лоиҳаи “Атлант” "қотилони ҳавопаймобар" номида шуданд. Онҳо 16 мушаки зидди киштии "Вулкан"-ро бо масофаи то 1000 км (суръати 2,5 Mach) бо кулоҳаки муқаррарӣ ё ҳастаӣ ҳамл мекунанд, ки барои ҳамаи гурӯҳҳои таҳоҷумии ҳавопаймобари эътилоф кифоя аст.Пентагон аллакай аз боздошти ҳавопаймоҳои Русия дар баҳри Миёназамин шикоят кардааст.Барои мураккаб кардани заминаи тактикии машқҳо Вазорати дифои Русия ҷангандаҳои вазнини МиГ-31К-ро бо мушакҳои мофавқуссавти "Ханҷар" ва бомбандозҳои дурпарвози Ту-22М3 бо мушаки болдори Х-32 дар Ҳмеймими Сурия мустақар кард.Ба гуфтаи коршиносон, барои ҳар як "киштии демократӣ" на бештар аз панҷ дақиқа вақт лозим аст. Дар баҳри Миёназамин мавҷудияти новгони Хазар низ дар маҷбуркунии ҳарбию техникии "шарикон" ба сулҳ нақши калон мебозад.Дар хотир доред, ки ИМА ва НАТО амалиёти ошкорои иғвогаронаи худро дар Аврупаи Шарқӣ ташаннуҷи авзоъ намедонанд. Аз ин рӯ нерӯҳои баҳрӣ ва ҳавоии Русия корҳои зиёде дар пеш доранд."Шарикҳо" ба ҷаҳони бисёрқутбӣ ва амнияти баробар омода нестанд ва дар муқовимати геополитикӣ бо Русия онҳо, бешак, ба шикаст маҳкум шудаанд. Муовини вазири дифои Бритониё аз оғози марҳилаи нави рақобати шадид бо Федератсияи Русия хабар дод, ки метавонад "як насл ё бештар аз он"-ро фаро гирад.Аммо нашрияи бритониёии "Ал-қудс" бар ин назар аст, ки сиёсати Ғарб дар қиболи Русия алакай ноком шудааст.“Svenska Dagbladet”, нашрияи шведӣ меафзояд: "Путин ба Украина ҳамла намекунад. Ва ба ҳар ҳол ба ғалаба мекунад".Гурӯҳи тавонои киштиҳои ҳамлавари Флоти Русия дар баҳрҳои Сиёҳ ва Миёназамин, ҷойгир кардани системаҳои зиддиҳавоии муосир дар Беларус, Сурия ва дигар нуқтаҳои стратегӣ, машқҳои густурдаи нерӯҳои ҳастаии Русия нишон медиҳанд, ки ҳар кадоме аз онҳо то чӣ андоза хатарнок аст. Амалиёти иғвогарона дар минтақаи нуфузи Русия барои ИМА ва НАТО мебошад.Ҳисобҳои нодурусти стратегии Вашингтон дар муносибат бо Маскав метавонад барои ИМА ва хироҷгузорони он дар Аврупо оқибатҳои ногувор дошта бошад.Ба канали шореҳи низомӣ Александр Хроленко дар "Telegram" пайвандед.
https://sputnik.tj/20220125/kaliningrad-khanjare-miyon-shonaho-nato-1045126530.html
https://sputnik.tj/20220117/rusiya-siloh-kishti-havopaymobar-1044862505.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Александр Хроленко
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102355/97/1023559789_227:0:893:666_100x100_80_0_0_f7d72bc13e9e7ca3f77570f3a97739ff.jpg
Александр Хроленко
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102355/97/1023559789_227:0:893:666_100x100_80_0_0_f7d72bc13e9e7ca3f77570f3a97739ff.jpg
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/0f/1045889181_852:0:3583:2048_1920x0_80_0_0_6ae7d331384896aeac8106e005bf6e9f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Александр Хроленко
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102355/97/1023559789_227:0:893:666_100x100_80_0_0_f7d72bc13e9e7ca3f77570f3a97739ff.jpg
нов русия флот баҳр хазар уқёнус размоиш силоҳ аслиҳа
нов русия флот баҳр хазар уқёнус размоиш силоҳ аслиҳа
Нерӯи тахрибнопазир: новгони Хазар дар мудирияти уқёнуси ҷаҳонӣ чӣ гуна кумак мекунад?
18:55 18.02.2022 (Навсозишуда: 15:42 21.02.2022) Александр Хроленко
шореҳи низомӣ
Системаҳои мушакии "Калибр-НК" бо бурди 2600 километр қодиранд, ба ҳадафҳо дар баҳрҳои Сиёҳ ва Балтика, Шарқи Миёназамин, Ховари Миёна ва манотиқи "ҷабҳа" аз баҳри Хазар зарба зананд
Гурӯҳи гетерогении нерӯҳои новгони Хазар, ки аз 20 киштии ҳарбӣ иборат аст, 17 феврал барои ҳалли вазифаҳое, ки ба мақсад мувофиқ аст, дар доираи манёврҳои пешбинишуда ба баҳр баромаданд.
Мувофиқи маълумоти фармондиҳии новогон, экипажҳо таъминоти минаҳоро барои ҷо ба ҷо гузоштани қувваҳо, зиддитахриб ва мудофиа тамрин карда, тирпарронии амалии мушакию артиллерияро иҷро мекунанд.
Амалиёти киштиҳои мушакии "Доғистон", "Град Свияжск", "Углич", "Великий Устюг", "Махачқалъа", "Астрахан", "Ступинетс", киштиҳои хурди артиллерия ва киштиҳои минагузор муттаҳид карда шудаанд. Флоти ҳарбии баҳрии Русия дар уқёнуси ҷаҳонӣ бо иштироки беш аз 140 киштии ҷангӣ, 60 ҳавопаймо, 1000 воҳид техникаи ҳарбӣ, тақрибан 10 ҳазор маллоҳи низомиро дар бар мегирад.
Ҳадафи стратегӣ муқовимат ба таҳдидҳои низомии Русия аз самтҳои баҳр ва уқёнус, тамрини амалҳои нерӯҳои баҳрӣ ва аэрокосмикӣ мувофиқи мақсад аст.
Новгони Хазар ҷузъи баҳрии Ҳавзаи низомии ҷанубӣ кафили субот дар минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ мебошад. Иттиҳодияи баҳрӣ якчанд бригадаю лашкар, қисмҳои қӯшунҳои соҳилиро шомил мешавад.
Доираи дастрасии яроқи мушакии хеле дақиқи киштиҳои флотилияи Каспий - то 2600 километр тамоми минтақаи баҳри Сиёҳ, нисфи шарқии бақри Миёназамин, қисми зиёди баҳри Балтика, баъзк аз мамлакатҳои Ховари Миёна, ҳудуди Юнон, Булғор, Руминия, Лаҳистон, Литва, Латвия, Эстония ва Украинаро фаро мегирад.
Дар ин замина хоҳиши Иёлоти Муттаҳида ва НАТО барои "хуруҷ"-и нерӯҳои Русия ба ҷое дуртар аз марзҳои Украина ё Лаҳистон бемаънӣ ба назар мерасад. Ба Аврупо додани ҷангандаҳои амрикоии Ф-35, Ф-15, В-52 барои "шарикҳо" ниҳоят хавфнок аст.
Дар вазъияти фарзияи муноқишаи ҳарбӣ бо НАТО дар ҷаҳони куҳна Русия маҷбур мешавад, ки "марказҳои тасмимгиранда"-ро дар Вашингтон ва Брюссел зуд пахш кунад ва ин корро метавонад дар сатҳи олӣ анҷом диҳад.
Нахустин истифодаи ҷангии "Калибр"-и флотилияи Хазар соли 2015, замоне сурат гирифт, ки мавқеъҳо ва иншооти ҷиҳодӣ дар Сурия бо зарбаи 26 мушаки болдор нобуд карда шуданд.
Аз ҳамон вақт техникаи мушакӣ ва тактикаи Флоти ҳарбии бахрӣ хеле пеш рафта, киштиҳои флоти Хазар амалияи гузариши байни флотҳо — қад-қади Волга ва Дон ба баҳрҳои Азов ва Сиёхро аз худ намуданд, ки ин метавонад минтақаи бештаре аз Аврупоро таҳти контроли онҳо қарор бидиҳад.
Новҳои новгони баҳри Хазар ва баҳри Сиёҳ дар машқҳои якҷояи имсола супоришҳои барномаи ягонаи тактикӣ бо нерӯҳои ҳавоӣ, мудофиаи ҳавоӣ ва қисмҳои мусаллаҳи якҷояи Ҳавзаи ҳарбии ҷанубиро тамрин мекунанд.
Барои таҳкими флоти 6-уми нерӯи баҳрии ИМА боз чаҳор киштӣ, инчунин як киштии зериобии ҳастаии дараҷаи “Оҳайо” дода шуд, ки барои интиқоли 154 мушаки болдори “Томагавк” табдил дода шуд. "Томагавкҳо"-и НАТО нақшаҳои флоти ҳарбии баҳрии Русияро вайрон накард.
Ду кишти мушакбари "Варяг" ва "Маршал Устинов" дар баҳри Миёназамин кор мекунанд ва сеюмӣ, "Маскав" дар роҳ аст. Бесабаб нест, ки киштиҳои лоиҳаи “Атлант” "қотилони ҳавопаймобар" номида шуданд. Онҳо 16 мушаки зидди киштии "Вулкан"-ро бо масофаи то 1000 км (суръати 2,5 Mach) бо кулоҳаки муқаррарӣ ё ҳастаӣ ҳамл мекунанд, ки барои ҳамаи гурӯҳҳои таҳоҷумии ҳавопаймобари эътилоф кифоя аст.
Пентагон аллакай аз боздошти ҳавопаймоҳои Русия дар баҳри Миёназамин шикоят кардааст.
Барои мураккаб кардани заминаи тактикии машқҳо Вазорати дифои Русия ҷангандаҳои вазнини МиГ-31К-ро бо мушакҳои мофавқуссавти "Ханҷар" ва бомбандозҳои дурпарвози Ту-22М3 бо мушаки болдори Х-32 дар Ҳмеймими Сурия мустақар кард.
Ба гуфтаи коршиносон, барои ҳар як "киштии демократӣ" на бештар аз панҷ дақиқа вақт лозим аст. Дар баҳри Миёназамин мавҷудияти новгони Хазар низ дар маҷбуркунии ҳарбию техникии "шарикон" ба сулҳ нақши калон мебозад.
Дар хотир доред, ки ИМА ва НАТО амалиёти ошкорои иғвогаронаи худро дар Аврупаи Шарқӣ ташаннуҷи авзоъ намедонанд. Аз ин рӯ нерӯҳои баҳрӣ ва ҳавоии Русия корҳои зиёде дар пеш доранд.
"Шарикҳо" ба ҷаҳони бисёрқутбӣ ва амнияти баробар омода нестанд ва дар муқовимати геополитикӣ бо Русия онҳо, бешак, ба шикаст маҳкум шудаанд. Муовини вазири дифои Бритониё аз оғози марҳилаи нави рақобати шадид бо Федератсияи Русия хабар дод, ки метавонад "як насл ё бештар аз он"-ро фаро гирад.
Аммо нашрияи бритониёии "Ал-қудс" бар ин назар аст, ки сиёсати Ғарб дар қиболи Русия алакай ноком шудааст.
“Дар ҳоли ҳозир Русия бо таҳмили як воқеияти нави низомӣ дар Аврупои Шарқӣ НАТО-ро дар ҳолати душвор қарор додааст. Ҳоло онро дар Украина мушоҳида кардан мумкин аст ва баъдан эҳтимол ба Руминия, Булғористон ва Лаҳистон таъсир хоҳад кард", - менависад нашрия.
“Svenska Dagbladet”, нашрияи шведӣ меафзояд: "Путин ба Украина ҳамла намекунад. Ва ба ҳар ҳол ба ғалаба мекунад".
Гурӯҳи тавонои киштиҳои ҳамлавари Флоти Русия дар баҳрҳои Сиёҳ ва Миёназамин, ҷойгир кардани системаҳои зиддиҳавоии муосир дар Беларус, Сурия ва дигар нуқтаҳои стратегӣ, машқҳои густурдаи нерӯҳои ҳастаии Русия нишон медиҳанд, ки ҳар кадоме аз онҳо то чӣ андоза хатарнок аст. Амалиёти иғвогарона дар минтақаи нуфузи Русия барои ИМА ва НАТО мебошад.
Ҳисобҳои нодурусти стратегии Вашингтон дар муносибат бо Маскав метавонад барои ИМА ва хироҷгузорони он дар Аврупо оқибатҳои ногувор дошта бошад.
Ба канали шореҳи низомӣ Александр Хроленко дар "Telegram" пайвандед.