Графическое изображение коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Мақомоти Тоҷикистон 21 январи соли 2022 аз бозгашти сеюмбораи коронавирус ба кишвар хабар доданд

Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: маълумоти дақиқ

Обуна шудан
Аз мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон кормандони бахши беҳдоштӣ авохири моҳи январ хабар дода буданд, ҳарчанд қаблан ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ шаҳрвандон акси ташхисҳои худ бо натиҷаи мусбатро нашр мекарданд
Тоҷикистонро мавҷи савуми бемории коронавирус фаро гирифт. Тибқи оморе, ки ҳамарӯза Вазорати тандурустӣ нашр мекунад, ин навбат беморӣ дар ҷумҳурӣ ба таври шадид сурат нагирифт.
Рӯзҳои охир ҳолатҳои нави сироят ёфтани шаҳрвандон рӯ ба коҳишёбӣ ниҳодааст.
Аз мавҷи сеюми коронавирус мақомоти дахлдори кишвар рӯзи 21 январ хабар доданд.
Аз ин пеш шаҳрвандон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ташхисҳои мусбат нашр намуда буданд, вале мақомот роҳ ёфтани вирус ба кишварро рад мекарданд. Ба таъкиди кормандони беҳдоштӣ, шаҳрвандон гирифтори зукоми мавсимӣ ҳастанд.
Вале баъдан маълум шуд, ки вируси COVID-19 аз Русия, Қазоқистону Ӯзбекистон вориди кишвар гардидааст.
Маврид ба зикр аст, ки мавҷи савуми коронавирус феълан барои шаҳрвандони Тоҷикистон бидуни талафоти ҷонӣ ҷараён дорад.
Лентаи хабарҳо
0