https://sputnik.tj/20220218/gazi-moe-dar-tojikiston-kame-arzon-1046003677.html
Гази моеъ дар Тоҷикистон каме арзон шуд
Гази моеъ дар Тоҷикистон каме арзон шуд
Sputnik Тоҷикистон
Нархи газ дар ҳафтаи охир поин рафт: ин падида бо афзоиши интиқоли сӯзишворӣ шарҳ дода мешавад 18.02.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-02-18T10:45+0500
2022-02-18T10:45+0500
2022-02-18T11:25+0500
дар тоҷикистон
гази моеъ
арзон
сӯзишворӣ
энергетика
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/06/1031691205_0:0:1009:568_1920x0_80_0_0_355e95020b14b625cfadc9251af98711.jpg
ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Поин рафтани нархи гази моеъ дар Тоҷикистон идома дорад. Дар як рузи охир арзиши газ боз арзон шуд. Дар оғози ҳафта қимати маводи сӯхт 7 сомониву 80 дирам буд, аммо дар охир ба 6 сомониву 60 дирам поин рафт, менависад "Авеста" . Ба гуфтаи фурӯшандагон, қимати гази моеъ ба далели афзоиши тадриҷии воридот аз Ӯзбекистон ва Туркманистон поин меравад. Дар ҳамин ҳол, Қазоқистон таъминкунандаи аслии маводи сӯхт ба Тоҷикистон боқӣ мемонад. Ҳанӯз маълум нест, ки нархи гази моеъ дар кишвар дар идома поин хоҳад рафт ё на. Аммо агар арзиши он аз ҳаҷми воридот вобаста бошад, Тоҷикистон дурнамои хуб дорад. Қаблан маълум шуд, ки ҷумҳурӣ бо Туркманистон шартнома баст, ки мувофиқи он кишвар ба микдори номаҳдуд газ мегирад. Ба гуфтаи Далер Ҷумъа, вазири энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон, ҷумҳурӣ қасд дорад феҳристи воридкунандагони ин маводди сӯхтро густариш диҳад. Ба ҷуз аз Қазоқистон, Русия таъминкунандаи асосии газ аст. Дар соли 2021 Тоҷикистон аз Туркманистон 5 ҳазор тонна ин маводи сухтро ворид кардааст. Дар умум кишвар 410 ҳазор тонна гази моеъ ворид кардааст, ки аз ин 360 ҳазор тоннааш аз Қазоқистон рост меояд. Ин навъи сӯзишворӣ яке аз маъмултаринҳо барои ронандагони тоҷик аст, зеро 50—60 фоизи мошинҳо бо он ҳаракат мекунад. Ёдовар мешавем, ки соли 2021 нархи ин манбаъ дар ҳудуди 7,40-7,80 сомонӣ барои 1 литр буд.
https://sputnik.tj/20220201/tojikiston-gaz-moe-tojikiston-1045375940.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/06/1031691205_0:0:959:719_1920x0_80_0_0_a66b1c44b3e7f157ef9731736cda8a0e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нарх газ моеътоҷикистон арзон
нарх газ моеътоҷикистон арзон
Гази моеъ дар Тоҷикистон каме арзон шуд
10:45 18.02.2022 (Навсозишуда: 11:25 18.02.2022) Нархи газ дар ҳафтаи охир поин рафт: ин падида бо афзоиши интиқоли сӯзишворӣ шарҳ дода мешавад
ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Поин рафтани нархи гази моеъ дар Тоҷикистон идома дорад.
Дар як рузи охир арзиши газ боз арзон шуд. Дар оғози ҳафта қимати маводи сӯхт 7 сомониву 80 дирам буд, аммо дар охир ба 6 сомониву 60 дирам поин рафт, менависад "Авеста" .
Ба гуфтаи фурӯшандагон, қимати гази моеъ ба далели афзоиши тадриҷии воридот аз Ӯзбекистон ва Туркманистон поин меравад.
Дар ҳамин ҳол, Қазоқистон таъминкунандаи аслии маводи сӯхт ба Тоҷикистон боқӣ мемонад.
Ҳанӯз маълум нест, ки нархи гази моеъ дар кишвар дар идома поин хоҳад рафт ё на. Аммо агар арзиши он аз ҳаҷми воридот вобаста бошад, Тоҷикистон дурнамои хуб дорад.
Қаблан маълум шуд, ки ҷумҳурӣ бо Туркманистон шартнома баст, ки мувофиқи он кишвар ба микдори номаҳдуд газ мегирад.
Ба гуфтаи Далер Ҷумъа, вазири энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон, ҷумҳурӣ қасд дорад феҳристи воридкунандагони ин маводди сӯхтро густариш диҳад.
Ба ҷуз аз Қазоқистон, Русия таъминкунандаи асосии газ аст. Дар соли 2021 Тоҷикистон аз Туркманистон 5 ҳазор тонна ин маводи сухтро ворид кардааст.
Дар умум кишвар 410 ҳазор тонна гази моеъ ворид кардааст, ки аз ин 360 ҳазор тоннааш аз Қазоқистон рост меояд.
Ин навъи сӯзишворӣ яке аз маъмултаринҳо барои ронандагони тоҷик аст, зеро 50—60 фоизи мошинҳо бо он ҳаракат мекунад.
Ёдовар мешавем, ки соли 2021 нархи ин манбаъ дар ҳудуди 7,40-7,80 сомонӣ барои 1 литр буд.