Ҳизби либерал-демократии Русия: Ба овозаҳои дурӯғи марги Жириновский бовар накунед

© Sputnik / Евгений Одиноков / Гузариш ба медиабонкВстреча с депутатами ЛДПР в день годовщины Великой Октябрьской революции
Встреча с депутатами ЛДПР в день годовщины Великой Октябрьской революции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.02.2022
Обуна шудан
Роҳбарияти Ҳизби либерал-демократи Русия аз мардум даъват кардааст, ки ба хабарҳои дурӯғи марги Владимир Жириновский, роҳбари ин ҳизб бовар накунанд
ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Хабар дар бораи бад шудани вазъи саломатии Владимир Жириновский, ки дар бемористон бистарӣ шудааст, ҳақиқат надорад.
Дар ин бора муовини аввали раиси дастгоҳи марказии Ҳизби либерал-демократии Русия Сергей Каргинов хабар дод.

"Иғвоҳо, зангҳои телефонӣ аз тамоми кишвар дар бораи марги Владимир Жириновский буданд. Мо вазъиятро шарҳ додем, ки ин дурӯғ ва асос надорад”, - гуфт ӯ дар суҳбат бо хабаргузории РИА "Новости”.

Қаблан дар расонаҳо хабаре пайдо шуд, ки гӯё вазъи саломатии Владимир Жириновский роҳбари Ҳизби либерал-демократии Русия бад шудааст ва аллакай ӯ касеро намешиносад.
Руководитель фракции Либерально-демократическая партия России (ЛДПР) в Государственной Думе РФ Владимир Жириновский - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.02.2022
Жириновский чӣ ҳол дорад? Посухи Вазорати тандурустии Русия
Роҳбарияти ин ҳизб ин хабарро қатъиян рад кард.
Дар беморхона бистарӣ шудани Жириновский рӯзи 9 феврал маълум шуд.
Сиёсатмадор аз 2 феврал бо ташхиси COVID-19 дар бемористони марказии клиникӣ бистарӣ аст.
Рӯзи 10 феврал Ҳизби либерал-демократии Русия эълон кард, ки Жириновский ба зудӣ ба кори худ пурра бармегардад.
Лентаи хабарҳо
0