https://sputnik.tj/20220105/vazir-daromad-aholi-miyonahol-1044606654.html
Вазир: даромади аҳолӣ 2 баробар зиёду миёнаҳолҳо бештар мешаванд
Вазир: даромади аҳолӣ 2 баробар зиёду миёнаҳолҳо бештар мешаванд
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати рушди иқтисоду савдои Тоҷикистон ҳадафҳоеро, ки барои панҷ соли оянда гузошта шудаанд, баррасӣ кард
2022-01-05T10:00+0500
2022-01-05T10:00+0500
2022-01-05T10:00+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
рушд
савдо
кор
пул
зиёд шудан
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/11/1044219205_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_d73776bbb044b07d833c1aa10a938b22.jpg
ДУШАНБЕ, 5 янв — Sputnik. Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, мегӯяд, дар панҷ соли оянда бояд даромади пулии аҳолӣ ду баробар зиёд карда шавад. Тибқи иттилои Вазорати рушди иқстиоди савдо, Завқизода зимни ҷаласа бо иштироки масъулини соҳа, зикр намуд, ки бояд теъдоди миёнаҳолҳо дар кишвар зиёду шумораи камбизоатон кам шавад. Вазир дастури президент, Эмомалӣ Раҳмонро зикр намуд, ки дар панҷсолаи оянда ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ба 45% расонда шавад. Дар зимн таъкид гардидааст, ки сатҳи камбизоатӣ дар кишвар то 15 дарсад кам гардад. Завқизода хотиррасон намудааст, ки солҳои 2022–2026 "Солҳои рушди саноат" эълон гардида, муҳим хондааст, ки дар ин давра рушди иқтисодӣ бояд на кам аз 7 фоиз таъмин гардад. Ӯ ҳамчунин дастури раисҷумҳур барои муҳайё кардани беш аз 500 ҳазор ҷойҳои нави кориро дар кишвар зикр намудаст. Дар феҳрасти чораҳое, ки бояд амалӣ гарданд, пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, истифодаи самараноку оқилонаи имконияту захираҳои мавҷуда ва дарёфти сарчашмаҳои нави рушди иқтисодӣ ном бурда шудаанд. Дар ҷаласа муҳим дониста шудаст, ки рақобатпазирии истеҳсолоти ватанӣ баланд бардошта шаваду ҷалби сармоя афзоиш ёбад.
https://sputnik.tj/20211227/dakhlu-kharj-tojikiston-sol-2021-1044447052.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/11/1044219205_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_4230a5d01a2f12f9d38fed037f54ceba.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
даромад, аҳолӣ, тоҷикистониён, зиёд
даромад, аҳолӣ, тоҷикистониён, зиёд
Вазир: даромади аҳолӣ 2 баробар зиёду миёнаҳолҳо бештар мешаванд
Вазири рушди иқтисоду савдои Тоҷикистон ҳадафҳоеро, ки барои панҷ соли оянда гузошта шудаанд, баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 5 янв — Sputnik. Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, мегӯяд, дар панҷ соли оянда бояд даромади пулии аҳолӣ ду баробар зиёд карда шавад.
Тибқи иттилои Вазорати рушди иқстиоди савдо, Завқизода зимни ҷаласа бо иштироки масъулини соҳа, зикр намуд, ки бояд теъдоди миёнаҳолҳо дар кишвар зиёду шумораи камбизоатон кам шавад.
Вазир дастури президент, Эмомалӣ Раҳмонро зикр намуд, ки дар панҷсолаи оянда ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ба 45% расонда шавад. Дар зимн таъкид гардидааст, ки сатҳи камбизоатӣ дар кишвар то 15 дарсад кам гардад.
Завқизода хотиррасон намудааст, ки солҳои 2022–2026 "Солҳои рушди саноат" эълон гардида, муҳим хондааст, ки дар ин давра рушди иқтисодӣ бояд на кам аз 7 фоиз таъмин гардад. Ӯ ҳамчунин дастури раисҷумҳур барои муҳайё кардани беш аз 500 ҳазор ҷойҳои нави кориро дар кишвар зикр намудаст.
Дар феҳрасти чораҳое, ки бояд амалӣ гарданд, пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, истифодаи самараноку оқилонаи имконияту захираҳои мавҷуда ва дарёфти сарчашмаҳои нави рушди иқтисодӣ ном бурда шудаанд.
Дар ҷаласа муҳим дониста шудаст, ки рақобатпазирии истеҳсолоти ватанӣ баланд бардошта шаваду ҷалби сармоя афзоиш ёбад.