Шойгу ба Путин аз рафти тамринот ҳисобот дод

© Пресс-служба МИД РФ / Гузариш ба медиабонкМинистр обороны РФ Сергей Шойгу
Министр обороны РФ Сергей Шойгу  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.02.2022
Обуна шудан
Вазири дифои Русия дар назди президенти ин кишвар дар бораи тамринҳои муштарак гуфт
ДУШАНБЕ, 14 фев – Sputnik. Як қисми машқҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Русия ба зудӣ ба анҷом мерасад.
Дар ин бора вазири дифои Русия Сергей Шойгу рӯзи душанбе дар суҳбат бо президент Владимир Путин гуфт.
"Боз як бори дигар такрор кардан мехоҳам, ки машқҳо баргузор мешаванд, баъзеи онҳо ба анҷом расидаанд, баъзеи онҳо ба охир расида истодаанд, бо назардошти миқёси қарорҳои ба нақша гирифташуда, ки бо супориши шумо дар моҳи декабр оғоз гардидаанд", - гуфт ӯ дар мулоқот бо президенти Русия Владимир Путин.
Яке аз машқҳои асосии нерӯҳои мусаллаҳи ФР имрӯз машқҳои муштараки Беларусу Русия "Қарори иттифоқчиён-2022" мебошад.
Президент РФ В. Путин провел встречу с членами Деловой России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.02.2022
Путин тавсеаи НАТО ба Шарқро беохир ва хеле хатарнок хонд
Онҳо марҳалаи дуюми озмоиши қувваҳои реаксионии иттифоқ мебошанд, ки то 20 феврал давом мекунад.
Ҳадаф аз ин тарминот пешгирӣ аз таҷовузи беруна ва ҳамлаҳои террористӣ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки президенти Русия Владимир Путин ҳамчунин рӯзи душанбе бо вазири умури хориҷии Русия мулоқот карда, аз ӯ пешниҳод дар робита ба посухҳои Вашингтон ва Брюссел дар баробари гуфтаҳои Русияро талаб кард.
"Шумо бо ҳамкасбони дигар идораҳо ва вазоратхонаҳо низ ҳамкорӣ кардаед. Ва албатта, ман мехоҳам таҳлил ва пешниҳодҳои шуморо дар бораи вокуниш ба посухҳои аз Вашингтон ва Брюссел дарёфтшуда бишнавам", - гуфт президент.
Лентаи хабарҳо
0