БМТ қурби рубл, доллар ва евроро нисбат ба сомонӣ эълон кард: бозори арз

© Sputnik / Михаил Кутузов / Гузариш ба медиабонкДенежные купюры и монеты разных стран
Денежные купюры и монеты разных стран - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.02.2022
Обуна шудан
Дар бозори асъори Тоҷикистон сар аз соли нав навасони арзиши асъор, аз қабили рублу евро нисбат ба сомонӣ ба назар мерасад
ДУШАНБЕ, 17 фев – Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро дар қиболи асъор эълон кард.
Тибқи нишондоди ин ниҳод, 1000 рубли русӣ дар бозори арзи кишвар 150 сомонӣ арзиш дорад.
Ин дар ҳолест, ки ду рӯз қабл дар кишвар барои 1000 рубл 147 сомонӣ медоданд.
Арзиши арзи аврупоӣ бошад, каме боло рафта, дар бозори кишвар ҳоло як евро 12.8481 сомонӣ қимат дорад.
Ин асъор ҳамоно дар ҳоли шинокунандагӣ қарор дорад ва нишондиҳандаҳои чанд моҳи ахир бозгӯи онанд, ки он зуд-зуд мавқеашро тағйир медиҳад.
Дар ҳамин ҳол арзиши пули амрикоӣ дар бозори арзи Тоҷикистон устуворияшро нигоҳ медорад. Қурби 1 доллар ҳоло дар бозори арзи кишвар 11.3000 сомонӣ аст.
Денежные купюры. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.01.2022
Пешбинии иқтисоддон дар бораи ояндаи доллар: бояд харид ё на?
Ҳамчунин қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА аз 11.3000 то 11.3000 сомонӣ;
1 евро аз 12.8481 то 13.0500 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1503 то 0.1520 сомонӣ.
Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0