https://sputnik.tj/20220218/moskalkova-qonunguzori-muhojirat-1046031005.html
Даъвати Москалкова барои пурра кардани қонунгузории муҳоҷирати Русия
Даъвати Москалкова барои пурра кардани қонунгузории муҳоҷирати Русия
Sputnik Тоҷикистон
Омбудсмен шумораи муроҷиатҳои шаҳрвандони хориҷиро аз рӯи натиҷаҳои соли 2021 ироа кард
2022-02-18T20:00+0500
2022-02-18T20:00+0500
2022-02-18T21:11+0500
қонунгузорӣ
муҳоҷират
дар русия
буду бош
муҳоҷир
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102948/32/1029483211_0:178:3009:1871_1920x0_80_0_0_e6e85439c8a50719413a5ffd9a23441d.jpg
ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Дар Русия зарурати такмили қонунгузории муҳоҷират кайҳо пайдо шудааст.Дар ин бора Татяна Москалкова, ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Русия дар саҳифаи худ дар "Instagram" навиштааст. Ба гуфтаи вай, ҳам таҳлили муроҷиатҳо ва ҳам натиҷаи таҳқиқоти сотсиологӣ ба ин шаҳодат медиҳад. Татяна Москалкова қайд кард, ки зарурати қабули чунин санад кайҳо ба вуҷуд омадааст, чун аз замони қабули қонунҳои танзимкунандаи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар соли 1996 ва аз соли 2002 то соли 2006 муддати тӯлонӣ гузаштааст. Ба гуфтаи вай, бештари шикоятҳои шаҳрвандони хориҷӣ дар соли 2021 ба масоили маҳдудияти вуруд марбут будааст.Агар дар соли 2020 876 чунин муроҷиат бошад, дар соли 2019 он ба 1054 адад расид. Вай афзуд, ки дар натиҷаи муҳокимаҳо пешниҳодҳо таҳия хоҳанд шуд. Дар ҳамин ҳол Рӯшан Аббосов, муовини раиси Идораи мусалмонони Русия муътақид аст, ки кор бо муҳоҷирон бояд дар иртибот бо ниҳодҳои давлатӣ сурат бигирад. Ба андешаи ӯ, заминаи системавӣ имкон медиҳад, ки мушкилоти марбут ба будубоши муҳоҷирон дар қаламрави Русия ва шуғл зуд ҳал шавад. Муовини раиси Идораи мусалмонони Русия афзуд, бештари муҳоҷирон дар бахши иқтисодӣ ва ҳам мазҳабӣ дар ҳошия қарор гирифтаанд. Ба фикри ӯ, ин корро бе дастгирии давлат кардан мумкин нест. Котиби матбуотии кишвардори Русия Дмитрий Песков гуфт, мавзуи муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар Русия таваҷҷуҳи хоси мақомотро тақозо мекунад, зеро ин муҳите аст, ки бо афзоиши сатҳи ҷинояткорӣ рабт дорад.
https://sputnik.tj/20220218/muhojirat-ghayriqonuni-rusiya-tavajjuh-1046023644.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102948/32/1029483211_139:0:2870:2048_1920x0_80_0_0_5fbb953f3d17b6119884dc789dc8a352.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қонунгузорӣ, русия, муҳоаҷират
қонунгузорӣ, русия, муҳоаҷират
Даъвати Москалкова барои пурра кардани қонунгузории муҳоҷирати Русия
20:00 18.02.2022 (Навсозишуда: 21:11 18.02.2022) Омбудсмен шумораи муроҷиатҳои шаҳрвандони хориҷиро аз рӯи натиҷаҳои соли 2021 ироа кард
ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Дар Русия зарурати такмили қонунгузории муҳоҷират кайҳо пайдо шудааст.
Дар ин бора Татяна Москалкова, ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Русия дар саҳифаи худ дар "Instagram" навиштааст.
Ба гуфтаи вай, ҳам таҳлили муроҷиатҳо ва ҳам натиҷаи таҳқиқоти сотсиологӣ ба ин шаҳодат медиҳад.
Татяна Москалкова қайд кард, ки зарурати қабули чунин санад кайҳо ба вуҷуд омадааст, чун аз замони қабули қонунҳои танзимкунандаи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар соли 1996 ва аз соли 2002 то соли 2006 муддати тӯлонӣ гузаштааст.
Ба гуфтаи вай, бештари шикоятҳои шаҳрвандони хориҷӣ дар соли 2021 ба масоили маҳдудияти вуруд марбут будааст.
"Дар соли 2021 аз шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд 1024 ариза ворид шудааст", — навиштааст Москалкова.
Агар дар соли 2020 876 чунин муроҷиат бошад, дар соли 2019 он ба 1054 адад расид.
Вай афзуд, ки дар натиҷаи муҳокимаҳо пешниҳодҳо таҳия хоҳанд шуд.
Дар ҳамин ҳол Рӯшан Аббосов, муовини раиси Идораи мусалмонони Русия муътақид аст, ки кор бо муҳоҷирон бояд дар иртибот бо ниҳодҳои давлатӣ сурат бигирад.
Ба андешаи ӯ, заминаи системавӣ имкон медиҳад, ки мушкилоти марбут ба будубоши муҳоҷирон дар қаламрави Русия ва шуғл зуд ҳал шавад.
Муовини раиси Идораи мусалмонони Русия афзуд, бештари муҳоҷирон дар бахши иқтисодӣ ва ҳам мазҳабӣ дар ҳошия қарор гирифтаанд.
Ба фикри ӯ, ин корро бе дастгирии давлат кардан мумкин нест.
Котиби матбуотии кишвардори Русия Дмитрий Песков гуфт, мавзуи муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар Русия таваҷҷуҳи хоси мақомотро тақозо мекунад, зеро ин муҳите аст, ки бо афзоиши сатҳи ҷинояткорӣ рабт дорад.