https://sputnik.tj/20220119/medvedev-bozori-siyohi-muhojirat-amniyati-rusiya-tahdid-1044928187.html
Медведев: Бозори сиёҳи хидматрасонӣ дар бахши муҳоҷират амнияти Русияро таҳдид мекунад
Медведев: Бозори сиёҳи хидматрасонӣ дар бахши муҳоҷират амнияти Русияро таҳдид мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Ба гуфтаи муовини раиси Шӯрои амнияти Русия, набудани назорати дуруст дар бахши муҳоҷиратӣ ба амнияти кишвар таҳдидҳои ҷиддӣ эҷод мекунад
2022-01-19T09:00+0500
2022-01-19T09:00+0500
2022-01-19T11:39+0500
муҳоҷират
дмитрий медведев
таҳдид
хатар
амнияти миллӣ
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1b/1039068454_0:205:2915:1844_1920x0_80_0_0_c0360aaa8ef04303e420cf435c6f2aab.jpg
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Дмитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои амнияти Русия гуфт, бозори ҷиноии хидматрасонӣ дар бахши муҳоҷират амнияти ин кишварро ба хатари ҷиддӣ мувоҷеҳ мекунад.Вай дар як ҷаласаи марбут ба масоили муҳоҷиратӣ афзуд, бархе аз муҳоҷироне, ки қонунӣ дар қаламрави Русия ҳузур доранд, вақте бо монеаҳои маъмурӣ рӯ ба рӯ мешаванд, маҷбур мешаванд, ба миёнаравҳои гуногун муроҷиат кунанд.Ӯ ин бахшро "макони фасод ва сӯистифода" номид.Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия таъкид кард, ки "набудани назорат дар ин самт барои амнияти кишвар хатари ҷиддӣ эҷод мекунад".Ба андешаи ӯ, шумораи муҳоҷирон дар Русия афзоиш хоҳад ёфт, аз ин рӯ барномаи ягонаи иттилоотӣ дар бораи равандҳои муҳоҷират зарур аст.Ба гуфтаи вай, “зарурати чунин барнома ниҳоят муҳим аст”.Дар ҳамин ҳол Вазорати корҳои дохилии Русия аз афзоиши мавориди ҷиноят дар соли 2021 хабар дода буд. Тибқи омори ин ниҳод, он тақрибан 6 дарсад буд, ҳарчанд як сол пеш ин рақам баръакс дар ҳоли коҳишёбӣ буд.Дар маҷмуъ шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар қаламрави Русия 36,4 ҳазор ҷиноят содир кардаанд.Қайд карда мешавад, ки аксари ҷиноятҳо, 78,3 дарсад, яъне 28,5 ҳазор ҷиноят аз сӯйи муҳоҷирони кишварҳои ИДМ содир шудааст.
https://sputnik.tj/20220118/medvedev-rusiya-omadani-ziyodi-muhojiron-omoda-1044925895.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1b/1039068454_91:0:2822:2048_1920x0_80_0_0_ea14dc3b6ec0fbb8b14e587a38df93f4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, муҳоҷират, дмитри медведев, таҳдид, амнияти кишвар
русия, муҳоҷират, дмитри медведев, таҳдид, амнияти кишвар
Медведев: Бозори сиёҳи хидматрасонӣ дар бахши муҳоҷират амнияти Русияро таҳдид мекунад
09:00 19.01.2022 (Навсозишуда: 11:39 19.01.2022) Ба гуфтаи муовини раиси Шӯрои амнияти Русия, набудани назорати дуруст дар бахши муҳоҷиратӣ барои амнияти ин кишвар таҳдидҳои ҷиддӣ эҷод мекунад
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Дмитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои амнияти Русия гуфт, бозори ҷиноии хидматрасонӣ дар бахши муҳоҷират амнияти ин кишварро ба хатари ҷиддӣ мувоҷеҳ мекунад.
Вай дар як ҷаласаи марбут ба масоили муҳоҷиратӣ афзуд, бархе аз муҳоҷироне, ки қонунӣ дар қаламрави Русия ҳузур доранд, вақте бо монеаҳои маъмурӣ рӯ ба рӯ мешаванд, маҷбур мешаванд, ба миёнаравҳои гуногун муроҷиат кунанд.
"Ҳатто шаҳрвандони хориҷие, ки қонунро риоят мекунанд ва соҳибихтисос ҳастанд, ки мо аз омадани онҳо манфиатдор ҳастем, маҷбур мешаванд, мушкили худро бо миёнаравҳо ҳал кунанд. Ин ҳамин тавр аст. Баъзан монеаҳои маъмуриро ҳал кардан хеле мушкил аст", - гуфт Медведев.
Ӯ ин бахшро "макони фасод ва сӯистифода" номид.
Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия таъкид кард, ки "набудани назорат дар ин самт барои амнияти кишвар хатари ҷиддӣ эҷод мекунад".
Ба андешаи ӯ, шумораи муҳоҷирон дар Русия афзоиш хоҳад ёфт, аз ин рӯ барномаи ягонаи иттилоотӣ дар бораи равандҳои муҳоҷират зарур аст.
Ба гуфтаи вай, “зарурати чунин барнома ниҳоят муҳим аст”.
Дар ҳамин ҳол Вазорати корҳои дохилии Русия аз афзоиши мавориди ҷиноят дар соли 2021 хабар дода буд. Тибқи омори ин ниҳод, он тақрибан 6 дарсад буд, ҳарчанд як сол пеш ин рақам баръакс дар ҳоли коҳишёбӣ буд.
Дар маҷмуъ шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар қаламрави Русия 36,4 ҳазор ҷиноят содир кардаанд.
Қайд карда мешавад, ки аксари ҷиноятҳо, 78,3 дарсад, яъне 28,5 ҳазор ҷиноят аз сӯйи муҳоҷирони кишварҳои ИДМ содир шудааст.