https://sputnik.tj/20220218/maslihat-shuro-ulamo-parviz-roh-pul-1046026805.html
Маслиҳати Шӯрои уламо ба сокини Душанбе, ки аз роҳ пул ёфтааст
Маслиҳати Шӯрои уламо ба сокини Душанбе, ки аз роҳ пул ёфтааст
Sputnik Тоҷикистон
Як сокини шаҳри Душанбе аз Шӯрои уламои Тоҷикистон суол кардааст, ки бо пули аз роҳ ёфтааш, чӣ кор кунад, ки аз нуқтаи назари шаръӣ гунаҳкор нашавад
2022-02-18T18:15+0500
2022-02-18T18:15+0500
2022-02-18T20:47+0500
дар тоҷикистон
дин ва оин
шӯрои уламо
пул
роҳ
пул ёфт
аҳкоми шариат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/11/1044218926_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_daa86218f8cac7e7786c4bd352f5451a.jpg
ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз нуқтаи назари шариат тавзеҳ додааст, ки сокинон бо пули аз роҳ ёфтаашон бояд чӣ кор кунанд. Як корбари сомонаи Шӯрои уламо, ки худро Парвиз муаррифӣ кардааст, ба ин ниҳод хабар додааст, ки аз назди гуразгоҳи меҳмонхонаи "Душанбе" маблағ ёфтааст. "Ягон кас набуд, ки пурсам аз кист. Ба ин маблағ ниёз дорам. Чӣ кор кунам, ки фардо назди Худованд ҷавобгар набошам?", - суол додааст сокини Душанбе ба Шӯрои уламо.Шӯрои уламо дар сомонааш ба ин суол посух додааст, ки ин маблағи ёфтшуда дар назди шумо амонат мебошад ва маслиҳат додааст, ки соҳибаш пайдою пул баргардонда шавад. Ин ниҳод дар мавриди он ки агар соҳиби маблағ пайдо нашавад, изҳор доштааст, ки бар асоси шариат, дар ин ҳолат бояд онро садақа кард.
https://sputnik.tj/20220105/vazir-daromad-aholi-miyonahol-1044606654.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/11/1044218926_267:0:2998:2048_1920x0_80_0_0_c3a37f272f412dc9030bce998b461f6c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
маслиҳат, сокин, шӯрои уламо, роҳ, пул
маслиҳат, сокин, шӯрои уламо, роҳ, пул
Маслиҳати Шӯрои уламо ба сокини Душанбе, ки аз роҳ пул ёфтааст
18:15 18.02.2022 (Навсозишуда: 20:47 18.02.2022) Як сокини шаҳри Душанбе аз Шӯрои уламои Тоҷикистон суол кардааст, ки бо пули аз роҳ ёфтааш чӣ кор кунад, ки аз нуқтаи назари шаръӣ гунаҳкор нашавад
ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз нуқтаи назари шариат тавзеҳ додааст, ки сокинон бо пули аз роҳ ёфтаашон бояд чӣ кор кунанд.
Як корбари сомонаи Шӯрои уламо, ки худро Парвиз муаррифӣ кардааст, ба ин ниҳод хабар додааст, ки аз назди гуразгоҳи меҳмонхонаи "Душанбе" маблағ ёфтааст.
"Ягон кас набуд, ки пурсам аз кист. Ба ин маблағ ниёз дорам. Чӣ кор кунам, ки фардо назди Худованд ҷавобгар набошам?", - суол додааст сокини Душанбе ба Шӯрои уламо.
Шӯрои уламо дар сомонааш ба ин суол посух додааст, ки ин маблағи ёфтшуда дар назди шумо амонат мебошад ва маслиҳат додааст, ки соҳибаш пайдою пул баргардонда шавад.
"То ҳадди имкон саъй кунед, ки соҳиби аслии он пайдо гардад. Агар арзиши маблағи мазкур аз ҳафт мисқол нуқра болотар аст, то муддати як сол соҳиби онро суроғ кунед", - таъкид намудааст шӯро.
Ин ниҳод дар мавриди он ки агар соҳиби маблағ пайдо нашавад, изҳор доштааст, ки бар асоси шариат, дар ин ҳолат бояд онро садақа кард.