https://sputnik.tj/20220214/uzbekiston-omuzgoron-chorabiniho-man-1045840693.html
Вазорати маорифи Ӯзбекистон ҷалби иҷбории омӯзгоронро ба чорабиниҳо манъ кард
Вазорати маорифи Ӯзбекистон ҷалби иҷбории омӯзгоронро ба чорабиниҳо манъ кард
Sputnik Тоҷикистон
Ба чорабинихои "чавонони гайримуташаккил" чалб намудани коркунони маорифи халк ба чавобгарй кашидан мумкин аст.
2022-02-14T16:50+0500
2022-02-14T16:50+0500
2022-02-15T12:52+0500
маориф
ӯзбекистон
омӯзгор
осиёи марказӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/0d/1042802346_33:0:995:541_1920x0_80_0_0_c0fd3ece0b9f6495dc2d9da5346c6316.jpg
ДУШАНБЕ, 14 фев – Sputnik. Вазорати маорифи Ӯзбекистон дар шабакаи "Telegram"-и худ шикоятҳо дар бораи ҷалби омӯзгорон ба нишастҳои шомгоҳӣ баъд аз соати кориро шарҳ дод. Дар ин бора Sputnik Ӯзбекистон менависад.Ба гуфтаи вазорат, вақтҳои охир шикоятҳо зиёд шудаанд, ки омӯзгорони мактабҳо бегоҳӣ, баъд аз рӯзи корӣ маҷбуранд, дар нишастҳои фарҳангию маърифатӣ ширкат кунанд.Вазорат таъкид менамояд, ки мутобиқи фармони президент, ҷалби маҷбурии мудирияти мактабҳо, омӯзгорон ва хонандагон ба фаъолияте, ки ба кору таҳсили онҳо вобаста нест, манъ аст. Дар сурати вайрон кардани ин талаб роҳбарони ташкилотҳои давлатӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Ҳамчунин зарур аст, ки аз инфрасохтори мактабҳо (китобхонаҳо, толорҳои варзишӣ, синфҳои компютерӣ, толорҳои маҷлисӣ) оқилона истифода бурд, то мактабҳо ба “марказҳои маънавии ҷомеа” табдил шаванд, хотиррасон мекунад хадамоти матбуотӣ.
https://sputnik.tj/20220208/shahr-sughd-be-omuzgor-1045647411.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/0d/1042802346_153:0:874:541_1920x0_80_0_0_dceb477efa2869ed8836dc3172c788b2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷалби омӯзгорон, чорабиниҳо, манъ,
ҷалби омӯзгорон, чорабиниҳо, манъ,
Вазорати маорифи Ӯзбекистон ҷалби иҷбории омӯзгоронро ба чорабиниҳо манъ кард
16:50 14.02.2022 (Навсозишуда: 12:52 15.02.2022) Барои ҷалби кормандони соҳаи маориф ба нишастҳои шомгоҳӣ ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 14 фев – Sputnik. Вазорати маорифи Ӯзбекистон дар шабакаи "Telegram"-и худ шикоятҳо дар бораи ҷалби омӯзгорон ба нишастҳои шомгоҳӣ баъд аз соати кориро шарҳ дод.
Дар ин бора Sputnik Ӯзбекистон менависад.
Ба гуфтаи вазорат, вақтҳои охир шикоятҳо зиёд шудаанд, ки омӯзгорони мактабҳо бегоҳӣ, баъд аз рӯзи корӣ маҷбуранд, дар нишастҳои фарҳангию маърифатӣ ширкат кунанд.
"Ин чорабиниҳои беруназсинфӣ барои ҷавонони бесавод (18-30 сола) пешбинӣ шудаанд ва ташкили кардани ин гуна нишастҳо ба зиммаи Агентии кор бо ҷавонон, бахусус пешвоёни ҷавонони маҳаллӣ вогузор шудааст", - тавзеҳ медиҳад хадамоти матбуоти ин ниҳод.
Вазорат таъкид менамояд, ки мутобиқи фармони президент, ҷалби маҷбурии мудирияти мактабҳо, омӯзгорон ва хонандагон ба фаъолияте, ки ба кору таҳсили онҳо вобаста нест, манъ аст.
Дар сурати вайрон кардани ин талаб роҳбарони ташкилотҳои давлатӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Ҳамчунин зарур аст, ки аз инфрасохтори мактабҳо (китобхонаҳо, толорҳои варзишӣ, синфҳои компютерӣ, толорҳои маҷлисӣ) оқилона истифода бурд, то мактабҳо ба “марказҳои маънавии ҷомеа” табдил шаванд, хотиррасон мекунад хадамоти матбуотӣ.