https://sputnik.tj/20220215/javone-talbakov-tahdid-kushtor-bozdosht-1045888960.html
Ҷавоне, ки ба Абдуқодир Талбаков таҳдиди куштор кард, боздошт шуд
Ҷавоне, ки ба Абдуқодир Талбаков таҳдиди куштор кард, боздошт шуд
Sputnik Тоҷикистон
Раёсати Вазорати корҳои дохила дар пойтах мегӯяд, бо ирсоли кормандони ботаҷрибаи милитсияи шаҳри Душанбе ҷавон дар пайи муроҷиати шаҳварн пас аз як соат боздошт шуд.
2022-02-15T16:26+0500
2022-02-15T16:26+0500
2022-02-21T14:10+0500
боздошт
рвкд ҷт дар шаҳри душанбе
дар тоҷикистон
ҷазо
ҳабс
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/11/1031588844_0:161:3067:1886_1920x0_80_0_0_3c6e44620867dc700aedbc03a74515ac.jpg
ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Ҷавоне, ки Абдуқодир Талбаков, рӯзноманигор ва мудири Китобхонаи шаҳрии ба номи Лоҳутиро таҳдид ба куштан кард, боздошт шуд.Абдуқодир Талбаков асри 14 феврал дар саҳифааш дар "Facebook" навишт, ки ҷавоне дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе ба вай ҳамла ва ӯро таҳдид ба куштан кардааст.Ӯ аксҳои ҷавонро, ки аз пушт сабт шуда буд, нашр карда, аз мақомот хостааст, ки боздошташ кунанд.Раёсати Вазорати корҳои дохила дар пойтахт мегӯяд, бо ирсоли кормандони ботаҷрибаи милитсияи шаҳри Душанбе ҷавон дар пайи муроҷиати шаҳварнд пас аз як соат боздошт шуд. Боздошти ҷавононе, ки дар таҳқири духтарони наврас дар Душанбе айбдор мешавандИн ниҳод мегӯяд, боздоштшуда Исмоилов Туғён Фарруховичи 25-сола, истиқоматкунандаи ноҳияи Фархор, ҷамоати деҳоти Ғайрат, деҳаи Деҳқонобод буда, муваққатан дар ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе истиқомат мекардааст.Бо назардошти ҳолати мазкур нисбати дастгиршуда Исмоилов Туғён Фаррухович, тибқи талаботи моддаи 460, Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ, парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, ӯ бо қарори суд ба муддати 15 шабонарӯз ба ҳабси маъмурӣ гирифта шудааст.Айни ҳол санҷиш ҷиҳати муайян намудани доираву алоқа ва даст доштани дастгиршуда Исмоилов Туғён дар дигар ҷиноятҳо идома дорад.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/11/1031588844_169:0:2898:2047_1920x0_80_0_0_40d00fd66670981f38fa3839b4836358.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷавон талбаков таҳдид куштор боздошт
ҷавон талбаков таҳдид куштор боздошт
Ҷавоне, ки ба Абдуқодир Талбаков таҳдиди куштор кард, боздошт шуд
16:26 15.02.2022 (Навсозишуда: 14:10 21.02.2022) Ҳоло санҷиш дар ҷиҳати муайян намудани доираву алоқа ва даст доштани дастгиршуда бо дигар ҷиноятҳо идома дорад
ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Ҷавоне, ки Абдуқодир Талбаков, рӯзноманигор ва мудири Китобхонаи шаҳрии ба номи Лоҳутиро таҳдид ба куштан кард, боздошт шуд.
Абдуқодир Талбаков асри 14 феврал дар саҳифааш дар "Facebook" навишт, ки ҷавоне дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе ба вай ҳамла ва ӯро таҳдид ба куштан кардааст.
Ӯ аксҳои ҷавонро, ки аз пушт сабт шуда буд, нашр карда, аз мақомот хостааст, ки боздошташ кунанд.
Раёсати Вазорати корҳои дохила дар пойтахт мегӯяд, бо ирсоли кормандони ботаҷрибаи милитсияи шаҳри Душанбе ҷавон дар пайи муроҷиати шаҳварнд пас аз як соат боздошт шуд.
Ин ниҳод мегӯяд, боздоштшуда Исмоилов Туғён Фарруховичи 25-сола, истиқоматкунандаи ноҳияи Фархор, ҷамоати деҳоти Ғайрат, деҳаи Деҳқонобод буда, муваққатан дар ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе истиқомат мекардааст.
Бо назардошти ҳолати мазкур нисбати дастгиршуда Исмоилов Туғён Фаррухович, тибқи талаботи моддаи 460, Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ, парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, ӯ бо қарори суд ба муддати 15 шабонарӯз ба ҳабси маъмурӣ гирифта шудааст.
Айни ҳол санҷиш ҷиҳати муайян намудани доираву алоқа ва даст доштани дастгиршуда Исмоилов Туғён дар дигар ҷиноятҳо идома дорад.