https://sputnik.tj/20220215/qallobi-sokhtakori-va-giriftani-pora-jinoyathoe-ki-mansabdoroni-sughd-sodir-kardaand-1045897961.html
Қаллобӣ, сохтакорӣ ва гирифтани пора - ҷиноятҳое, ки мансабдорони Суғд содир кардаанд
Қаллобӣ, сохтакорӣ ва гирифтани пора - ҷиноятҳое, ки мансабдорони Суғд содир кардаанд
Sputnik Тоҷикистон
Масъулони Идораи мубориза бо фасод дар Суғд омори ҷиноятҳоеро, ки бо иштироки кормандони ҳукумат дар шаҳру навоҳии ин вилоят содир шудаанд, шарҳ доданд
2022-02-15T18:26+0500
2022-02-15T18:26+0500
2022-02-21T14:04+0500
дар тоҷикистон
суғд
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
оҷонсии зидди фасод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102468/34/1024683414_0:0:1200:675_1920x0_80_0_0_b4b8a18a480461dba075d8d68ba14695.jpg
ДУШАНБЕ, 15 фев – Sputnik. Аваз Шарафзода, сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Суғд дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки соли гузашта чанд корманди идораҳои ҳукуматӣ даст ба ҷиноят задааст.Бино ба иттилоъи ӯ, дар соли 2021 41 ҷиноят бо иштироки 32 корманди давлатӣ дар шаҳру навоҳии Суғд ошкор карда шудааст. "Дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент 10 ҳолати ҷиноят нисбати 5 нафар, Деваштич 6 ҷиноят нисбати 5 нафар, Хуҷанд 6 ҷиноят нисбати 4 нафар, Истаравшан 4 ҷиноят нисбати 4 нафар, Спитамен 4 ҷиноят нисбати 3 нафар, Зафаробод 3 ҷиноят нисбати 3 нафар, Мастчоҳ 3 ҷиноят нисбати 2 нафар, Бӯстон 2 ҷиноят нисбати 2 нафар, Ҷаббор Расулов 1 ҷиноят нисбати 2 нафар, Шаҳристон ва Исфара 1 ҷиноятӣ ошкор ва ба қайд гирифта шудааст", - гуфт Шарафзода.Барканории 396 мақомдор дар Тоҷикистон: сабабИн масъули ожонсӣ қайд намуд, ки ин феҳраст раисони ҷамоатҳо - 12 нафар, заминсозони ҷамоатҳо - 4 нафар, муовини раиси ҷамоат, котиб ва нозири мизи ҳарбии ҷамоатҳо - 1 нафарӣ, мудирони шуъбаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ - 4 нафар, директорон ва ноиби директорони сохторҳои тобеи мақомоти ҳокимияти давлатӣ - 3 нафар, сармутахассисони соҳа - 5 нафарро шомил мешавад. Бар пояи иттилои ин ниҳод, алайҳи ҷиноятҳое, ки аз ҷониби кормандони ин идораҳои давлатӣ ошкор карда шудаанд, умдатан тибқи моддаҳои 247 (қаллобӣ), 319 (гирифтани пора) ва 340 (сохтакорӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз ва ба қайд гирифта шудаанд.Аз ҷониби идораи мубориза бо фасод дар соли 2021 дар умум 514 мавриди ҷинояти коррупсионӣ ба қайд гирифта шудааст.
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102468/34/1024683414_197:0:1097:675_1920x0_80_0_0_069b13158827fe40b5e1f0d3de05a7a7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
фасод суғд мансабдор
Қаллобӣ, сохтакорӣ ва гирифтани пора - ҷиноятҳое, ки мансабдорони Суғд содир кардаанд
18:26 15.02.2022 (Навсозишуда: 14:04 21.02.2022) Масъулони идораи мубориза бо фасод дар Суғд омори ҷиноятҳоеро, ки бо иштироки кормандони ҳукумат дар шаҳру навоҳии ин вилоят содир шудаанд, расонаӣ карданд
ДУШАНБЕ, 15 фев – Sputnik. Аваз Шарафзода, сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Суғд дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки соли гузашта чанд корманди идораҳои ҳукуматӣ даст ба ҷиноят задааст.
Бино ба иттилоъи ӯ, дар соли 2021 41 ҷиноят бо иштироки 32 корманди давлатӣ дар шаҳру навоҳии Суғд ошкор карда шудааст.
"Дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент 10 ҳолати ҷиноят нисбати 5 нафар, Деваштич 6 ҷиноят нисбати 5 нафар, Хуҷанд 6 ҷиноят нисбати 4 нафар, Истаравшан 4 ҷиноят нисбати 4 нафар, Спитамен 4 ҷиноят нисбати 3 нафар, Зафаробод 3 ҷиноят нисбати 3 нафар, Мастчоҳ 3 ҷиноят нисбати 2 нафар, Бӯстон 2 ҷиноят нисбати 2 нафар, Ҷаббор Расулов 1 ҷиноят нисбати 2 нафар, Шаҳристон ва Исфара 1 ҷиноятӣ ошкор ва ба қайд гирифта шудааст", - гуфт Шарафзода.
Ин масъули ожонсӣ қайд намуд, ки ин феҳраст раисони ҷамоатҳо - 12 нафар, заминсозони ҷамоатҳо - 4 нафар, муовини раиси ҷамоат, котиб ва нозири мизи ҳарбии ҷамоатҳо - 1 нафарӣ, мудирони шуъбаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ - 4 нафар, директорон ва ноиби директорони сохторҳои тобеи мақомоти ҳокимияти давлатӣ - 3 нафар, сармутахассисони соҳа - 5 нафарро шомил мешавад.
Бар пояи иттилои ин ниҳод, алайҳи ҷиноятҳое, ки аз ҷониби кормандони ин идораҳои давлатӣ ошкор карда шудаанд, умдатан тибқи моддаҳои 247 (қаллобӣ), 319 (гирифтани пора) ва 340 (сохтакорӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз ва ба қайд гирифта шудаанд.
Аз ҷониби идораи мубориза бо фасод дар соли 2021 дар умум 514 мавриди ҷинояти коррупсионӣ ба қайд гирифта шудааст.