https://sputnik.tj/20220214/norasoi-harakat-saidzoda-tark-kasb-omuzgoron-1045839000.html
Саидзода дар бораи тарки касб кардани омӯзгорони тоҷик: Норасоӣ не, ҳаракат гӯед
Саидзода дар бораи тарки касб кардани омӯзгорони тоҷик: Норасоӣ не, ҳаракат гӯед
Sputnik Тоҷикистон
Мудири Агентии назорат дар соҳаи маорифи назди президенти Тоҷикистон нишондоди тарки касб кардани омӯзгоронро поин медонад ва оморро ироа намуд
2022-02-14T17:50+0500
2022-02-14T17:50+0500
2022-02-14T18:33+0500
маориф
агентӣ
назорат
таҳсил
омӯзгор
дар тоҷикистон
норасоӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103083/18/1030831839_0:0:1227:691_1920x0_80_0_0_7a7cb8d320add640ebe5a0a909b0f322.jpg
ДУШАНБЕ, 14 фев - Sputnik. Шоҳин Саидзода, мудири Агентии назорат дар соҳаи маорифи Тоҷикистон мегӯяд, ҳамагӣ 0,7 дарсади омӯзгорон соли гузашта тарки касб намудаанд. Саидзода зимни нишасти матбуотӣ зикр намуд, ки хабарҳо атрофи ба мардикорӣ рафтани омӯзгорон аз мавзуъҳои пурбаҳси шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад. Ӯ иттилоъ дод, ки дар макотиби ҷумҳурӣ 160 ҳазор омӯзгор фаъолият мекунанд. Теъдоди онҳое, ки соли гузашта бо сабабҳои гуногун, аз қабили иваз кардани ҷойи кор, баромадан ба нафақ, рафтан ба хидмати ҳарбӣ ва ғайра аз кори омӯзгорӣ рафтаанд, дар маҷмуъ 1124 нафарро ташкил дод. Саидзода афзуд, дар як сол омӯзгороне, ки тарки касб кардаанд, 0,7 фоизи теъдоди умумиро ташкил додааст, дар ҳоле ки дар Тоҷикистон ҳамасола 16 ҳазор муаллим донишгоҳро хатм ва барои фаъолияти омӯзгорӣ омода мешавад. Ба гуфтаи раиси агентӣ, 16 ҳазор кадри нав ин ҳудуди 10 дарсади талаботи умумӣ ба омӯзгорон дар кишвар мебошад. Дар мавриди он ки чаро вақтҳои охир ин масъала мубрам шудаст, Саидзода гуфт, ки ин мушкил ба пандемия рабт дорад. Ӯ тавзеҳ дод, ки ба далели пандемия бисёре аз омӯзгороне, ки дар Русия ва Қазоқистон кор мекарданд, натавонистанд ба он ҷо сафар кунанд ва дар муассисаҳои Тоҷикистон соатҳои илоавгӣ гирифтанд. Бо ҳалли масъалаи нархи чипта ва лағви маҳдудиятҳо ин кадрҳо ба ҷойҳои корашон баргаштанд. Ӯ афзуд, ки ин равандро ҳаракат меномад. Ин дар ҳолест, ки Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон ахиран зимни нишасти хабарӣ аз коҳиши камбуди омӯзгорон дар кишвар гуфт."Нарасидани омӯзгорон дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ дар соли таҳсили ҷорӣ беш аз 2,1 ҳазор нафарро ташкил дод, ки нисбат ба як соли қабл 828 нафар камтар аст", - гуфт вазир.Ба гуфтаи Имомзода, дар соли таҳсили 2021-2022 дар навоҳии тобеи марказ 765 омӯзгор, вилояти Суғд 708, вилояти Хатлон 440, Душанбе 194 ва ВМКБ 59 омӯзгор намерасад.
https://sputnik.tj/20220203/maorif-tojikiston-kambud-omuzgor-1045442092.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103083/18/1030831839_102:0:1227:844_1920x0_80_0_0_c736cdc628ac0ce4e2c2e3ea2eb12445.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
саидзода, агентӣ, омғӯзгор, тарки касб, маориф
саидзода, агентӣ, омғӯзгор, тарки касб, маориф
Саидзода дар бораи тарки касб кардани омӯзгорони тоҷик: Норасоӣ не, ҳаракат гӯед
17:50 14.02.2022 (Навсозишуда: 18:33 14.02.2022) Мудири Агентии назорат дар соҳаи маорифи назди президенти Тоҷикистон нишондоди тарки касб кардани омӯзгоронро поин медонад ва омор дар ин хусусро ироа намуд
ДУШАНБЕ, 14 фев - Sputnik. Шоҳин Саидзода, мудири Агентии назорат дар соҳаи маорифи Тоҷикистон мегӯяд, ҳамагӣ 0,7 дарсади омӯзгорон соли гузашта тарки касб намудаанд.
Саидзода зимни нишасти матбуотӣ зикр намуд, ки хабарҳо атрофи ба мардикорӣ рафтани омӯзгорон аз мавзуъҳои пурбаҳси шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад.
Ӯ иттилоъ дод, ки дар макотиби ҷумҳурӣ 160 ҳазор омӯзгор фаъолият мекунанд. Теъдоди онҳое, ки соли гузашта бо сабабҳои гуногун, аз қабили иваз кардани ҷойи кор, баромадан ба нафақ, рафтан ба хидмати ҳарбӣ ва ғайра аз кори омӯзгорӣ рафтаанд, дар маҷмуъ 1124 нафарро ташкил дод.
Саидзода афзуд, дар як сол омӯзгороне, ки тарки касб кардаанд, 0,7 фоизи теъдоди умумиро ташкил додааст, дар ҳоле ки дар Тоҷикистон ҳамасола 16 ҳазор муаллим донишгоҳро хатм ва барои фаъолияти омӯзгорӣ омода мешавад.
Ба гуфтаи раиси агентӣ, 16 ҳазор кадри нав ин ҳудуди 10 дарсади талаботи умумӣ ба омӯзгорон дар кишвар мебошад.
Дар мавриди он ки чаро вақтҳои охир ин масъала мубрам шудаст, Саидзода гуфт, ки ин мушкил ба пандемия рабт дорад. Ӯ тавзеҳ дод, ки ба далели пандемия бисёре аз омӯзгороне, ки дар Русия ва Қазоқистон кор мекарданд, натавонистанд ба он ҷо сафар кунанд ва дар муассисаҳои Тоҷикистон соатҳои илоавгӣ гирифтанд. Бо ҳалли масъалаи нархи чипта ва лағви маҳдудиятҳо ин кадрҳо ба ҷойҳои корашон баргаштанд. Ӯ афзуд, ки ин равандро ҳаракат меномад.
"Норасоӣ нагӯед, ин ҳаракат аст, омӯзгорон дар ҳаракатанд. Дар Русия кор мекунад, боз меояд ин ҷо", - изҳор дошт раиси агентӣ.
Ин дар ҳолест, ки Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон ахиран зимни нишасти хабарӣ аз коҳиши камбуди омӯзгорон дар кишвар гуфт.
"Нарасидани омӯзгорон дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ дар соли таҳсили ҷорӣ беш аз 2,1 ҳазор нафарро ташкил дод, ки нисбат ба як соли қабл 828 нафар камтар аст", - гуфт вазир.
Ба гуфтаи Имомзода, дар соли таҳсили 2021-2022 дар навоҳии тобеи марказ 765 омӯзгор, вилояти Суғд 708, вилояти Хатлон 440, Душанбе 194 ва ВМКБ 59 омӯзгор намерасад.