Путин гуфт, бо муҳоҷирони қонуншикан чӣ бояд кард

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин принял участие в расширенном заседании коллегии МЧС РФ
Президент РФ В. Путин принял участие в расширенном заседании коллегии МЧС РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.02.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури Русия дар Коллегияи васеи Вазорати умури дохилӣ аз зарурати ихроҷ кардани муҳоҷирони қонуншикан аз қалмрави ин кишвар гуфт
ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин гуфт, ҳама гуна зуҳури ифротгароӣ ва нақзи қонун аз ҷониби муҳоҷирон бояд бо ихроҷ муҷозот шавад.
Илова бар ин, ба гуфтаи роҳбари Русия, бояд дар оянда вуруди ҳамаи қонуншиканон ба ин кишвар манъ шавад.
"Ҳама гуна зуҳуроти ифротгароӣ, нақзи қонун ва тартибот, фаъолияти ғайриқонунии меҳнатӣ [бояд] барои зуд қабул ва иҷрои қарор дар бораи ихроҷи ин гуна афрод аз Русия замина гардад".
Президент қайд кард, ки муборизаи муассир бо ифротгароӣ бевосита ба соҳаи муҳоҷират алоқаманд аст.
Вай тавзеҳ дод, ки муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва фаъолияти гурӯҳҳои ҷиноиро, ки болотар аз ин раванд меистанд ва тиҷорати ҷиноӣ месозанд, назорат кардан лозим аст.
Ба гуфтаи президент, дар баробари ин гуна афрод "чораҳои сахттарин" низ бояд кор карда шавад.
Преподаватель пишет на доске в классе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.02.2022
Аз Ёвон 86 омӯзгор муҳоҷир шуд: раиси ноҳия изҳори нигаронӣ кард
Қобили зикр аст, ки ба гуфтаи Владимир Колоколтсев, вазири умури дохилии Русия, соли гузашта ҳудуди як миллион нафар ҳуқуқи будубоши қонунӣ дар Русияро дарёфт карда ва патент гирифтаанд. Ҳамзамон назорат аз болои риояи қонунгузории ҷорӣ аз ҷониби муҳоҷирон тақвият шудааст.
Ба гуфтаи Колоколтсев, ҳангоми санҷишҳо дар сохтмонҳо, маконҳои савдо, ҷойҳои иқомати комплекти муҳоҷирон бештари афроде, ки ба қонуншиканиҳои гуногун даст задаанд, ошкор шуданд.
Лентаи хабарҳо
0