https://sputnik.tj/20220217/haqdodov-darguzasht-alovuddin-talafot-buzurg-1045964786.html
Ҳақдодов: Даргузашти Аловуддин талафоти бузурги миллат аст
Ҳақдодов: Даргузашти Аловуддин талафоти бузурги миллат аст
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Иттифоқи синамогарон афсӯс мехӯрад, ки Тоҷикистон яке аз боистеъдодтарин ва пуркортарин ҳунармандонашро аз даст дод
2022-02-17T14:20+0500
2022-02-17T14:20+0500
2022-02-17T14:55+0500
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/11/1045954005_0:0:749:421_1920x0_80_0_0_6f3f5532540225de9fac5092db59db09.jpg
ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Сафар Ҳақдодов, раиси Иттифоқи синомагорони Тоҷикистон даргузашти Ҳунарманди мардумӣ, ҳунарпешаи маъруфи театр ва синамо Аловуддин Абдуллоевро талафоти бузурги ҳунар ва миллати тоҷик арзёбӣ мекунад.Ба қавли Ҳақдодов, ҳунарманд Абдуллоев, берун аз фаъолиятҳои доманадораш дар соҳаи ҳаҷв коргардон, продюссер ва узви Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон низ буд.Абдуллоев чун коргардон чанд филм таҳия намудаву номдортаринашон филми мустанади “Ҷӯгӣ” мебошад, ки аз тариқи тевизионҳои хориҷӣ низ ба намоиш гузошта шудааст.Ҳақдодов меафзояд, дӯсташ кӯшиш мекард, ки дар тамоми чорабиниҳои фарҳангӣ даст дошта бошад. Ҳатто дар барномаи байналмилалии “Central Asia's Got Talent” вақт пайдо намуда, ба ҳайси довар иштирок намуд.“Ҳунарманд ҳамчун узви Иттифоқи синамогарон даҳҳо нафарро ба узвият раҳнамоӣ намуд ва дар калонтарин минтақа иттифоқро роҳбарӣ мекард”, - таъкид мекунад раиси синамогарон.Муаллифи барномаи машҳуртаринаш - “Шӯхиҳои Аловуддин” ӯ худаш буд. Латифаҳоро дар асоси ин ё он асар эҷод мекард ва сипас пешниҳоди бинандагон менамуд. “Ҳатто аз асарҳои Чехов дар ҳаҷваш истифода менамуд", - таъкид мекунад вай.Марҳум мухлисонашро аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон эҳтиром мекард ва дӯст медошт, барои ҳамин бо истифода аз лаҳҷаҳои гуногун мехост сокинони минтақаҳои кишварро шод кунад.Ба гуфтаи дӯсти вай, серкорӣ ва вазифаи масъулиятнок боиси аз мардум ва ҷамъият дур мондани Аловуддин намешуданд.“Ӯ шабу нимшаб нагуфта, ба маъракаҳои мардум, барои кӯмак ба онҳо ҳозир мешуд ва хидмат мекард. Бисёр як инсони хоксору меҳрубон буд. Барои дастгирии ҳунармандорн дар куҷое набошад, худашро мерасонид”,- қайд менамояд ӯ.Дӯсти Аловуддин мегӯяд, ҳоло ӯ дар манзили падарии вай, дар маркази шаҳри Бохтар, ки номи кӯча ба исми падараш Ҷаъфари Абдулло гузошта шудааст, қарор дорад.Ҳамдардии Вазорати фарҳанг ба хонаводаи Аловуддин АбдуллоевИнтизор меравад, ҷанозаи ҳунарманд ва маросими видоъ бо вай пас аз нисфирӯзӣ баргурзор шавад. Мардуми зиёде барои ба хонаи охират гусел кардани ҳунарманди мардумии Тоҷикистон дар манзили ӯ ҳозир шудаанд.Ҳақдодов меафзояд, ду фарзанди Абудуллоев – писараш дар риштаи синамо ва духтараш дар мусиқӣ фаъолият мекунанд.Дӯстони ҳунарманд гуфтаанд, ки далели марги Аловуддин Абдуллоев сактаи қалб будааст.“Ман, шахсан, ки доим бо ӯ дар иртибот будам, боре ҳам нашуданида будам, ки аз саломатиаш шикоят карда бошад. Ҳамеша чеҳрааш шод ва аз зиндагӣ розӣ буд. Афсӯс, ки хело ҷавон рафт ва барои миллати тоҷик марги Аловуддин Абдуллоев таслият мегӯям”, - таъкид мекунад вай.
https://sputnik.tj/20220217/darguzashti-alovuddin-abdulloev-hunarpeshai-mardumii-tojikiston--1045954202.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/11/1045954005_0:0:749:563_1920x0_80_0_0_720b949f71987c106a12d803d7bf99c5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сафар ҳақдодов аловуддин абдуллоев даргузашт
сафар ҳақдодов аловуддин абдуллоев даргузашт
Ҳақдодов: Даргузашти Аловуддин талафоти бузурги миллат аст
14:20 17.02.2022 (Навсозишуда: 14:55 17.02.2022) Раиси Иттифоқи синамогарон афсӯс мехӯрад, ки Тоҷикистон яке аз боистеъдодтарин ва пуркортарин ҳунармандонашро аз даст дод
ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Сафар Ҳақдодов, раиси Иттифоқи синомагорони Тоҷикистон даргузашти Ҳунарманди мардумӣ, ҳунарпешаи маъруфи театр ва синамо Аловуддин Абдуллоевро талафоти бузурги ҳунар ва миллати тоҷик арзёбӣ мекунад.
Ба қавли Ҳақдодов, ҳунарманд Абдуллоев, берун аз фаъолиятҳои доманадораш дар соҳаи ҳаҷв коргардон, продюссер ва узви Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон низ буд.
“Таъйин шуданаш ба ҳайси мудири бахши фарҳанги Хатлон монеае дар рушди фаъолиятҳои эҷодияш намешуданд. Ӯ ба ҳар коре, ки даст мезад, бисёр ҳирфаӣ анҷом медод”, - қайд мекунад роҳбари иттифоқ..
Абдуллоев чун коргардон чанд филм таҳия намудаву номдортаринашон филми мустанади “Ҷӯгӣ” мебошад, ки аз тариқи тевизионҳои хориҷӣ низ ба намоиш гузошта шудааст.
Ҳақдодов меафзояд, дӯсташ кӯшиш мекард, ки дар тамоми чорабиниҳои фарҳангӣ даст дошта бошад. Ҳатто дар барномаи байналмилалии “Central Asia's Got Talent” вақт пайдо намуда, ба ҳайси довар иштирок намуд.
“Ҳунарманд ҳамчун узви Иттифоқи синамогарон даҳҳо нафарро ба узвият раҳнамоӣ намуд ва дар калонтарин минтақа иттифоқро роҳбарӣ мекард”, - таъкид мекунад раиси синамогарон.
Муаллифи барномаи машҳуртаринаш - “Шӯхиҳои Аловуддин” ӯ худаш буд. Латифаҳоро дар асоси ин ё он асар эҷод мекард ва сипас пешниҳоди бинандагон менамуд. “Ҳатто аз асарҳои Чехов дар ҳаҷваш истифода менамуд", - таъкид мекунад вай.
Марҳум мухлисонашро аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон эҳтиром мекард ва дӯст медошт, барои ҳамин бо истифода аз лаҳҷаҳои гуногун мехост сокинони минтақаҳои кишварро шод кунад.
Ба гуфтаи дӯсти вай, серкорӣ ва вазифаи масъулиятнок боиси аз мардум ва ҷамъият дур мондани Аловуддин намешуданд.
“Ӯ шабу нимшаб нагуфта, ба маъракаҳои мардум, барои кӯмак ба онҳо ҳозир мешуд ва хидмат мекард. Бисёр як инсони хоксору меҳрубон буд. Барои дастгирии ҳунармандорн дар куҷое набошад, худашро мерасонид”,- қайд менамояд ӯ.
Дӯсти Аловуддин мегӯяд, ҳоло ӯ дар манзили падарии вай, дар маркази шаҳри Бохтар, ки номи кӯча ба исми падараш Ҷаъфари Абдулло гузошта шудааст, қарор дорад.
Интизор меравад, ҷанозаи ҳунарманд ва маросими видоъ бо вай пас аз нисфирӯзӣ баргурзор шавад. Мардуми зиёде барои ба хонаи охират гусел кардани ҳунарманди мардумии Тоҷикистон дар манзили ӯ ҳозир шудаанд.
Ҳақдодов меафзояд, ду фарзанди Абудуллоев – писараш дар риштаи синамо ва духтараш дар мусиқӣ фаъолият мекунанд.
Дӯстони ҳунарманд гуфтаанд, ки далели марги Аловуддин Абдуллоев сактаи қалб будааст.
“Ман, шахсан, ки доим бо ӯ дар иртибот будам, боре ҳам нашуданида будам, ки аз саломатиаш шикоят карда бошад. Ҳамеша чеҳрааш шод ва аз зиндагӣ розӣ буд. Афсӯс, ки хело ҷавон рафт ва барои миллати тоҷик марги Аловуддин Абдуллоев таслият мегӯям”, - таъкид мекунад вай.