https://sputnik.tj/20220215/putin-rusiya-jang-namekhohad-1045911624.html
Путин: Русия ҷанг намехоҳад
Путин: Русия ҷанг намехоҳад
Sputnik Тоҷикистон
Путин дар посух ба суолҳои матбуот бори дигар таъкид кард, ки Русия ҷангро намехоҳад
2022-02-15T21:00+0500
2022-02-15T21:00+0500
2022-02-15T21:12+0500
дар русия
владимир путин
сиёсат
олаф шолтс
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0a/1044672258_0:0:3118:1754_1920x0_80_0_0_ba04c9ca50e8aeace47ff4806ae1e5ea.jpg
ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Русия ҷангро намехоҳад, бинобар ин пешниҳод кардааст, ки барои таъмини амнияти баробар дар Аврупо гуфтушунид гузаронад. Дар ин бора Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар нишасти матбуотӣ дар пайи музокирот бо садри аъзами Олмон Олаф Шолтс иттилоъ дод.Аз ин рӯ Русия ҷонибдори раванди музокирот аст, ки натиҷаи он бояд созишнома дар бораи таъмини амнияти баробар барои ҳама, аз ҷумла кишвари мо бошад, таъкид кард Путин. Мутаассифона, ба гуфтаи раисиҷумҳури Русия, Маскав ба пешниҳодҳои худ посухи қобили мулоҳиза ва созанда нагирифтааст.Пештар дар вокуниш ба хабари эъзоми нерӯҳои Русия пас аз тамрин шореҳи рӯзномаи бритониёӣ Крис Плизанс навишта буд, ки ин бо вуҷуди изҳороти сершумори Амрико дар бораи "ҳамлаи ногузир"-и Маскав ба Украина рух медиҳад. Корбарон дар ин матлаб ҳазорон шарҳҳое гузоштаанд, ки аз дурӯғҳои Вашингтон ва Ғарб хашмгин шудаанд. Бисёре аз хонандагон бар ин назаранд, дар тӯли ин муддат Русия рост мегӯяд, ки бо Украина ҳеҷ гуна ҷангро тарҳрезӣ намекунад ва ИМА дидаву дониста, тамоми ҷаҳонро ба ақидаи дигар бовар мекунонад. Мақомоти Федератсияи Русия борҳо ба ҳаракати нерӯҳо дар қаламрави худ ишора кардаанд. Онҳо аз риоя накардани тавофуқоти Минск аз ҷониби Киев ёдовар шуданд, ки оташбас ва хуруҷи аслиҳаи вазнин аз хатти даргириро дар назар дорад. Кремл таъкид кард, ки ҳадафи Ғарб аз чунин иттилоъпароканӣ таъсиси як гурӯҳи хориҷӣ дар наздикии марзҳои Русия аст.
https://sputnik.tj/20220215/shukhi-putin-shunidan-khabari-hamla-ukraine-1045905330.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0a/1044672258_234:0:2965:2048_1920x0_80_0_0_69fc5cea471eabc3c386e18aa91a0387.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
путин русия ҷанг
Путин: Русия ҷанг намехоҳад
21:00 15.02.2022 (Навсозишуда: 21:12 15.02.2022) Путин дар посух ба суолҳои хабарнигорон бори дигар таъкид кард, ки Русия ҷангро намехоҳад
ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Русия ҷангро намехоҳад, бинобар ин пешниҳод кардааст, ки барои таъмини амнияти баробар дар Аврупо гуфтушунид гузаронад.
Дар ин бора Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар нишасти матбуотӣ дар пайи музокирот бо садри аъзами Олмон Олаф Шолтс иттилоъ дод.
"Мо инро мехоҳем ё не? Албатта не", - изҳор дошт Владимир Путин дар посух ба суоли хабарнигорони олмонӣ дар бораи эҳтимоли сар задани ҷанг дар Аврупо.
Аз ин рӯ Русия ҷонибдори раванди музокирот аст, ки натиҷаи он бояд созишнома дар бораи таъмини амнияти баробар барои ҳама, аз ҷумла кишвари мо бошад, таъкид кард Путин. Мутаассифона, ба гуфтаи раисиҷумҳури Русия, Маскав ба пешниҳодҳои худ посухи қобили мулоҳиза ва созанда нагирифтааст.
Пештар дар вокуниш ба хабари эъзоми нерӯҳои Русия пас аз тамрин шореҳи рӯзномаи бритониёӣ Крис Плизанс навишта буд, ки ин бо вуҷуди изҳороти сершумори Амрико дар бораи "ҳамлаи ногузир"-и Маскав ба Украина рух медиҳад.
Корбарон дар ин матлаб ҳазорон шарҳҳое гузоштаанд, ки аз дурӯғҳои Вашингтон ва Ғарб хашмгин шудаанд. Бисёре аз хонандагон бар ин назаранд, дар тӯли ин муддат Русия рост мегӯяд, ки бо Украина ҳеҷ гуна ҷангро тарҳрезӣ намекунад ва ИМА дидаву дониста, тамоми ҷаҳонро ба ақидаи дигар бовар мекунонад.
Мақомоти Федератсияи Русия борҳо ба ҳаракати нерӯҳо дар қаламрави худ ишора кардаанд. Онҳо аз риоя накардани тавофуқоти Минск аз ҷониби Киев ёдовар шуданд, ки оташбас ва хуруҷи аслиҳаи вазнин аз хатти даргириро дар назар дорад.
Кремл таъкид кард, ки ҳадафи Ғарб аз чунин иттилоъпароканӣ таъсиси як гурӯҳи хориҷӣ дар наздикии марзҳои Русия аст.