Як шаҳри вилояти Суғд бе омӯзгор монд: сабаб

© PexelsШкольная доска
Школьная доска - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.02.2022
Обуна шудан
Дар яке аз шаҳрҳои Суғд дар мактабҳо кадрҳои омӯзгорӣ намерасанд
ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Дар мактабҳои шаҳри Конибодом омӯзгорон намерасанд.
Дар ин бора мудири шуъбаи маорифи шаҳр Бурҳониддини Ҷабборӣ дар нишасти матбуотӣ хабар дод.
Тибқи иттилои расмии дафтари матбуотии ҳукумати Конибодом, дар соли 2021 460 омӯзгор аз кор дар муассисаҳои таълимии ин шаҳр рафтаанд.
Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, ки сабаби аз кор рафтани 365 омӯзгор ба муҳоҷирати меҳнатӣ рӯ овардани онҳо аст.
Ба гуфтаи Ҷабборӣ, 95 муаллим бо сабаби вазъи саломатӣ ё дигар омилҳо аз кор рафтаанд.

"Бо вуҷуди рафтани омӯзгорон соли гузашта 351 омӯзгор ба кор гирифта шуданд", - гуфт Ҷабборӣ.

Аммо дар айни замон 69 омӯзгор дар макотиби ин шаҳр намерасад. Қаблан гуфта шуд, ки мақомоти Тоҷикистон қасд дорад, мушкилоти шуғли омӯзгорони ҷавон дар муассисаҳои таълимӣ ва дастгирии мутахассисони ҷавонро ҳал кунад.
Открытие средней школы №4 в селе Лохути Ховалинского района - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.02.2022
Дар минтақаҳо дастгирӣ нест: Имомзода норасоии омӯзгорон дар мактабҳоро шарҳ дод
Тибқи маълумоти Вазорати маориф, дар як соли охир донишкадаҳои махсусро қариб 16 ҳазор кас хатм кардааст.
Пизишкони тоҷик ба Русия мекӯчанд: сабаб
Аксарияти хатмкунандагон аз рӯи ихтисоси худ ба мактабҳо ба кор нарафтанд. Инчунин дақиқ карда шуд, ки нарасидани кадрҳо махсусан дар зинаи ибтидоии таҳсил эҳсос мешавад.
Лентаи хабарҳо
0