Муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар Русия таваҷҷуҳи мақомоти баландпояро ба худ ҷалб кардааст

© Sputnik / Андрей Стенин / Гузариш ба медиабонкПолиция проводит проверку миграционного законодательства в ТЦ "Москва"
Полиция проводит проверку миграционного законодательства в ТЦ Москва - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.02.2022
Обуна шудан
Намояндаи мақомот вазъи муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва афзоиши ҷиноятҳо аз ҷониби шаҳрвандони хориҷиро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар Русия таваҷҷӯҳи хоси мақомотро тақозо мекунад, гуфт котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков.
Песков афзуд, ки хориҷиёни ғайриқонунӣ аксар вақт сатҳи ҷиноятҳоро афзоиш медиҳанд.
"Дарвоқеъ, муҳоҷирон касоне ҳастанд, ки мо онҳоро истиқбол мекунем ва муҳоҷирони ғайриқонунӣ, албатта, муҳите ҳастанд, ки бо афзоиши сатҳи ҷинояткорӣ ҳамроҳ шуда, таваҷҷӯҳи вижаи мақомотро тақозо мекунад", - шарҳ дод ӯ.
Сухангӯи президент афзуд, ин мавзӯъ аксар вақт дар сатҳи баланд матраҳ мешавад.
Қаблан кишвардори Русия Владимир Путин гуфта буд, ки зуҳуроти ифротгароӣ ва нақзи қонун аз ҷониби муҳоҷирон бояд бо ихроҷ кардан аз Русия муҷозот шаванд.
Илова бар ин, ба гуфтаи Путин, бояд дар оянда вуруди ҳамаи қонуншиканон ба кишвар манъ карда шавад.
Открытие миграционного центра - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.02.2022
Ҷое, ки муҳоҷиронро "манъ" карданд: ҳаёти хориҷиён дар вилояти Калуга чӣ гуна аст? - видео
Ёдовар мешавем, ки ба хотири назорат бар шаҳрвандони хориҷӣ Шӯрои амнияти Русия пешниҳод карда буд, ки бо диаспораҳои миллӣ тамос бигиранд.
Ба боварии коршиносони Шӯрои Амният, ин имкон медиҳад, ки муҳоҷир беҳтар назорат шавад ва аз ҷониби онҳо қонунгузории Русия риоя шавад.
Қобили зикр аст, ки ба гуфтаи сардори ВКД Русия Владимир Колоколтсев, соли гузашта ҳудуди як миллион нафар ҳуқуқи будубоши қонунӣ дар Русияро пайдо карда, патент гирифтанд.
Муҳоҷирон ба кормандони пулиси Маскав дар метро ҳамла карданд - видео
Ҳамзамон, назорат аз болои риояи қонунгузории ҷорӣ аз ҷониби муҳоҷирон пурзӯр карда шуд.
Ба гуфтаи Колоколтсев, ҳангоми нигоҳ доштани шумораи умумии санҷишҳо дар сохтмонҳо, савдо, ҷойҳои иқомат, бештари афроде, ки ба қонуншиканиҳои гуногун даст задаанд, ошкор карда шуданд.
Лентаи хабарҳо
0