Аз иқтисод то маорифу фарҳанг: Мулоқоти Расулзода бо Оверчук

© Пресс-служба Президента РТ Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода
Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.02.2022
Обуна шудан
Сарвазири Тоҷикистон бо муовини раиси Ҳукумати Русия ҳамкориҳои миёни ду кишвар дар тамоми бахшҳоро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Ахиран таҳти раёсати Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон ва Алексей Оверчук, муовини раиси Ҳукумати Русия ҷаласаи кории Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия дар умури ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид.
Тавре манбаъ аз Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод, ҷаласаи мазкур ба таври маҷозӣ баргузор шуд .
Ба иттилои манбаъ, дар ин ҷаласа ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ, ҷалби сармоя, энергетика, маблағгузорӣ, муҳоҷират, кишоварзӣ, илму маориф, фарҳанг ва дигар масъалаҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.
 Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода на заседании правительства 2021 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.01.2022
Расулзода гуфт, ба Тоҷикистон чӣ қадар сармоя ҷалб шуд
Дар ин ҷаласа қайд гардидааст, ки дар замони паҳншавии бемории сироятии COVID-19 баҳри ҳифзи солимии аҳолӣ ва рушди соҳаи тандурустӣ байни Тоҷикистону Русия ҳамгироии нек ба роҳ монда шуда, ба хотири рушди соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти ҳар ду ҷониб чораҳои таъхирнопазир андешида шуд.
“Дар доираи сиёсати муваффақу бобарори сарони ҳар ду давлати бо ҳам дӯст ва заминаи ҳуқуқии шартномаву созишномаҳои мавҷуда татбиқи нақшаву стратегияҳо ба хотири боз ҳам рушд бахшидани ҳамкорӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ зарур шуморида шуд”, - илова кардааст манбаъ.
Лентаи хабарҳо
0