https://sputnik.tj/20220215/tochikiston-khorij-mahsulot-sodir-1045887040.html
Агентӣ гуфт, Тоҷикистон ба хориҷ кадом маҳсулотро зиёд содир мекунад
Агентӣ гуфт, Тоҷикистон ба хориҷ кадом маҳсулотро зиёд содир мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Агентии содироти ҷумҳурӣ хабар дод, ки кадом маҳсулот ва дар кадом хаҷм бештар содир мешавад
2022-02-15T16:10+0500
2022-02-15T16:10+0500
2022-02-15T16:11+0500
дар тоҷикистон
содирот
маҳсулот
кишоварзӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/06/1031689887_0:134:2615:1605_1920x0_80_0_0_a9c6bfa3a1a95c6c85ac6872c8e7defa.jpg
ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Тоҷикистон дар соли 2021 дар ҳаҷми 208,9 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи 36,6 миллион доллар содир кардааст. Дар ин бора директори Агентии содироти назди ҳукумати Тоҷикистон Шавкат Бобозода зимни нишасти хабарияш иттилоъ дода гуфт, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2020 16,6 миллион доллар зиёд мебошад. Рӯйхати молҳои асосии содиротӣ: Ба иттилои Бобозода Русия аз кишварҳои асосӣ барои содироти ин анвои молҳои Тоҷикистон боқӣ мемонад. Ӯ гуфт, ахиран аз бузургтарин бозори ин кишвар "Фуд Сити" барои воридоти маҳсулот пешниҳод гирифтаанд ва пас аз дуруст шудани ҳуҷҷатгузориҳо содирот боз ҳам зиёд хоҳад шуд.Ҳамзамон содироти маҳсулоти кишоварзӣ асосан ба Қазоқистон, Чин ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо равона карда шудааст. Дар ин замина воридоти техникаи кишоварзӣ ба кишвар ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёфта, беш аз 1,7 ҳазор адад харидорӣ шудааст. Ҳоло дар кишвар қариб 27,5 хазор адад техникам хоҷагии қишлоқ, аз ҷумла 1,6 ҳазораш дар саҳро истифода мешавад. Дар маҷмӯъ, дар соли 2021 ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии ватанӣ ба 39,7 миллиард сомонӣ (3,5 миллиард доллар) баробар шудааст, ки 28,7 миллиард сомонӣ (2,5 миллиард доллар) ба соҳаи кишоварзӣ ва 11 миллиард сомонӣ (беш аз 970 миллион доллар) — махсулоти чорвоӣ аст. Танҳо соли қаблӣ дар кишвар зиёда аз 1,4 миллион тонна картошка руёнда шуд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/06/1031689887_150:0:2466:1737_1920x0_80_0_0_888dbb7859ba17610592518e62ab1a40.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
агентӣ тоҷикистон хориҷ маҳсулот содир
агентӣ тоҷикистон хориҷ маҳсулот содир
Агентӣ гуфт, Тоҷикистон ба хориҷ кадом маҳсулотро зиёд содир мекунад
16:10 15.02.2022 (Навсозишуда: 16:11 15.02.2022) Агентии содироти ҷумҳурӣ хабар дод, ки кадом маҳсулот ва дар кадом хаҷм бештар содир мешавад
ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Тоҷикистон дар соли 2021 дар ҳаҷми 208,9 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи 36,6 миллион доллар содир кардааст.
Дар ин бора директори Агентии содироти назди ҳукумати Тоҷикистон Шавкат Бобозода зимни нишасти хабарияш иттилоъ дода гуфт, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2020 16,6 миллион доллар зиёд мебошад.
Рӯйхати молҳои асосии содиротӣ:
ангур — 51,2 хазор тонна;
меваи хушк — 42,4 хазор тонна;
арахис — 2,4 хазор тонна;
зардолуи тару тоза - 2,15 ҳазор тонна;
шафтолу — 1,4 хазор тонна;
гелос ва олуча — 1,25 хазор тонна
Ба иттилои Бобозода Русия аз кишварҳои асосӣ барои содироти ин анвои молҳои Тоҷикистон боқӣ мемонад. Ӯ гуфт, ахиран аз бузургтарин бозори ин кишвар "Фуд Сити" барои воридоти маҳсулот пешниҳод гирифтаанд ва пас аз дуруст шудани ҳуҷҷатгузориҳо содирот боз ҳам зиёд хоҳад шуд.
Ҳамзамон содироти маҳсулоти кишоварзӣ асосан ба Қазоқистон, Чин ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо равона карда шудааст.
Дар ин замина воридоти техникаи кишоварзӣ ба кишвар ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёфта, беш аз 1,7 ҳазор адад харидорӣ шудааст.
Ҳоло дар кишвар қариб 27,5 хазор адад техникам хоҷагии қишлоқ, аз ҷумла 1,6 ҳазораш дар саҳро истифода мешавад.
Дар маҷмӯъ, дар соли 2021 ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии ватанӣ ба 39,7 миллиард сомонӣ (3,5 миллиард доллар) баробар шудааст, ки 28,7 миллиард сомонӣ (2,5 миллиард доллар) ба соҳаи кишоварзӣ ва 11 миллиард сомонӣ (беш аз 970 миллион доллар) — махсулоти чорвоӣ аст. Танҳо соли қаблӣ дар кишвар зиёда аз 1,4 миллион тонна картошка руёнда шуд.