Аз Спитамен то Панҷакент: эълони фасодзадатарин шаҳру навоҳӣ дар Суғд

© PeopleImagesКоррупция
Коррупция  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.02.2022
Обуна шудан
Сатҳи фасоди молӣ дар баъзе аз навоҳии шимоли кишвар мисли соли қабл гуфта мешавад, аммо дар бархеи дигар афзоиши он мушоҳида шудааст
ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Раёсати Оҷонсии зидди фасод дар вилояти Суғд мегӯяд, давоми соли 2021 дар ин минтақа 514 ҷинояти марбут ба ришвахориро ошкор кардааст.
Ин нишондод нисбат ба як соли қабл танҳо ду ҳолат (соли 2020-512) бештар будааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод, дар ин давра аз кулли мавориди ошкоршуда 231 мавридашро ҷиноёти вазнини коррупсионӣ ташкил медиҳад, ки 49 ҳолат нисбат ба ҳамин давраи қаблияш зиёд аст.
Гуфта мешавад, бештари фасоди молӣ марбути умури бонкӣ (66), маориф (57), идораи замин (44) будааст.
Дар зинаҳои баъдӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ (41), тандурустӣ (25), “Барқи тоҷик” (16) ва дар дигар ниҳодҳо қарор доранд, ки аз се то панҷ ҳолати фасодкорӣ дар онҳо ошкор шудааст.
Узбекская валюта - сум  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.02.2022
Қаллобӣ, сохтакорӣ ва гирифтани пора - ҷиноятҳое, ки мансабдорони Суғд содир кардаанд
Ҳамзамон Оҷонсии зидди фасод мегӯяд, мизони фасодкорӣ дар иддае аз шаҳру навоҳии вилоят дар ҳоли афзоиш аст.
Ҳамин тариқ ноҳияи Ситамен бо 123 ҳолат (соли 2020-59), шаҳри Панҷакент бо 66 (2020-66) ва Истаравшан бо 39 (2020-23) ҳолати фасоди молӣ садри ин феҳрасти вилоятӣ қарор гирифтаанд.
Дар зинаҳои баъдӣ бошад, Мастчоҳ бо 26, Исфара -25, Деваштич -24 , Ҷаббор Расулов -16 ҳолати ришваситонӣ қарор доранд.
Ин ниҳод мегӯяд, маблағи зарар аз кулли ҷиноёти ошкоршуда ба 16,3 миллион сомонӣ баробар буд, ки 10,4 миллиони он рӯёнида шуд.
Лентаи хабарҳо
0