https://sputnik.tj/20220217/vazir-naqliyot-sokhtmon-vorukh-1045977780.html
Вазири нақлиёт гуфт, чаро то кунун сохтмони роҳи Хоҷаи Аъло - Ворух оғоз нашудааст
Вазири нақлиёт гуфт, чаро то кунун сохтмони роҳи Хоҷаи Аъло - Ворух оғоз нашудааст
Sputnik Тоҷикистон
Вазири нақлиёти Тоҷикистон сабаби оғоз нагаштани бунёди роҳи Хоҷаи Аъло - Ворухро гуфт 17.02.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-02-17T16:25+0500
2022-02-17T16:25+0500
2022-02-17T19:15+0500
дар тоҷикистон
қирғизистон
марз
баҳси марзӣ
вазорати нақлиёт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/0c/1035476917_0:88:1620:999_1920x0_80_0_0_9fefed1213ca23b72fbd20268210c1c9.jpg
ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, ниҳоди тобеаш барои сохмони роҳи Хоҷаи Аъло - Ворух пурра омодааст.Ӯ зимни нишасти хабарияш дар Душанбе ба рӯзноманигорон гуфт, барои ин ишораи комиссияи ҳукуматиро интизор аст.Вазир ҳамчунин зикр кард, ки дар музокироти ҳайатҳои ҳукуматии ду кишвар намояндагони бахшҳо ширкат намуда, дар мавриди бунёди ин роҳ тавофуқ ҳосил кардаанд. Аммо дертар кори пешбинишуда ба таъхир андохта шуд.Тоҷикистон ва Қирғизистон пас аз ҳаводиси хунин соли 2021, ки моҳҳои апрел ва май сар зада буд, ба созиш расиданд, то поёни пурра дақиқ кардани хатти марз роҳи мошингарди Хоҷаи Аъло - Ворухро якҷоя месозанд.Сухан сари протоколи №39 меравад, аммо ҳарчанд аз ин созиш наздик ба даҳ моҳ гузашта бошад ҳам, бунёди роҳ то кунун оғоз нашудааст. Нигоҳубини ин роҳ, тибқи протоколи имзошуда, аз ҷониби Тоҷикистон ба уҳда гирифта шудааст. Мувофиқи протокол, ҷумҳуриҳои ҳамсоя бояд якҷоя ин роҳро созанд, вале ҳукуматдорони Қирғизистон бар хилофи созишномаи имзошуда исрор меварзанд, ки худашон метавонанд ин роҳро созанд. Онҳо ин масъаларо ба он рабт медиҳанд, ки мардуми қирғиз ба бунёди ин роҳ мухолиф баромадаанд ба ин далел, ки он вилояти Бодкандро ду тақсим хоҳад кард."Дар ин бора ошкоро мегӯям, онҳо хоҳиш доранд, ки сохтмони роҳи Ворухро шуруъ кунанд, бале, мо роҳро баста наметавонем, дар он ҷо 40 ҳазор нафар одам зиндагӣ мекунанд, роҳ аз Капчигай мегузарад. Аммо роҳро худамон месозем, барои ин маблағ дорем”, - гуфта буд раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев.Ҷониби Қирғизистон, тибқи изҳороти ахири раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, анҷоми делимитатсия ва аломатгузорӣ дар тамоми хатти марзиро шарти аслии бунёди ин роҳ медонад.
https://sputnik.tj/20220215/rahmon-jabborov-muvofiqa-bahs-marz-hal-1045873720.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/0c/1035476917_174:0:1614:1080_1920x0_80_0_0_87363e0f0269dca726b3c56cf329ad4b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, қирғизистон, марз, баҳси марзӣ, вазорати нақлиёт
дар тоҷикистон, қирғизистон, марз, баҳси марзӣ, вазорати нақлиёт
Вазири нақлиёт гуфт, чаро то кунун сохтмони роҳи Хоҷаи Аъло - Ворух оғоз нашудааст
16:25 17.02.2022 (Навсозишуда: 19:15 17.02.2022) Вазири нақлиёти Тоҷикистон сабаби оғоз нагаштани бунёди роҳи Хоҷаи Аъло - Ворухро гуфт
ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, ниҳоди тобеаш барои сохмони роҳи Хоҷаи Аъло - Ворух пурра омодааст.
Ӯ зимни нишасти хабарияш дар Душанбе ба рӯзноманигорон гуфт, барои ин ишораи комиссияи ҳукуматиро интизор аст.
“Мо дар дилхоҳ вақт омода ҳастем. Аз ҷониби комиссияи ҳукуматӣ ишора, ки шуд, ҳам барои гузарондани корҳои топографӣ ва аксбардорӣ ва ҳам барои сохтмони роҳ омодаем,”- афзуд Азим Иброҳим.
Вазир ҳамчунин зикр кард, ки дар музокироти ҳайатҳои ҳукуматии ду кишвар намояндагони бахшҳо ширкат намуда, дар мавриди бунёди ин роҳ тавофуқ ҳосил кардаанд. Аммо дертар кори пешбинишуда ба таъхир андохта шуд.
Тоҷикистон ва Қирғизистон пас аз ҳаводиси хунин соли 2021, ки моҳҳои апрел ва май сар зада буд, ба созиш расиданд, то поёни пурра дақиқ кардани хатти марз роҳи мошингарди Хоҷаи Аъло - Ворухро якҷоя месозанд.
Сухан сари протоколи №39 меравад, аммо ҳарчанд аз ин созиш наздик ба даҳ моҳ гузашта бошад ҳам, бунёди роҳ то кунун оғоз нашудааст.
Нигоҳубини ин роҳ, тибқи протоколи имзошуда, аз ҷониби Тоҷикистон ба уҳда гирифта шудааст.
Мувофиқи протокол, ҷумҳуриҳои ҳамсоя бояд якҷоя ин роҳро созанд, вале ҳукуматдорони Қирғизистон бар хилофи созишномаи имзошуда исрор меварзанд, ки худашон метавонанд ин роҳро созанд.
Онҳо ин масъаларо ба он рабт медиҳанд, ки мардуми қирғиз ба бунёди ин роҳ мухолиф баромадаанд ба ин далел, ки он вилояти Бодкандро ду тақсим хоҳад кард.
"Дар ин бора ошкоро мегӯям, онҳо хоҳиш доранд, ки сохтмони роҳи Ворухро шуруъ кунанд, бале, мо роҳро баста наметавонем, дар он ҷо 40 ҳазор нафар одам зиндагӣ мекунанд, роҳ аз Капчигай мегузарад. Аммо роҳро худамон месозем, барои ин маблағ дорем”, - гуфта буд раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев.
Ҷониби Қирғизистон, тибқи изҳороти ахири раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, анҷоми делимитатсия ва аломатгузорӣ дар тамоми хатти марзиро шарти аслии бунёди ин роҳ медонад.