https://sputnik.tj/20220217/maqomot-huquqi-shahrvandonashro-himoya-mekunad-rohandozii-kumakhoi-huquqi-roygon-dar-rusiya-1045993522.html
Мақомот ҳуқуқи шаҳрвандонашро ҳимоя мекунад: роҳандозии хадамоти ҳуқуқии ройгон дар Русия
Мақомот ҳуқуқи шаҳрвандонашро ҳимоя мекунад: роҳандозии хадамоти ҳуқуқии ройгон дар Русия
Sputnik Тоҷикистон
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия эълон кардааст, ки муҳоҷирони тоҷик, ки дар Русия кору зиндагӣ мекунанд, метавонанд ба таври ройгон машварату кӯмакҳои ҳуқуқӣ бигиранд
2022-02-17T19:45+0500
2022-02-17T19:45+0500
2022-02-21T15:34+0500
дар тоҷикистон
муҳоҷират
ҳуқуқ
кӯмак
шаҳрвандон
машварат
вазорати меҳнат
намояндагӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/17/1044333720_0:148:3073:1876_1920x0_80_0_0_4b302b5e5e880d0268ca6ac3518cdc45.jpg
ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон барои ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷҷикистон дар Русия машварату кӯмакҳои ҳуқуқии ройгонро ба роҳ мондаанд.Тавре намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия хабар додааст, намояндагӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, риояи қонунҳои будубоши кишвари икомат, ба роҳ мондани фаъолияти меҳнатӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳандаи фаъолият (патент) ва бастани шартномаҳои меҳнатӣ бо субъектони хоҷагидор, ҳимояи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ҳангоми боздошт аз ҷониби маъмурони пулис ва ба муҳоҷирони меҳнатӣ мусоидат намудан дар тартиб додани аризаҳои даъвогиву шикоятӣ, мунтазам машварати ҳуқуқӣ ва амалиро ба таври ройгон роҳандозӣ менамояд.“Расонидани машварати ҳуқуқӣ ва ҳуқуқӣ – амалӣ дар шаҳри Маскав ва ҳавзаҳои федералии Русия дар доираи қонунгузории Тоҷикистон ва Русия ба таври ройгон ба роҳ монда шуда, масъулини намояндагӣ пайваста барои мусоидат ба ҳалли масъалаҳои муҳоҷиратӣ миёни муҳоҷирони меҳнатӣ" талош менамоянд таъкид намудааст манбаъ.Ҳамзамон Намояндагӣ илова кардааст, ки дар соли 2021 аз ҷониби масъулини намояндагӣ ба 14 653 нафар муҳоҷир – шаҳрвандони Тоҷикистон тавсияву машваратҳои ҳуқуқӣ вобаста ба қонунигардонии ҳузури онҳо дар қаламрави Русия дода шуда, ба 3 572 нафар шаҳрванд кӯмакҳои ҳуқуқии амалӣ расонида шудааст.Инчунин ба иттилои манбаъ, ба 45 нафар шаҳрванди кишвар – муҳоҷирони меҳнатӣ вобаста ба қарздор буданашон аз судиҷрочиён ва сари вақт насупоридани ҷаримаҳояшон бо содир кардани ҳуқуқвайрнкунии маъмурӣ машварати ҳуқуқии амалӣ расонида шудааст.Инчунин дар соли 2021 аз ҷониби масъулини намояндагӣ дар қаламрави Русия 29 амали фиребдиҳандаи миёнаравон ошкор ва ҷуброни зарари муҳоҷирон баргардонида шудааст.Дар доираи қонунгузории Русия, Тоҷикистон ва такя ба қонунгузории байналмилалӣ дар самти муҳоҷират масъулини намояндагӣ ба зинаҳои болоии судӣ 66 шикояти бар мабнои ихроҷи шаҳрвандон ирсол намудаанд, ки дар натиҷа 13 қарори суди ноҳиявӣ бекор шудааст.Дар ҳамин ҳол намояндагӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ тавсия додааст, ки коргарони муҳоҷир қонунгузории кишвари қабулкунандаи қувваи кориро риоя намуда, тибқи тартиби муқарраршуда, кор ва фаъолият намоянд.Ҳамчунин намояндагӣ аз шаҳрвандони Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ хоҳиш кардааст, ки дар ҳолати пайдо гардидани мушкилот ба дафтари намояндагӣ дар шаҳри Маскав муроҷиат намоянд.
https://sputnik.tj/20220119/medvedev-bozori-siyohi-muhojirat-amniyati-rusiya-tahdid-1044928187.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/17/1044333720_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_7fd8e871bd7d6b2fd301baac0739ada2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, муҳоҷират, машварат кумак, ройгон, русия, маскав
тоҷикистон, муҳоҷират, машварат кумак, ройгон, русия, маскав
Мақомот ҳуқуқи шаҳрвандонашро ҳимоя мекунад: роҳандозии хадамоти ҳуқуқии ройгон дар Русия
19:45 17.02.2022 (Навсозишуда: 15:34 21.02.2022) Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия эълон кардааст, муҳоҷирони тоҷике, ки дар Русия кору зиндагӣ мекунанд, метавонанд ба таври ройгон машварату кӯмаки ҳуқуқӣ бигиранд
ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон барои ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷҷикистон дар Русия машварату кӯмакҳои ҳуқуқии ройгонро ба роҳ мондаанд.
Тавре намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия хабар додааст, намояндагӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, риояи қонунҳои будубоши кишвари икомат, ба роҳ мондани фаъолияти меҳнатӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳандаи фаъолият (патент) ва бастани шартномаҳои меҳнатӣ бо субъектони хоҷагидор, ҳимояи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ҳангоми боздошт аз ҷониби маъмурони пулис ва ба муҳоҷирони меҳнатӣ мусоидат намудан дар тартиб додани аризаҳои даъвогиву шикоятӣ, мунтазам машварати ҳуқуқӣ ва амалиро ба таври ройгон роҳандозӣ менамояд.
“Расонидани машварати ҳуқуқӣ ва ҳуқуқӣ – амалӣ дар шаҳри Маскав ва ҳавзаҳои федералии Русия дар доираи қонунгузории Тоҷикистон ва Русия ба таври ройгон ба роҳ монда шуда, масъулини намояндагӣ пайваста барои мусоидат ба ҳалли масъалаҳои муҳоҷиратӣ миёни муҳоҷирони меҳнатӣ" талош менамоянд таъкид намудааст манбаъ.
Ҳамзамон Намояндагӣ илова кардааст, ки дар соли 2021 аз ҷониби масъулини намояндагӣ ба 14 653 нафар муҳоҷир – шаҳрвандони Тоҷикистон тавсияву машваратҳои ҳуқуқӣ вобаста ба қонунигардонии ҳузури онҳо дар қаламрави Русия дода шуда, ба 3 572 нафар шаҳрванд кӯмакҳои ҳуқуқии амалӣ расонида шудааст.
Инчунин ба иттилои манбаъ, ба 45 нафар шаҳрванди кишвар – муҳоҷирони меҳнатӣ вобаста ба қарздор буданашон аз судиҷрочиён ва сари вақт насупоридани ҷаримаҳояшон бо содир кардани ҳуқуқвайрнкунии маъмурӣ машварати ҳуқуқии амалӣ расонида шудааст.
Инчунин дар соли 2021 аз ҷониби масъулини намояндагӣ дар қаламрави Русия 29 амали фиребдиҳандаи миёнаравон ошкор ва ҷуброни зарари муҳоҷирон баргардонида шудааст.
Дар доираи қонунгузории Русия, Тоҷикистон ва такя ба қонунгузории байналмилалӣ дар самти муҳоҷират масъулини намояндагӣ ба зинаҳои болоии судӣ 66 шикояти бар мабнои ихроҷи шаҳрвандон ирсол намудаанд, ки дар натиҷа 13 қарори суди ноҳиявӣ бекор шудааст.
Дар ҳамин ҳол намояндагӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ тавсия додааст, ки коргарони муҳоҷир қонунгузории кишвари қабулкунандаи қувваи кориро риоя намуда, тибқи тартиби муқарраршуда, кор ва фаъолият намоянд.
“Ҳангоми оғози фаъолияти меҳнатӣ бо корфармо шартномаи меҳнатӣ ба имзо расонида, як нусхаи аслии онро дар худ нигоҳ дошта, тибқи муқаррарорти шартномаи меҳнатӣ фаъолият намоянд”, - илова кардааст манбаъ.
Ҳамчунин намояндагӣ аз шаҳрвандони Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ хоҳиш кардааст, ки дар ҳолати пайдо гардидани мушкилот ба дафтари намояндагӣ дар шаҳри Маскав муроҷиат намоянд.