Винер-Усмонова: Валиева беназир аст ва то абад дар таърих боқӣ хоҳад монд

© REUTERS \ ALEKSANDRA SZMIGIELКамила Валиева
Камила Валиева - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.02.2022
Обуна шудан
Рӯзи сешанбе варзишгари рус дар Бозиҳои олимпии Пекин дар барномаи кӯтоҳ мақоми аввалро касб кард
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Ҳунарнамоии Камила Валиева дар Бозиҳои олимпии Пекин дар таърихи рақс дар рӯи ях то абад боқӣ хоҳад монд.
Дар ин бора Ирина Винер-Усмонова, президенти Федератсияи умумирусиягии гимнастикаи бадеӣ дар суҳбати телефонӣ бо ТАСС ибрози назар кардааст.
"Ӯ конкибози беназир аст, ин духтар дар таърих боқӣ хоҳад монд, ба мисли Роднина, Бестемянова, Букин ва дигар конкибозони машҳур, ки ҳамеша дар Русия пайдо шудаанд. Аммо вай кайҳон аст", - гуфт Винер-Усмонова.
Ҳунарпешаи маъруфи "Ҳолливуд" Алек Болдуин, ки мустақиман ба яхмолакбозӣ иртибот дорад, пас аз баромадаш дар мусобиқаи дастаҷамъона аз ҳунарнамоии варзишгари рус ба ваҷд омад.
Олимпиада-2022. Фигурное катание. Женщины. Тренировки - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.02.2022
Камила Валиева барои идомаи мусобиқа иҷозат гирифт
Вай дар саҳифаи "Instagram"-и худ навишт, ки тамоми зебоии дунё дар Валиева ҷамъ шудааст.

"Ин духтар аҷиб аст ва ба шарофати доварон, ки онҳо ҳамеша ба чунин зебоӣ ва чунин кори аҷиби варзишгару мураббӣ бо чашмони боз менигаранд", - афзуд президенти Федератсияи гимнастикаи бадеӣ.

Ёдовар мешавем, ки Камила Валиева, варзишгари рус дар Бозиҳои олимпии Пекин дар риштаи яхмолакбозӣ дар барномаи кӯтоҳ мақоми аввалро касб кард. Барои барномаи худ варзишгари 15-сола 82,16 хол гирифт.
Ҳимояти Кремл ва парлумони Русия аз Камила Валиева
Дар зинаи дуюм низ варзишкори рус Анна Шербакова бо 80,20 имтиёз қарор дорад. Каори Сакамото аз Ҷопон бо 79,84 имтиёз дар ҷои севум аст.
Александра Трусоваи рус бо 74,60 имтиёз дар ҷои чаҳорум қарор гирифт.
Сабқати навбатӣ 17 феврал дар назар дошта шудааст. Конкибозон барои медал мубориза мебаранд.
Лентаи хабарҳо
0