Камила Валиева барои идомаи мусобиқа иҷозат гирифт

© Sputnik / Александр Вильф / Гузариш ба медиабонкОлимпиада-2022. Фигурное катание. Женщины. Тренировки
Олимпиада-2022. Фигурное катание. Женщины. Тренировки - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.02.2022
Обуна шудан
Камила Валиева, рақққосаи болои ях иҷозат гирифт, ки ҳунарнамоиро дар мусобиқаи инфиродии Бозиҳои олимпии Пекин идома диҳад
ДУШАНБЕ, 14 фев – Sputnik. Додгоҳи варзишии арбитражӣ - СAS, қарор кард, ки варзишкори Русия, Камила Валиева ҳунрамоиро дар Бозиҳои олимпии 2022 идома диҳад.
Додгоҳ бо нашри як иттилоия гуфт, дархости Кумитаи байналмилалии олимпӣ, Иттиҳоди байналмилалии конкитозон ва Ожонси ҷаҳонии зиддидопингӣ дар мавриди варзишкор Камила Валиева рад карда шуд.
Қаблан Ожонси байналмилалии санҷиши допинг - ITA хабар дод, ки ташхиси Валиева аз 25 декабри соли 2021 мусбат буда, дар баданаш маводи триметазидин ошкор карда шудаст. Ин натиҷаро лабораторияи зиддидопингӣ дар Стокҳолм 8 феврал ироа намуд.
Российская спортсменка Камила Валиева выступает на командных соревнованиях по фигурному катанию на зимних Олимпийских играх в Пекине - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.02.2022
Ҳимояти Кремл ва парлумони Русия аз Камила Валиева
Дар пайи ин Ожонси русиягии зиддидопингӣ Валиеваро муваққатан аз мусобиқаҳо барканор карду баъди шикояти апелятсионии варзишкор 9 феврал маҳдудиятро лағв намуд.
Кумитаи байналмилалии олимпӣ, Иттиҳоди байналмилалии конкитозон ва Ожонси ҷаҳонии зиддидопингӣ алайҳи ин қарор ба Додгоҳи варзишии арбитражӣ шикояти эътирозӣ карданд. Додгоҳ дар шоми якшанбеи 13 феврал дар пайи баррасии 7-соатӣ эътирозҳоро рад намуда, барои идомаи сабқати Валиева дар мусобиқаҳои инфиродӣ иҷозат дод.
Қаблан Валиева дар ҳайати тими мунтахаби Русия дар мусобиқаи даставӣ қаҳрамони олимпӣ шуд, аммо маросими ҷоизасупорӣ баргузор нагардид. Барномаи кӯтоҳ ва мусобиқаи инфиродӣ миёни занон дар Бозиҳои олимпии Пекин 15-уми феврал дар назар аст.
Лентаи хабарҳо
0