Ҷое, ки муҳоҷиронро "манъ" карданд: ҳаёти хориҷиён дар вилояти Калуга чӣ гуна аст? - видео

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкОткрытие миграционного центра
Открытие миграционного центра - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.02.2022
Обуна шудан
Обнинск, як шаҳри бузургест, ки аз муҳоҷирон пур шудааст: хориҷиён дар чӣ шароит зиндагӣ ва дар куҷо кор мекунанд?
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Гузорише бахшида ба муҳоҷироне, ки дар вилояти Калуга зиндагӣ мекунанд, дар шабакаи "Youtube" ба унвони "RTD бо забони русӣ" нашр шудааст.
Қаблан мақомоти вилоят аз ташдиди сиёсат нисбат ба хориҷиён хабар дода буданд.
Вилоят аз барномаи кӯчонидани ҳамватанон даст кашида, ба муҳоҷирон кор дар бахшҳои хӯроки умумӣ, нақлиёт ва савдои чаканаро манъ кард.
Мухбири ин шабака ба Обнинск рафта, бо хориҷиён, мақомоти маҳаллӣ ва русҳо суҳбат кард. Дар навор шумо метавонед шароити зиндагии муҳоҷиронро бубинед: биноҳои баландошёнаи ифлос, деворҳои даромадгоҳи бо граффитҳо пӯшида.
Бархе аз хориҷиён забони русиро хуб намедонанд, аммо ин забонро мефаҳманд. Ҳангоми муошират бо рӯзноманигор аз имову ишора истифода мекунанд.
Дигарон баръакс забони русиро хуб медонанд ва аз муошират бо мухбир хурсанд мешаванд. Аксари муҳоҷирон солҳои зиёд дар Обнинск зиндагӣ мекунанд.
Онҳо ба ҳайси оператор, ронанда ва дар дигар вазифаҳо кор мекунанд. Губернатори вилояти Калуга тасмим гирифт, ки минтақаро аз меҳмонон пок кунад. Як зодаи Тоҷикистон иқрор шуд, ки ба далели "набуди кор" дар Ватан ба Русия омадааст.
Хабарнигор ба ҷуз аз муҳоҷирону русҳо бо президенти Палатаи савдо ва саноати Обнинск Вячеслав Наруков, мудири шуъбаи маорифи умумии ҳукумати шаҳр Татяна Волнистова ва намояндагони дружинаҳои мардумӣ ҳамсуҳбат шуд.
Лентаи хабарҳо
0