https://sputnik.tj/20220214/roh-khorugh-ishkoshim-basta-1045834005.html
Роҳи Хоруғ-Ишкошим баста шуд: сабаб
Роҳи Хоруғ-Ишкошим баста шуд: сабаб
Sputnik Тоҷикистон
Дар ду мавзеи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тарма фаромада боиси баста шудани ҳаракати нақлиёт шуд
2022-02-14T14:33+0500
2022-02-14T14:33+0500
2022-02-14T14:33+0500
кҳф
дар тоҷикистон
тарма
вмкб
хоруғ
ишкошим
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/0f/1032454478_0:144:3129:1904_1920x0_80_0_0_38c54f0737d0a849ab9bd3e2c6666c1e.jpg
ДУШАНБЕ, 14 фев – Sputnik. Ду тарма дар роҳи Хоруғ - Ишкошим роҳи нақлиётро пурра баст.Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон хабар медиҳад.Тибқи маълумоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар ВМКБ ин ҳодиса рӯзи гузашта, 13-уми феврал соати 16:30 дақиқа рух додааст.Гуфта мешавад, ки дар километри 31-32 роҳи Хоруғ-Ишкошим дар мавзеъи Баржири ҷамоати деҳоти А.Замирови ноҳияи Ишкошим ва километрҳои 51-52 ум мавзеи Бижури Ҷамоати деҳоти Қозидеҳи ноҳияи Ишкошим тарма фаромада, роҳи нақлиётро пурра баст.Барои тоза намудани роҳ дар ноҳияи Ишкошим 1-адад техникаи муҳандисии булдозери ДТ-75 сафарбар гардида, шмгоҳ роҳи бастаи километрҳои 51-52 уми мавзеи Бижури Ҷамоати деҳоти Қозидеҳи ноҳияи Ишкошим ба пуррагӣ боз шудааст.Ҳамчунин дар километри 8-уми роҳи дорои аҳамияти маҳаллии Хоруғ-Ишкошим, мавзеъи Ниводаки шаҳри Хоруғ ва тахминан соатҳои 18:00 дақиқа дар километрҳои 30-уми деҳаи Нишуспи ҷамоати деҳоти Г.Шаҳбозов тарма фаромада, роҳро муваққатан бастааст.Бо ҷабли 1-адад техникаи муҳандисӣ боркунаки фронталӣ роҳ тоза карда шуда ва боз шудааст. Ҳоло равуои нақлиёт ба ду самт ба роҳ монда шудаву монеъае нест.Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз сокинон хоҳиш мекунад ҳангоми сафар бо роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёт бошанд. Кумита ҳушдор медиҳад, ки баъди боришоти рӯзҳои охир гармии ҳаво боис шудааст, ки хавфи лағзиши тармаву резиши санг бештар шавад. Ин ниҳод аз шаҳрвандони даъват мекунад, ки дар ин рӯзҳо аз сафарҳои бидуни зарурат худдорӣ кунанд.
https://sputnik.tj/20220214/havo-fevral-tojikiston-1045828000.html
вмкб
хоруғ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/0f/1032454478_199:0:2930:2048_1920x0_80_0_0_762a98b87be01fefe6742d2a72203f26.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тармафароӣ, вмкб, хабар
Роҳи Хоруғ-Ишкошим баста шуд: сабаб
Дар ду мавзеи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тарма фаромада боиси баста шудани ҳаракати нақлиёт шуд
ДУШАНБЕ, 14 фев – Sputnik. Ду тарма дар роҳи Хоруғ - Ишкошим роҳи нақлиётро пурра баст.
Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Тибқи маълумоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар ВМКБ ин ҳодиса рӯзи гузашта, 13-уми феврал соати 16:30 дақиқа рух додааст.
Гуфта мешавад, ки дар километри 31-32 роҳи Хоруғ-Ишкошим дар мавзеъи Баржири ҷамоати деҳоти А.Замирови ноҳияи Ишкошим ва километрҳои 51-52 ум мавзеи Бижури Ҷамоати деҳоти Қозидеҳи ноҳияи Ишкошим тарма фаромада, роҳи нақлиётро пурра баст.
Барои тоза намудани роҳ дар ноҳияи Ишкошим 1-адад техникаи муҳандисии булдозери ДТ-75 сафарбар гардида, шмгоҳ роҳи бастаи километрҳои 51-52 уми мавзеи Бижури Ҷамоати деҳоти Қозидеҳи ноҳияи Ишкошим ба пуррагӣ боз шудааст.
"Корҳои бартарафсозии паёмадҳои тарма дар километри 31-32 мавзеи Баржири Ҷамоати деҳоти А.Замирови ноҳияи Ишкошим идома дошта, айни ҳол роҳ баста мебошад", - омадааст дар хабарнома.
Ҳамчунин дар километри 8-уми роҳи дорои аҳамияти маҳаллии Хоруғ-Ишкошим, мавзеъи Ниводаки шаҳри Хоруғ ва тахминан соатҳои 18:00 дақиқа дар километрҳои 30-уми деҳаи Нишуспи ҷамоати деҳоти Г.Шаҳбозов тарма фаромада, роҳро муваққатан бастааст.
Бо ҷабли 1-адад техникаи муҳандисӣ боркунаки фронталӣ роҳ тоза карда шуда ва боз шудааст. Ҳоло равуои нақлиёт ба ду самт ба роҳ монда шудаву монеъае нест.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз сокинон хоҳиш мекунад ҳангоми сафар бо роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёт бошанд.
Кумита ҳушдор медиҳад, ки баъди боришоти рӯзҳои охир гармии ҳаво боис шудааст, ки хавфи лағзиши тармаву резиши санг бештар шавад.
Ин ниҳод аз шаҳрвандони даъват мекунад, ки дар ин рӯзҳо аз сафарҳои бидуни зарурат худдорӣ кунанд.