https://sputnik.tj/20220215/sad-mansabdor-sanjish-maqomdor-barkanor-1045867652.html
Мансабдорон аз санҷиш нагузаштанд: Бархе барканор шуданду бархе мансаби беҳтар гирифтанд
Мансабдорон аз санҷиш нагузаштанд: Бархе барканор шуданду бархе мансаби беҳтар гирифтанд
Sputnik Тоҷикистон
Агентии хизмати давлатии назди раисҷумҳури Тоҷикистон натиҷаи санҷиши мақомдорони тоҷикро пешниҳод кард
2022-02-15T13:45+0500
2022-02-15T13:45+0500
2022-02-21T13:49+0500
дар тоҷикистон
кор
хизмат
давлатӣ
мансабдор
санҷиш
мувофиқа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/1e/1041325882_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_73494dc9cbafcf956509a4a451176b13.jpg
ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Комиссияи аттестатсионӣ дар соли гузашта 3 ҳазору 853 мақомдори Тоҷикистонро мавриди санҷиш қарор дод. Ҷумъа Давлатов, раиси Агентии хидмати давлатии назди раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, дар пайи санҷиш 427 нафар ба мансаби ишғолнамудаашон номувофиқ баҳогузорӣ шуданд. Ба гуфтаи Давлатов, аз теъдоди умумии мансабдороне, ки баҳои ғайриқаноатбахш гирифтанд, 77 нафарашон зан мебошанд. Дар пайи аттестатсия 225 нафар барои такмили ихтисос, 138 нафар барои гузарондан ба мансаби пасттар ва 64 нафар барои озод намудан аз мансаб пешниҳод гардидаанд, гуфт раиси Агентии хидмати давлатӣ."Писарам, чаро нахондӣ?" Раҳмон гуфт, киҳо баъди 10 сол вазиру вакил мешавандӮ афзуд, комиссияи аттестатсионӣ 3 ҳазору 426 нафарро ба мақоми ишғолкардаашон мувофиқ донист. Инчунин он тавсия додааст, ки 78 мақомдори санҷидашуда ба мақоми баландтар таъйин гарданд. Дар баробари ин 84 нафар барои дохил намудан ба захираи кадрҳо ва 118 нафар барои пеш аз муҳлат гирифтани ҷойгоҳи тахассусӣ тавсия гирифтанд, изҳор дошт Давлатов. Агентии хидмати давлатии назди президенти Тоҷикистон дар маҷмуъ теъдоди хидматчиёни давлатии шаҳрвандиро дар ҷумҳурӣ 18,7 ҳазор нафар арзёбӣ кард. Роҳбарияти ин ниҳод таъкид намуд, ки қабул ба кор дар мақомҳои давлатӣ аз тариқи озмун сурат гирифта, ба ҳисоби миёна довталабони вазифаҳои холӣ дар соли гузашта ба 1,7 нафар баробар буд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/1e/1041325882_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_f8362d9c2bf67dad564771d2bf26e8fc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
санҷиш, мансабдор, тоҷик, нагузаштанд
санҷиш, мансабдор, тоҷик, нагузаштанд
Мансабдорон аз санҷиш нагузаштанд: Бархе барканор шуданду бархе мансаби беҳтар гирифтанд
13:45 15.02.2022 (Навсозишуда: 13:49 21.02.2022) Агентии хидмати давлатии назди раисҷумҳури Тоҷикистон натиҷаи санҷиши мақомдорони тоҷикро пешниҳод кард
ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Комиссияи аттестатсионӣ дар соли гузашта 3 ҳазору 853 мақомдори Тоҷикистонро мавриди санҷиш қарор дод.
Ҷумъа Давлатов, раиси Агентии хидмати давлатии назди раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, дар пайи санҷиш 427 нафар ба мансаби ишғолнамудаашон номувофиқ баҳогузорӣ шуданд.
Ба гуфтаи Давлатов, аз теъдоди умумии мансабдороне, ки баҳои ғайриқаноатбахш гирифтанд, 77 нафарашон зан мебошанд.
Дар пайи аттестатсия 225 нафар барои такмили ихтисос, 138 нафар барои гузарондан ба мансаби пасттар ва 64 нафар барои озод намудан аз мансаб пешниҳод гардидаанд, гуфт раиси Агентии хидмати давлатӣ.
Ӯ афзуд, комиссияи аттестатсионӣ 3 ҳазору 426 нафарро ба мақоми ишғолкардаашон мувофиқ донист. Инчунин он тавсия додааст, ки 78 мақомдори санҷидашуда ба мақоми баландтар таъйин гарданд.
Дар баробари ин 84 нафар барои дохил намудан ба захираи кадрҳо ва 118 нафар барои пеш аз муҳлат гирифтани ҷойгоҳи тахассусӣ тавсия гирифтанд, изҳор дошт Давлатов.
Агентии хидмати давлатии назди президенти Тоҷикистон дар маҷмуъ теъдоди хидматчиёни давлатии шаҳрвандиро дар ҷумҳурӣ 18,7 ҳазор нафар арзёбӣ кард.
Роҳбарияти ин ниҳод таъкид намуд, ки қабул ба кор дар мақомҳои давлатӣ аз тариқи озмун сурат гирифта, ба ҳисоби миёна довталабони вазифаҳои холӣ дар соли гузашта ба 1,7 нафар баробар буд.