https://sputnik.tj/20220216/giriftorshavi-bemori-siroyat-sughd-1045946852.html
Мақомот: Гирифторӣ ба бемориҳои сироятӣ дар Суғд афзоиш ёфт
Мақомот: Гирифторӣ ба бемориҳои сироятӣ дар Суғд афзоиш ёфт
Sputnik Тоҷикистон
Сарраёсати омори вилояти Суғд мегӯяд, гирифторшавӣ ба бемориҳои сироятӣ дар шимоли Тоҷикистон зиёд шудааст
2022-02-16T19:15+0500
2022-02-16T19:15+0500
2022-02-16T21:04+0500
дар тоҷикистон
тандурустӣ
бемор
гирифторон
суғд
омор
зиёд шудан
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/09/1044049749_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_30bf72554f92c6d5413b7eecc5125423.jpg
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Дар вилояти Суғд тайи соли гузашта 8 ҳазору 184 ҳолати гирифторшавии аҳолӣ ба бемориҳои сирояткунанда ба қайд гирифта шуд. Дар ин бора Сарраёсати омори Суғд бо такя ба мақомоти тандурустии кишвар хабар дода, афзуд, мубталошавӣ зиёд гардидааст. Манбаъ таъкид намуд, ки ҳолатҳои сироятёбӣ дар соли 2021 дар қиёс бо нишондиҳандаи соли 2020 ҳудуди 2,5% афзоиш ёфтаанд. Таъкид шудааст, ки қисми зиёди ин бемориҳо ба гепатитҳои шадиди вирусӣ рост меояд, ки 24,4%-ро ташкил медиҳад. Ҳиссаи бемориҳои сирояткунандаи шадиди рӯда дар теъдоди умумии бемориҳо 30% арзёбӣ шудааст. Ба иттилои мақомоти омор, тайи 12 моҳи соли гузашта беш аз 6,7 ҳазор ҳолати гирифторӣ ба бемориҳои паразитӣ ба қайд гирифта шуд, ки нисбати соли пешӣ 3,3% зиёд мебошад. Ин дар ҳолест, ки маҳсулоти доруворӣ ва хидматрасониҳои бахши тандурустӣ тайи соли гузашта дар шимоли Тоҷикистон гарон шудаанд. Мақомоти омори кишвар дорувориро дар феҳрасти молҳои гароншуда ворид намуда, таъкид кардааст, ки нархаш тайи соли гузашта 5,3% афзудааст. Ба феҳрасти хидматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ дар Тоҷикистон, ки арзишашон тайи соли 2021 боло рафтаст, хадамоти бахши тиббӣ низ ворид мешавад. Сарраёсати омори вилояти Суғд мегӯяд, нархи хадамоти тандурустӣ дар шимоли кишвар 11,4% гарон шудааст.
https://sputnik.tj/20220108/nigaronii-maqomoti-khujand-omikron-moyakubi-shudani-aholi-1044656523.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/09/1044049749_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_13fa197b17015492daa9cd771852028b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афзоиш, беморӣ, сироятӣ, суғд
афзоиш, беморӣ, сироятӣ, суғд
Мақомот: Гирифторӣ ба бемориҳои сироятӣ дар Суғд афзоиш ёфт
19:15 16.02.2022 (Навсозишуда: 21:04 16.02.2022) Сарраёсати омори вилояти Суғд мегӯяд, мавориди гирифторӣ ба бемориҳои сироятӣ дар шимоли Тоҷикистон зиёд шудааст
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Дар вилояти Суғд тайи соли гузашта 8 ҳазору 184 ҳолати гирифторшавии аҳолӣ ба бемориҳои сирояткунанда ба қайд гирифта шуд.
Дар ин бора Сарраёсати омори Суғд бо такя ба мақомоти тандурустии кишвар хабар дода, афзуд, мубталошавӣ зиёд гардидааст. Манбаъ таъкид намуд, ки ҳолатҳои сироятёбӣ дар соли 2021 дар қиёс бо нишондиҳандаи соли 2020 ҳудуди 2,5% афзоиш ёфтаанд.
Таъкид шудааст, ки қисми зиёди ин бемориҳо ба гепатитҳои шадиди вирусӣ рост меояд, ки 24,4%-ро ташкил медиҳад. Ҳиссаи бемориҳои сирояткунандаи шадиди рӯда дар теъдоди умумии бемориҳо 30% арзёбӣ шудааст.
Ба иттилои мақомоти омор, тайи 12 моҳи соли гузашта беш аз 6,7 ҳазор ҳолати гирифторӣ ба бемориҳои паразитӣ ба қайд гирифта шуд, ки нисбати соли пешӣ 3,3% зиёд мебошад.
Ин дар ҳолест, ки маҳсулоти доруворӣ ва хидматрасониҳои бахши тандурустӣ тайи соли гузашта дар шимоли Тоҷикистон гарон шудаанд.
Мақомоти омори кишвар дорувориро дар феҳрасти молҳои гароншуда ворид намуда, таъкид кардааст, ки нархаш тайи соли гузашта 5,3% афзудааст.
Ба феҳрасти хидматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ дар Тоҷикистон, ки арзишашон тайи соли 2021 боло рафтаст, хадамоти бахши тиббӣ низ ворид мешавад. Сарраёсати омори вилояти Суғд мегӯяд, нархи хадамоти тандурустӣ дар шимоли кишвар 11,4% гарон шудааст.