Расулзода гуфт, ба Тоҷикистон чӣ қадар сармоя ҷалб шуд

© Пресс-служба президента РТ Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода на заседании правительства 2021
 Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода на заседании правительства 2021 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.01.2022
Обуна шудан
Сарвазири Тоҷикистон гуфт, ба кишвар чӣ қадар сармоя ҷалб шудааст ва барои афзоиши он кадом чораҳо амалӣ шудаанд
ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Қоҳир Расулзода мегӯяд, сармояи хориҷӣ ба кишвар дар моҳҳои январ-сентябри соли 2021 нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 ҳудуди 1,6 баробар бештар ворид шуд.
Ӯ зимни ҷаласаи ҷамъбастии ҳукумат гузориш дод, ки дар кишвар 78 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 42 миллиард сомонӣ амалӣ гардид.
Вай тавзеҳ дод, ки дар соҳаи нақлиёт 11 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии беш аз 9,5 миллиард сомонӣ мавриди амал қарор гирифта, аллакай 4,8 миллиард сомонӣ аз худ карда шудааст.
Таджикский алюминиевый завод Талко, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.01.2022
Истеҳсоли ками алюминий: президент хост, “ТАлКо” бо тамоми иқтидор ба кор дароварда шавад
Саъдӣ Қодирзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ зимни ҳисоботаш аз талошҳо барои ҷалби сармоя гуфт, дар сатҳи миллӣ ва минтақаӣ 25 форуму ҳамоишҳои соҳибкорию сармоягузорӣ ташкил карда шуд.

"Дар доираи он 50 санаду созишномаҳои нави ҳамкорӣ ба маблағи умумии 7,2 миллиард сомонӣ, аз ҷумла барои бунёди корхонаҳои нави саноатӣ ба имзо расонида шуд", - афзуд Қодирзода.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар пайи шунидани гузоришҳои масъулин ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Бонки миллӣ ва дигар бонкҳои давлативу саҳҳомӣ дастур дод, ки ҷиҳати ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ба иқтисодиёти миллӣ, хусусан сармояи мустақим чора андешанд. Устувор нигоҳ доштани қурби асъори миллӣ, қонунигардонии маблағҳо, афзун намудани ҳаҷми қарздиҳӣ, гузариш ба муомилоти ғайринақдӣ ва ба шакли пурраи электронӣ гузаронидани тамоми муносибатҳои молию бонкӣ аз дастуроти дигари Раҳмон ба роҳбарони ниҳодҳои дахлдор буд.
Лентаи хабарҳо
0