https://sputnik.tj/20220215/tojikiston-sangho-qimmatbaho-sodir-1045857820.html
Тоҷикистон дар соли 2021 бештар санги қиматбаҳо содир кардааст
Тоҷикистон дар соли 2021 бештар санги қиматбаҳо содир кардааст
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон аз афзоиши содирот хабар доданд, ки бештари онро сангҳои қиматбаҳо ташкил медиҳад
2022-02-15T11:16+0500
2022-02-15T11:16+0500
2022-02-15T16:17+0500
содирот
дар тоҷикистон
сангҳои қиматбаҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102875/59/1028755943_0:180:1920:1260_1920x0_80_0_0_b86b53f808ba72b6efd6f3bbcb484036.jpg
ДУШАНБЕ, 15 фев - Sputnik. Тоҷикистон дар соли 2021 ба хориҷ ба маблағи 2149,6 миллион доллар молу маҳсулоти ватанӣ содир кардааст.Дар ин бора Шавкат Бобозода, роҳбари Агентии содироти Тоҷикистон зимни нишасти хабарияш иттилоъ дода гуфт, ки ин нишондиҳанда нисбат ба як соли қабл 52,2 дарсад зиёд мебошад.Фурӯши сангҳо ва металлҳои қиматбаҳо ва нимқимматбаҳо нисбат ба молҳои анъанавии содиротии Тоҷикистон бартарӣ дорад.Тибқи омори агентӣ 41,7 фисади содироти Тоҷикистонро дар соли 2021 сангу филизоти қиматбаҳо ташкил додааст.Дар соли 2020, ки авҷи пандемия буд металҳои қиматбаҳо 55 фисади содироти кишварро ташкил медод, ки маблағи он ба 700 миллион доллар наздик шуда буд.Мавриди зикр аст, ки Швейтсария аз харидорони асосии сангҳои қиматбаҳои тоҷик ба шумор меравад, ки беш аз 50 фисади содирот ба ин кишвар рост меояд.Ҳамин тариқ, содироти сангҳо ва металлҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо назар ба содироти маҳсулоти маъданӣ, инчунин нерӯи барқ, семент, алюминий, мис, маъдан ва консентратҳо, нассоҷӣ, аз ҷумла нахи пахта хеле зиёдтар аст.Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон ҳудуди 380 номгӯи молро содир мекунад.Ин ниҳод мегӯяд, гардиши савдои Тоҷикистон давоми соли 2021 ба 6 миллиарду 350 миллион доллар расидааст, ки 39,5 фисад аз соли 2020 зиёд будааст.
https://sputnik.tj/20220118/afzoishi-sodiroti-mahsuloti-kishovarzii-khatlon-afghoniston-uzbekiston-1044893922.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102875/59/1028755943_0:0:1920:1440_1920x0_80_0_0_ae7854607d336ebe7734cb2ee5c39671.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон сангҳо қимматбаҳо содир
тоҷикистон сангҳо қимматбаҳо содир
Тоҷикистон дар соли 2021 бештар санги қиматбаҳо содир кардааст
11:16 15.02.2022 (Навсозишуда: 16:17 15.02.2022) Дар Тоҷикистон аз афзоиши содирот хабар доданд, ки бештари онро сангҳои қиматбаҳо ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ, 15 фев - Sputnik. Тоҷикистон дар соли 2021 ба хориҷ ба маблағи 2149,6 миллион доллар молу маҳсулоти ватанӣ содир кардааст.
Дар ин бора Шавкат Бобозода, роҳбари Агентии содироти Тоҷикистон зимни нишасти хабарияш иттилоъ дода гуфт, ки ин нишондиҳанда нисбат ба як соли қабл 52,2 дарсад зиёд мебошад.
Фурӯши сангҳо ва металлҳои қиматбаҳо ва нимқимматбаҳо нисбат ба молҳои анъанавии содиротии Тоҷикистон бартарӣ дорад.
Тибқи омори агентӣ 41,7 фисади содироти Тоҷикистонро дар соли 2021 сангу филизоти қиматбаҳо ташкил додааст.
Дар соли 2020, ки авҷи пандемия буд металҳои қиматбаҳо 55 фисади содироти кишварро ташкил медод, ки маблағи он ба 700 миллион доллар наздик шуда буд.
Мавриди зикр аст, ки Швейтсария аз харидорони асосии сангҳои қиматбаҳои тоҷик ба шумор меравад, ки беш аз 50 фисади содирот ба ин кишвар рост меояд.
Ҳамин тариқ, содироти сангҳо ва металлҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо назар ба содироти маҳсулоти маъданӣ, инчунин нерӯи барқ, семент, алюминий, мис, маъдан ва консентратҳо, нассоҷӣ, аз ҷумла нахи пахта хеле зиёдтар аст.
Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон ҳудуди 380 номгӯи молро содир мекунад.
Ин ниҳод мегӯяд, гардиши савдои Тоҷикистон давоми соли 2021 ба 6 миллиарду 350 миллион доллар расидааст, ки 39,5 фисад аз соли 2020 зиёд будааст.