https://sputnik.tj/20220215/maskav-hukm-gulnora-karimova-1045865764.html
Мавқеи Маскав дар мавриди ҳукми Гулнора Каримова маълум шуд
Мавқеи Маскав дар мавриди ҳукми Гулнора Каримова маълум шуд
Sputnik Тоҷикистон
Моҷарои марбут ба Гулнора Каримова на танҳо Ӯзбекистон, балки кишварҳои дигар, аз ҷумла Русия, Швейтсария, ИМА, Фаронса ва Латвияро низ фаро гирифт
2022-02-15T13:00+0500
2022-02-15T13:00+0500
2022-02-21T13:50+0500
ӯзбекистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
гулнора каримова
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102934/16/1029341698_0:0:1000:563_1920x0_80_0_0_162f953d985fa73301eb724984c6f8da.jpg
ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Додгоҳи Маскав ҳукми духтари раисҷумҳури пешини Ӯзбекистон Гулнора Каримова ва шарикони ӯро эълон кард.Вазорати адлияи Ӯзбекистон хабар дод, ки кор бо ҷониби Русия барои фурӯхтани амволи мусодирашуда ва ба ин кишвар баргардонидани маблағ оғоз мешавад. Ба гуфтаи ин вазорат, пули баргардонидашуда барои беҳбуди некӯаҳволии мардуми Ӯзбекистон ба бахши иҷтимоӣ равона хоҳад шуд. Қаблан Вазорати адлия эълон карда буд, ки 131 миллион доллари маблағҳои Каримова аз тариқи бунёди трастҳои бисёрҷонибаи СММ омодаанд, ки аз Швейтсария ба ватанаш баргардонида шудаанд.Додситонии кулли Ӯзбекистон дар навбати худ хабар дод, ки бо як қатор кишварҳои хориҷӣ (ИМА, Швейтсария, Фаронса, Русия ва Латвия) барои баргардонидани даромади Каримова ба маблағи беш аз 1,3 миллиард доллар талошҳо идома доранд.Ёдовар мешавем, Додситонии кулли Швейтсария дар соли 2012 дар парвандаи ҷиноӣ алайҳи Гулнора Каримова ҳудуди 800 миллион долларро масдуд карда буд. Каримова дар моҳи августи соли 2015 дар тамаъҷуӣ ва сарпечӣ аз пардохти муттаҳам мешуд.Соли 2017 духтари Ислом Каримов, президенти собиқи Ӯзбекистон ба даҳ соли зиндон маҳкум шуд.Моҳи июни соли 2019 Додситонии кул тасмим гирифт, ки 131 миллион доллар аз маблағҳои мусодирашударо ба Ӯзбекистон баргардонад. Додгоҳ дар соли 2020 дар парвандаи нави ҷиноӣ муҳлати зиндони ӯро то 13 солу чаҳор моҳ афзоиш дод.
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102934/16/1029341698_107:0:1000:670_1920x0_80_0_0_f5ac3492b8b35ff5563eb45075ef97ab.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
маскав гулнора каримова ҳукм
маскав гулнора каримова ҳукм
Мавқеи Маскав дар мавриди ҳукми Гулнора Каримова маълум шуд
13:00 15.02.2022 (Навсозишуда: 13:50 21.02.2022) Моҷарои марбут ба Гулнора Каримова на танҳо Ӯзбекистон, балки кишварҳои дигар, аз ҷумла Русия, Швейтсария, ИМА, Фаронса ва Латвияро низ фаро гирифт
ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Додгоҳи Маскав ҳукми духтари раисҷумҳури пешини Ӯзбекистон Гулнора Каримова ва шарикони ӯро эълон кард.
Вазорати адлияи Ӯзбекистон хабар дод, ки кор бо ҷониби Русия барои фурӯхтани амволи мусодирашуда ва ба ин кишвар баргардонидани маблағ оғоз мешавад. Ба гуфтаи ин вазорат, пули баргардонидашуда барои беҳбуди некӯаҳволии мардуми Ӯзбекистон ба бахши иҷтимоӣ равона хоҳад шуд.
Қаблан Вазорати адлия эълон карда буд, ки 131 миллион доллари маблағҳои Каримова аз тариқи бунёди трастҳои бисёрҷонибаи СММ омодаанд, ки аз Швейтсария ба ватанаш баргардонида шудаанд.
Додситонии кулли Ӯзбекистон дар навбати худ хабар дод, ки бо як қатор кишварҳои хориҷӣ (ИМА, Швейтсария, Фаронса, Русия ва Латвия) барои баргардонидани даромади Каримова ба маблағи беш аз 1,3 миллиард доллар талошҳо идома доранд.
Ёдовар мешавем, Додситонии кулли Швейтсария дар соли 2012 дар парвандаи ҷиноӣ алайҳи Гулнора Каримова ҳудуди 800 миллион долларро масдуд карда буд. Каримова дар моҳи августи соли 2015 дар тамаъҷуӣ ва сарпечӣ аз пардохти муттаҳам мешуд.
Соли 2017 духтари Ислом Каримов, президенти собиқи Ӯзбекистон ба даҳ соли зиндон маҳкум шуд.
Моҳи июни соли 2019 Додситонии кул тасмим гирифт, ки 131 миллион доллар аз маблағҳои мусодирашударо ба Ӯзбекистон баргардонад. Додгоҳ дар соли 2020 дар парвандаи нави ҷиноӣ муҳлати зиндони ӯро то 13 солу чаҳор моҳ афзоиш дод.