Қарори раиси Душанбе барои баргузории ҷашнвора: ҷавонон бо хидмати сарбозон шинос мешаванд

© Sputnik / Амир ИсаевПарад Победы в Душанбе
Парад Победы в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.02.2022
Обуна шудан
Ҷашнвораи дуюми дӯстии афсарону сарбозон ва ҷавонони синни даъват ба хидмати ҳарбӣ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе қарор кардааст, аз 17 то 22 феврал дар пойтахт ҷашнвораи дӯстии афсарону сарбозон ва ҷавонони синни хидмати ҳарбӣ баргузор шавад.
Бар асоси қарори шаҳрдорӣ, ин ҷашнвора бори дуюм зери унвони "Барои давлату миллатам содиқона хизмат мекунам" сурат мегирад.
Дафтари матбуотии шаҳрдорӣ мегӯяд, ҷашнвораи мазкур ба 29-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудаааст.
Рустами Эмомалӣ бахши молиро муваззаф намудааст, ки барои гузарондани ин чорабинӣ 105,5 ҳазор сомонӣ ҷудо кунад.
Глава Хатлонской области Курбон Хакимзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.02.2022
Ҷалби фарзандони мақомдорон ба артиш ва таъкиди Ҳакимзода ба сабаби хидматгурезиҳою ислоҳ
Шаҳрдорӣ мегӯяд, ҳадаф аз ин чорабинӣ ҷалби афсарону сарбозон ва ҷавонони синни даъватӣ ба варзиш ва таҳкими тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани рӯҳияи афсарону сарбозон мебошад.
Дар доираи ин ҷашнвора ҷавонон бо шароити хидмати афсарону сарбозон шинос мешаванд, ки ҳадаф аз он ҷалби ихтиёрии онҳо ба хидмати ҳарбӣ мебошад.
Раиси Душанбе мақомоти кор бо ҷавонон ва варзишро муваззаф кардааст, ки дар ҳамкорӣ бо идораҳои дахлдор ҷашнвораро дар сатҳи баланд баргузор намояд.
Лентаи хабарҳо
0