https://sputnik.tj/20220216/tolibon-marz-tojikiston-neruho-sharh-dod-1045932194.html
Толибон сабаби ба марзи Тоҷикистон наздик овардани нерӯҳоро шарҳ дод
Толибон сабаби ба марзи Тоҷикистон наздик овардани нерӯҳоро шарҳ дод
Sputnik Тоҷикистон
Толибон мегӯянд, дар сурати таҳдидҳо дар марзи Тоҷикистону Афғонистон онҳо посухи барқвор хоҳанд дод
2022-02-16T15:00+0500
2022-02-16T15:00+0500
2022-02-16T18:58+0500
афғонистон
амният ва мудофиа
толибон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0b/1044722594_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_39cfdb6bb813bf54c6f80eaa67e88a79.jpg
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Толибон воҳидҳои низомиро дар марз бо Тоҷикистон мутамаркиз кардаанд. Тавре раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳ Қорӣ Фасеҳуддин Фитрат дар саҳифаи "Твиттер"-и худ гуфтааст, нерӯҳо барои ҳифзи марзҳо дар шимолу шарқи Афғонистон ба ин минтақа сафарбар шудаанд. Вай қайд кард, ки инҳо нерӯҳое ҳастанд, ки бо таҷҳизоти муосири НАТО ва чархболҳо муҷаҳҳаз гардидаанд.Ба гуфтаи ӯ, шаби гузашта воҳидҳои артиш "ба нуқтаи сифрӣ кӯчонида шуданд". Аммо вай мушаххас накардааст, ки хатар аз кадом кишвар сар зада метавонад.Бояд гуфт, ки вилоятҳои шимолу шарқи Афғонистон, Бадахшон, Тахор, Кундуз бо Тоҷикистон ҳамсарҳаданд.Ёдовар мешавем, рӯзи 15 феврал эълон шуд, ки дар вилояти Бадахшон як лашкари нави низомии "Умри салас" ташкил шуда, ба иҷрои вазифаҳои худ шуруъ кардааст.Қаблан раиси Кумитаи умури байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон Саидмурод Фаттоҳзода гуфта буд, авзоъ дар Афғонистон, ки дар моҳи августи соли ҷорӣ толибон дар он ҷо ба қудрат расиданд, барои Тоҷикистон хатар дорад. Ба гуфтаи ӯ, бояд бо талошҳои муштарак марзи Тоҷикистону Афғонистонро таҳким бахшид. Ба гуфтаи хадамоти истихборот, ҳоло дар наздикии марзҳои ҷанубии кишварҳои СПАД ҳудуди 6 ҳазор ҷангҷӯ ва беш аз 40 ячейкаи омӯзишии террористӣ ҷойгир шудаанд.
https://sputnik.tj/20220215/tolibon-viloyat-neru-mefiristand-1045887919.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0b/1044722594_113:0:2844:2048_1920x0_80_0_0_3d158085ac3527aed6547f5af438302f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
толибон афғонистон марз тоҷикистон
толибон афғонистон марз тоҷикистон
Толибон сабаби ба марзи Тоҷикистон наздик овардани нерӯҳоро шарҳ дод
15:00 16.02.2022 (Навсозишуда: 18:58 16.02.2022) Толибон мегӯянд, дар сурати ба таҳдидҳо дар марзи Тоҷикистону Афғонистон онҳо посухи барқвор хоҳанд дод
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Толибон воҳидҳои низомиро дар марз бо Тоҷикистон мутамаркиз кардаанд.
Тавре раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳ Қорӣ Фасеҳуддин Фитрат дар саҳифаи "Твиттер"-и худ гуфтааст, нерӯҳо барои ҳифзи марзҳо дар шимолу шарқи Афғонистон ба ин минтақа сафарбар шудаанд.
Вай қайд кард, ки инҳо нерӯҳое ҳастанд, ки бо таҷҳизоти муосири НАТО ва чархболҳо муҷаҳҳаз гардидаанд.
Ба гуфтаи ӯ, шаби гузашта воҳидҳои артиш "ба нуқтаи сифрӣ кӯчонида шуданд".
"Дар сурати кӯчактарин таҳдид аз ҳар кишвари ҳамсоя вокуниши барқвор дода мешавад. Артиши мо, шарафи мо", - таъкид намуд сухангӯи толибон.
Аммо вай мушаххас накардааст, ки хатар аз кадом кишвар сар зада метавонад.
Бояд гуфт, ки вилоятҳои шимолу шарқи Афғонистон, Бадахшон, Тахор, Кундуз бо Тоҷикистон ҳамсарҳаданд.
Ёдовар мешавем, рӯзи 15 феврал эълон шуд, ки дар вилояти Бадахшон як лашкари нави низомии "Умри салас" ташкил шуда, ба иҷрои вазифаҳои худ шуруъ кардааст.
Қаблан раиси Кумитаи умури байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон Саидмурод Фаттоҳзода гуфта буд, авзоъ дар Афғонистон, ки дар моҳи августи соли ҷорӣ толибон дар он ҷо ба қудрат расиданд, барои Тоҷикистон хатар дорад. Ба гуфтаи ӯ, бояд бо талошҳои муштарак марзи Тоҷикистону Афғонистонро таҳким бахшид.
Ба гуфтаи хадамоти истихборот, ҳоло дар наздикии марзҳои ҷанубии кишварҳои СПАД ҳудуди 6 ҳазор ҷангҷӯ ва беш аз 40 ячейкаи омӯзишии террористӣ ҷойгир шудаанд.